Моҳияти режими сиёсӣ

Дар илми ҳуқуқшиносӣ режими сиёсӣ ҳамчун маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои баамалбарории ҳокимияти давлатӣ баррасӣ карда мешавад. Дар илмҳои сиёсӣ бошад, мафҳуми режими сиёсӣ каме васеътар шарҳ дода шуда, на танҳо амалишавии ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад, балки як қатор муносибатҳоеро низ ифода менамояд, ки онҳо дар ҷомеа дар муносибат бо ҳокимияти сиёсӣ ба амал омадаанд. Чун намуна яке аз онҳоро ин ҷо метавонем нишон диҳем: «Режими сиёсӣ — ин муносибатҳои бонизоми унсурҳои системаи сиёсӣ ва инчунин маҷмӯи усулҳои амалигардонии ҳокимияти сиёсӣ ва ҳадафҳои сиёсӣ мебошад»[1].

Ғайр аз ин, оид ба шарҳи моҳияти режими сиёсӣ як қатор муносибатҳои илмие мавҷуданд, ки мувофиқи таълимоти онҳо режими сиёсӣ бо системаи сиёсӣ ҳамшабеҳ дониста мешавад. Як қатор олимони дигар мавҷудияти мафҳуми «режими сиёсӣ»-ро умуман инкор намуда, ақидаеро пеш мегузоранд, ки мувофиқи он системаи сиёсӣ дар ҷомеа маҷмӯи муносибатҳоеро, ки бо ҳокимияти сиёсӣ алоқамандӣ доранд, ифода менамояд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аз ин рӯ, дар чунин шароит муайян намудани мазмуни асосии режими сиёсӣ хеле мураккаб мебошад. Аммо ақидаи сиёсатшинос Ж.Л.Кирмон оид ба моҳияти режими сиёсӣ аз ҷониби муҳаққиқони зиёд пазируфта шудааст. Ба ақидаи ӯ, дар зери мафҳуми режими сиёсӣ маҷмӯи унсурҳои тартиботи идеологӣ, институтсионалӣ ва иҷтимоие фаҳмида мешавад, ки онҳо ташаккулёбии ҳокимияти сиёсиро дар мамлакат дар марҳилаи муайян таъмин менамоянд.

Инчунин, ақидаи дигаре низ мавҷуд аст, ки мувофиқи он режими сиёсӣ унсури функсионалии системаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки дар доираи ин ва ё он системаи сиёсӣ аз ҷониби субъектҳои сиёсат чӣ гуна муҳофизат шудани манфиатҳои онҳо, аз рӯйи кадом усулҳо амалӣ шудани вазифаҳои ҳокимият, воситаҳои таъсиррасон ба қарорҳои қабулшуда, амалишавии ҳукмронӣ, шаклҳои ба амал омадани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мушоҳида карда шаванд.

Ҳангоми чунин баррасӣ режими сиёсӣ дар худ усулҳо, воситаҳо ва самтҳои рушду инкишофи муносибатҳои сиёсиро дар бар мегирад. Чунин муносибат дар ҷомеаҳои муосир на танҳо меъёрҳои сиёсӣ, институтсионалӣ ва конститутсионию ҳуқуқӣ мебошанд, балки арзишҳои асосӣ ва идеяҳое маҳсуб меёбанд, ки самти рушду инкишофи системаи сиёсиро муайян менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, гуфтан мумкин аст, ки режими сиёсӣ ин воситаи амалинамоӣ ва алоқамандгардонии унсурҳои асосии системаи сиёсии ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, вобаста ба он ки унсурҳои асосии системаи сиёсӣ чӣ гуна дар алоқамандӣ қарор гирифтаанд, ташаккулёбии ин ва ё он шакли системаи сиёсиро мушоҳида намудан мумкин аст.

Режими сиёсӣ имкон медиҳад, ки на танҳо воситаҳои расмӣ, балки механизмҳои ғайрирасмии баамалбарории ҳокимият ошкор карда шаванд. Инчунин, ба воситаи режими сиёсӣ ҳолатҳоеро, ки бо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон алоқамандӣ доранд, муайян намудан мумкин аст. Ғайр аз ин, режими сиёсӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳо миёни ҷомеа ва ҳокимият ба таври воқеӣ баҳогузорӣ карда шуда, имкониятҳои таъсиррасонӣ ба раванди қабули қарори сиёсӣ равшан карда шаванд. Дар дараҷаи мураккаб низ ба воситаи режими сиёсӣ на танҳо усулҳои меъёрӣ, балки воситаҳо ва методҳои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ низ ошкор карда мешаванд.


Калидвожаҳо: Мохияти режими сиёси.


[1] Политология. Под. ред. проф. М.А.Василика. – М., 1999. – С.231.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама