Тавсифи фанни назарияи иқтисод, нигаҳ аз диди таърих ва имрӯз

Илми иқтисод, алалхусус назарияи иқтисод дар ҷараёни эҳё, инкишоф ва таҳаввули худ, давраву зинаҳои тулонии таърихро аз сар гузаронидааст. Падидаҳову андешаҳои нахустини он (ниг. мав. 1) ҳанӯз дар асрҳои IX-X пеш аз солшумории мо, аз ҷониби мутафаккирони мамоликҳои Бостони Юнон, Чин, Ҳинд, Рим, Шарқ, оиди тарзу услуб ва қоидаву қонунҳои гуногуни хонадорию хоҷагидорӣ мавриди баҳсу мунозира қарор доштанд.

Назарияи иқтисод (иқтисоди сиёсӣ), таърихан ҳамчун илм дар хусуси таҳлил ва таҳқиқи қонунҳову қонуниятҳо, бунёду инкишоф, ташаккули ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва давраву марҳалаҳои рушди ҷомеаи инсонӣ густариш ёфтааст.

Дар ҷаҳони муосир, тадқиқи равандҳои иқтисодӣ ҳамчун ҷараёни ҳамаҷонибаю бисёрҷанбаи мухталифи замони гузашта ва ҳозира тасвир ба қалам дода мешавад. Баъзеҳо онро аз нигаҳи таҳаввулоти муттамадин, назарияи даврагии рушди иқтисод, дигарон аз диди назарияи форматсионию таърихӣ қадр ва эҳсос мекунанд.[1]

Новобаста аз он, ки ақида ва назароти иқтисодӣ дар шакли ҳикмат ва андешаҳои иқтисодӣ садсолаҳо қабл аз ин пайдо шуда буданд, илми иқтисод дар шакли том, ҳанӯз ба низом даромада набуд. Тасвир ва тафсири он тасодуфан, тибқи эҳсос аз ҷониби мутафаккирони касбу ҳунарҳои гуногун, дар доираи маҳдуди ҷаҳонбиниву дарки ҳодисаҳои табииву ҷомеавӣ сурат мегирифт.

Аз ин ҷиҳат назарияҳои гуногуну мухталифро дучор омадан мумкин аст, ки ҳар яке аз онҳо дорои мазмун ва мундариҷаи муайяне буда, ҷанбаи хоса ва равиши оқилонаю афзунгардонии сарватро ифода мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бояд махсус қайд намуд, ки дар баррасии ақоидоти иқтисодчиён – аз зеҳниёни Бостонӣ то кунун – меҳвари асосӣ: таҳлили оқилонаи хоҷагидорӣ ва афзунгардонии боигарии ҷомеа боқӣ мемонад.

Ин ақоид дар асари “истеҳком”-и Ксенофонт  бештар ба назар мерасад. Ксенофонт ба ҳайси объекти фанни “Назарияи иқтисод” (иқтисоди сиёсӣ) – омӯзиши тарзу услуби хонадорию хоҷагидорӣ, қонуниятҳои ташаккул ва афзунгардонии самараи онро пешбарӣ менамояд.

Аристотел бошад. предмети таҳлил ва тадқиқи худро дар истеъдод, маҳорат оиди афзунгардонии сарвату давлат, алалхусус дороию пул мебинад.

Дар адабиёти иқтисодӣ эътироф шуда аст, ки сарнахуст тавзеҳи мафҳуми иқтисоди сиёсӣ (назарияи иқтисодӣ) аз ҷониби олими Франсуз-Антуан Монкретьен дар санаи 1615 бо пуррагӣ дар “Рисола дар бораи иқтисоди сиёсӣ” таълиф шудааст. Аз ин рӯ назарияи иқтисодӣ ба тартиб ва низоми муайян даромада, ҳамчун илм оиди қонуну қонуниятҳои ташаккули фаъолияти хоҷагидори эътироф карда мешавад. А. Монкретьен предмети иқтисоди сиёсиро дар омӯзиш ва дарки хоҷагиҳои давлатӣ, ки монархияи мутлақ фаъолияти онҳоро танзим ва идора мекунад тасаввур менамояд. Маҳз бо ташаббуси А. Монкретьен хоҷагидорӣ ба ду қисмат ҷудо мешавад:

  1. Илм оиди хонадори ва хоҷагидорӣ;
  2. Хоҷагидории давлатӣ, ё худ иқтисоди сиёсӣ.

Дар ин давра, гарчанде назарияи иқтисод, мансуб ба шаклу намуд, равия ва рукни муайян набошад ҳам, он ҳанӯз, комил набуд ва ҳамчун илм арзи вуҷуд надошт. Он фақат дар бораи сохти давлатдори оиди масъалаҳои тиҷорат, мубодилаю сарват, молу мулк, бозор, қонуну қонунгузориҳои давлатӣ дар хусуси хоҷагидори ва ғайра баҳс менамуд.

Назарияи иқтисод ҳамчун илм дар ибтидои асри ХVII ба вуқӯъ пайваста  аст. Намояндагони нахустини он меркантилистон буданд. Азбаски онҳо масъалаи мубодилаю тиҷоратро нисбатан афзал медонистанд, фанни назарияи иқтисодиро низ дар муносибатҳои мубодилавӣ тиҷорат, тиҷорати бурунмарзӣ, пул, сарват,тиллову нуқра ва ғайра тасаввур мекарданд (намоёнтарини онҳо: Томас Ман – Англия; Жан Батист Кольбер – Франсия; Ордин-Накошин – Руссия ба шумор мераванд).

Намояндагони мактаби физиократҳо (махсусан, Франсуа Кенэ, Анн Тюрго…) объекти таҳлили фанни назарияи иқтисодиро – сарвати миллӣ қарор дода, онро аз соҳаи мубодила ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд. Ин ақидаи онҳо нисбат ба замони худ қадаме пеш буд. Вале сарчашмаи ташаккули “сарватро” танҳо дар соҳаи кишоварз медиданд. Фақат меҳнати деҳқон – меҳнати маҳсулнок дониста мешуд. Ин ақида минбаъд аз тарафи равияҳову намояндагони мактабҳои ҷадид ҷонибдорӣ карда шудаанд. Тибқи ақоидоти онҳо предмети омӯзиши назарияи иқтисод – қонунҳои тағйирнопазир, мутлақу умумитарини аз боло таъин шуда мебошад. Ҳокимияти давлатӣ ҳамчун инъикоси қонунҳои табиат буда, дарку омӯзиши охирон, мустақиман аз ҷониби “иқтисоди сиёси” ба роҳ монда мешавад.

Ғояҳои муҳимтарини назарияи иқтисодӣ дар асарҳои классикони англис А. Смит, Д.Рикардо идома меёбад. Онҳо объекти омӯзиши иқтисоди сиёсиро аз соҳаи мубодила ба соҳаи истеҳсолот гузаронида исбот намуданд, ки манбаи “сарвати мардум” маҳз истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. Назарияи илмии арзишии меҳнатро ба вуҷуд оварда, дар ин асос нишон доданд, ки меҳнат ҳамчун андозаи (ченаки) молҳо мебошад.

Мувофиқи ақидаи онҳо сарчашмаи даромади аҳолӣ – сармоядорон, коргарон, соҳибони бонк, заминдорон, савдогарон ва ғайра як чиз нест. Ин даромад таҳти “дастҳои ноаён” (қонунҳои иқтисодӣ) бо тарзи табиӣ ташкил ва тақсим мегардад. Ҳастии ҷомеаро “инсони иқтисодӣ” муайян мекунад, ки дар асоси меҳвари манфиати шахсӣ (хусусӣ) сурат мегирад.

А. Смит предмети иқтисоди сиёсиро дар андӯхти сарвати миллӣ, таркиби он ва қонунҳои амали бозори рақобатӣ комил мебинад.

Мувофиқи ақидаи у дахолати давлат ба равандҳои иқтисод ҳатмӣ нест ва он тибқи зарурат бо таври ақал (минимум) бояд сурат гирад: худтанзимшавии бозор дар асоси нархҳои озод, таҳти такозою арза, рақобат, яъне “дастони ноаён” ба амал бароварда мешавад.

Ҳастии ҷомеаро инсони иқтисодӣ муайян мекунад, ки дар асоси манфиати хусусӣ сурат мегирад.

Хизмати шоёни А.Смит дар он аст, ки вай “иқтисоди сиёсиро” аз ду ҷанбаъ – “иқтисоди исботӣ” (позитивӣ) ва “иқтисоди меъёрӣ” (нормативӣ) мавриди таҳлил қарор додааст.

К. Маркс ба ҳайси фанни назарияи иқтисодӣ муносибатҳои истеҳсоли(иқтисоди)-ро пешниҳод намудааст.

Бо ибораи К. Маркс истилоҳотҳои гуногуне, ки олимони давраи гузашта оиди фанни “иқтисод” истифода намудаанд (истеҳсол, тақсим, мубодила, сарват, талабот, захираҳои комёб, идораи давлат, хонадорию хоҷагидорӣ…)- дар асл онҳо унсурҳои таркибии муносибатҳои истеҳсолӣ мебошанд. Ин ақоидот дар китоби нахустини он «Сармоя (Капитал)» мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтааст.

К. Маркс предмети тадқиқоти худро дар таҳлили “тарзи сармоядории истеҳсолот”, муносибатҳо оиди истеҳсолу муомилот ва кашфи қонунҳову қонуниятҳои инкишофу таҳаввули онҳо тасаввур мекунад.

Мувофиқи ақидаи К. Маркс мояи асосии капитализмро истисмор ва азхудкунии арзиши изофа ташкил мекунад. Охирон сарчашмаи сарват ва дороии сарватмандон мебошад. Он ба таф-риқашавии табақаҳои аҳолӣ – сармоядорон, заминдорони калон, банкирҳо ва бенавоёну қашшоқон (люмпен-пролетариат) ва дигарҳо мусоидат мекунад. Бозор воситаи муҳимтарини андӯхти сармоя буда, он бо мурури тезу тунд шудани зиддият ва заволи капитализму механизми бозор ба ҳалокат мерасад (10, 6-7).

Бояд иқрор шуд, ки муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун предмети илми “иқтисоди сиёсӣ” тӯли зиёда аз 70-сол дар ҷаҳони сотсиализм мавқеи “монополӣ” (ҳалкунанда) дошт. Он ҳамчун мояи асосии истеҳсолот, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, маданият ва ғайра самтҳои рушду нумӯъи ҷомеаро муайян менамуд.

Кунун, илми иқтисод ҳамчун самт ва рукну равияҳои мухталифи мактабҳои мустақил оиди омӯзиш ва дарки ҳаёти бисёр-ҷабҳаи ҷомеа нигаронида шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар мояи хосаву ҷадиди фанҳои муосир, мушахассан қарор доранд.

Новобаста аз равияву рукнҳои гуногун ва мактабҳои иқти-содии пасгузаштаву замони ҳозира, масъалаи марказиву муҳим-тарини фанни “Назарияи иқтисод”- таҳлили қонуну қонуният-ҳои умумитарини эҳё ва ташаккули механизми иқтисоди бозорӣ, ҳамчун таҳкурсии хоҷагидории босамару оқилонаи иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад.

Аз ҳамин нуқтаи назар таъкид карда мешавад, ки “назарияи иқтисод” бояд қонунҳои бо таври оқилона пеш бурдани хоҷагиро аз ҷониби субъектҳои хоҷагӣ (дар сатҳу дараҷаи гуногун ва давраҳои гуногуни таърихӣ) омӯзад (10, 9-10). Назарияи иқтисод дар навбати аввал ба омӯзиши фаъолияти иқтисодӣ, (хоҷагидорӣ) алалхусус “намояндагони (агентҳои) иқтисодӣ” нигаронида шавад (18, 5-6; 60, 28-30).

Аксари олимони Ғарб чорчӯбаи предмети назарияи иқтисод дар таҳлили захираҳои маҳдуди ҷомеа, ниёзҳои номаҳдуди мардум ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои (беохири) онҳо медонанд. (Н. Самуэльсон, К. Макконнелл, Сакс, В. Леонтьев…).

Бештаре аз онҳо объекти таҳлили фаннро дар таъмин намудани фоида бо таври аксар (максимум) ва ба ҳадди ақал (минимум) расонидани масрифот, рушди иқтисод ва дар ин асос қонеъ гардондани талаботи афзояндаи мардум тасаввур мекунанд.

А.И. Добринин ва дигарҳо объекти омӯзиши назарияи умумии иқтисодро дар таҳлили алоқамандии механизми бозор бо қисматҳо ва унсурҳои алоҳидаи он – рақобати комилу нокомил, сатҳи монополикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ, тарз ва услуби рақобати нархию бидуни нархӣ ва ғайра тасаввур мекунанд (10,9-10). Аз ин лиҳоз, омӯзиши фанни назарияи иқтисодро дар сатҳҳои гуногун (микроиқтисод, мезииқтисод, макроиқтисод, мегаиқтисод) пешбари менамоянд. Вобаста ба ин объект вазифа ва мақсади назарияи иқтисодиро дар алоҳидагӣ тасаввур мекунанд. Новобаста ба сатҳ ва дараҷаи таҳлил, назарияи иқтисод ба мақсади дарк ва истифодаи қонун ва қонуниятҳои ташаккули хоҷагидорӣ, роҳҳои босамар ва истифода кардани онҳо, таҳлили ҳулку атвор ва сирати субъектҳои (агентҳои) хоҷагидор, дар зинаҳои гуногуни таърихӣ нигаронида мешавад.

Дар сатҳ ва доираи микроиқтисод  муносибатҳо оиди тарзу услуби ташкили фаъолияти истеҳсолии фирма, ҳулқу атвори онҳо ҳамчун намояндаи (агенти, субъекти) иқтисодӣ (коргарон, хизматчиён, муҳандисон, менеҷерон, бонкирон, соҳибони ҳавлию хона, фермерҳо, соҳибкорону тадбиркорон, бизнесменон, тоҷирон ва ғайра) оиди тарз ва услуби ташкили хоҷагидорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ, ичтимоӣ, бурунмарзӣ, молиявию қарзӣ ва ғайра ифода мекунад.

Бо ибораи дигар, объекти дарк ва омӯзиши муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисод, ҳамчун фишурдаи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ оид ба истифодаи захираҳои иқтисо-дии маҳдуд ташкил ёфта, барои ҳалли масоили: чӣ бояд истеҳсол кард? чӣ қадар истеҳсол кард?, барои ки истеҳсол кард? нигаронида мешавад. Дар амалияи хоҷагидорӣ он ҳамчун иқтисодиёти корхона (саноат, нақлиёт, алоқа, савдо) баромад мекунад.

Мезоиқтисод ҳамчун иқтисодиёти алоҳидаву мустақили соҳаҳои хоҷагии халқ: комплексҳои истеҳсолӣ, комплексҳои кишоварзию саноатӣ, сохтмон, саноатию ҳарбӣ, иқтисодиёти ноҳия ё ҳавзаҳои алоҳидаи маъмурии хоҷагии халқ – минтақаҳои озоди иқтисодӣ,  штатҳо, гудернат ташкил карда мешавад.

Фаъолият, мақсад ва объекти амали онҳо ба монанди ҳавзаи микроиқтисод сурат мегирад. Дар амал он ҳамчун иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, комплексҳои ҷудогона, (ҳарбӣ), ноҳия ва ғайра сурат мегирад.

Макроиқтисод – таҳлил ва тадқиқотҳои муносибатҳои (агентҳои) иқтисодиро бештар дар сатҳи болоии ҷомеа дар бар мегирад. Он ҳамчун кулли муносибатҳои иқтисодӣ (микроиқ-тисод, мезоиқтисод) дар доираи давлати миллӣ оиди ташаккули маҳсулоту даромади миллӣ, мувозинатии макроиқтисодӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ, суръату афзоиши рушди иқтисодӣ, таваррум (инфлятсия), шуғли аҳолӣ, сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати иҷтимоӣ, хазинадорӣ ва ғайра густариш меёбад.

Мегаиқтисод – ҳамчун иқтисодиёти ҷаҳон кулли муносибатҳои иқтисодӣ, алоқаҳои дохиливу бурунмарзии давлатҳои алоҳидаро оиди ташаккул ва истифодаи қонуниятҳои иқтисодӣ ва фаъолияту амалиёти иқтисодиёти халқҳои ҷаҳон дар якҷоягӣ ифода мекунад.

Аз таҳлил ва мушоҳидаи таърихи афкори иқтисодӣ, марҳа-лаҳои инкишофу рушди онҳо, рукну равия ва ташаккули назарияи иқтисодӣ хулоса бар меояд, ки он дар давоми садсолаҳо эҳё ва инкишоф ёфта, мувофиқан, маънидод ва номгузориҳои зиёдеро ба монанди «иқтисоди сиёсӣ”, “экономикс”, “назарияи иқти-содӣ”, ё худ “назарияи умуми иқтисодӣ”, алалхусус, “микро-, ме-зо-, макро-, мегаиқтисодро” аз сар гузаронидааст. Онҳо гарчанде бо ном дигар бошанд ҳам мазмунан як раванд – муноси-батҳоро оиди тарз ва услуби хонадорию хоҷагидорӣ ифода мекунанд. Аз ин ҷиҳат “экономикс” ва “иқтисоди сиёсӣ” дар адабиётҳои англисию амрикоӣ дар як мазмун фаҳмида мешавад.

Новобаста ба серпаҳлӯгӣ ва гуногунравишии илми иқтисод, дар мактабҳои олии Ғарб, асосан фанни “Экономикс” таълим дода мешавад.

Он сарнахуст аз ҷониби А. Маршалл ва сониян П. Самуэльсон, Макконнелл К.Р., Брю С.Я. ва дигарон чандин маротиба аз нав чоп шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Қисме аз онҳо бо ҷадвалу намудорҳо (графикҳо), ҳисобу китобҳои риёзию оморӣ фавқул фаровон карда шудаанд.

Бояд иқрор шуд, ки “Экономикс” на танҳо илми таълимӣ буда, масоилҳои назарияи иқтисодиро дар бар мегирад, балки он барои дигар илмҳо низ ҳамчун роҳбаланд роҳнамоӣ мекунад ва аз ин ҳолат чунин шаклҳои онро номбар кардан мумкин аст:

  1. Илм дар бораи ташаккул ва густариши иқтисоди бозорӣ дар сатҳи “микро”-, “мезо” ва мегаиқтисод;
  2. Илмест, ки на ба назария (иқтисоди сиёсии марксисти), балки бештар ба фаъолияти амалии хоҷагидори диққат медиҳад ва онро тибқи тақозои замона ба роҳ мемонад;
  3. Силсилаи фаннҳои таълимиест, ик дар мамлакатҳои Ғарб ва Америка аз он таълим дода мешавад. Ба он на фақат “назарияи иқтисодӣ”, балки дигар фаннҳои умумииқтисодӣ (таърихи иқтисодӣ, таърихи афкори иқтисодӣ), фаннҳои тахассуси иқти-содӣ ва курсҳои махсусу маҳдуд оиди масоилҳои умдаи иқтисод низ дохил карда мешаванд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки назарияи иқтисод вазифа ва мақсади ягонаи худро танҳо дар амиқ (чуқур) ва мушаххас ҳаллу фасл ва дарк кардани зинаҳои номбаршуда намебинад. Он мутлақо илми ҳамаро фарогиранда ва ҳамадон нест. Он ҳалли масъалаҳои умдаи олами иқтисодро низ ба души худ надорад. Ин вазифа, аз рӯи адолат таносубан ба зиммаи илмҳои гуногуну мушаххаси иқтисодиву умумииқтисодӣ гузошта мешавад.

Тибқи ақидаи мо, назарияи иқтисод предмети худро на танҳо дар муайян кардани моҳияти воқеию аслии ҳодиса ва сирати айнии он, балки робитаи доимию устувори байни онҳо, эҳё, ташаккул ва таҳаввули онҳо дар зинаҳои гуногуни низомҳои пастгузаштаву замони ҳозира оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисоди, тарзу услуби оқилонаи хоҷагидори ва қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷи мардум тасаввур мекунад. Аз ин лиҳоз назарияи иқтисод “миллат” надорад. Барои он ҳадду ҳудуди байни “микро”-, макро”-, “мегаиқтисод” ва нархҳои мухталиф низ вуҷуд надоранд. Он ҳамчун фанни “универсалию” назариявӣ баҳри ривоҷу равнақ ва баҳрабардорию рифоҳи аҳли башар хизмат мекунад. Аз ин лиҳоз назарияи иқтисодӣ ҳамчун илми яккаву ягонаи умуминазариявӣ – чорчӯбаи методологии илмҳои умдаи иқтисод боқӣ мемонад.

Натиҷа ва маҳсули таҳлилу тадқиқотҳои назарияи иқтисодӣ, мустақиман аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ, алалхусус, давлат ҳангоми муайян кардани тадбирҳо оиди танзими ҳавзаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳо ҳамчун сиёсати иқтисодӣ истифода карда мешавад.

Назарияи иқтисодӣ самту равиш  ва шоҳроҳи асосии сиёсати иқтисодро чӣ барои давраи ҷорӣ ва чӣ давраи оянда, муайян мекунад. Дар асоси тактика ва стратегияи иқтисодӣ таҳлили барномаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли масоилҳои дохилию бурунмарзӣ, танзими муносибатҳои молиявӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.


Тавсифи фанни назарияи иктисод, нигах аз диди таърих ва имруз, Мезоиктисод, Макроиктисод, Мегаиктисод

[1] Дайджест. эконом. теории. – С.14.

ҚаблӣРукнҳои асосии таълимот ва равияву мактабҳои иқтисодӣ
БаъдӣМетодология ва усулҳои тадқиқоти иқтисодӣ