Таъсири машруботи спиртдор ба системаи асаб ва кирдори одам. Майпарастӣ ва ҷамъият

Машруботи спиртдор аз меъда ба хун баъди ду дақиқа дохил мешавад. Хун онро ба тамоми ҳуҷайраҳои организм паҳн мекунад. Пеш аз ҳама ҳуҷайраҳои нимкураҳои калони мағзи сар зарар мебинанд. Фаъолияти рефлекси шартии одам бадтар шуда, ҳаракатҳои мураккаб суст ташаккул меёбанд ва дар системаи марказии асаб таносуби равандҳои ангезиш ва боздорӣ тағйир меёбанд. Аз таъсири машруботи спиртдор ҳаракати ихтиёрии одам халалдор шуда, ӯ худро идора карда наметавонад.

Ба ҳуҷайраҳо ва қисмҳои пешонии қишри майна дохил шудани машруботи спиртдор эҳсосоти одамро «аз асорат» халос карда, шодмонии беасос, хандаҳои аблаҳона, ақидаҳои рӯякӣ зоҳир мегарданд. Баъди дар қишри нимкураи калони мағзи сар шиддат ёфтани ангезиш ҷараёнҳои боздорӣ якбора суст мешаванд. Қишри мағзи сар дигар кори қисми поёнии мағзро назорат намекунад. Одам худдорӣ карда наметавонад, бешарм мешавад, ҳамон чизро мегӯяд ва мекунад, ки дар ҳушёриаш намегуфт ва намекард. Ҳар як ҷуръаи машруботи спиртдор фаъолияти қисмҳои поёнии мағзи сар ва бештар аз ҳама маркази олии асабро суст мекунад. Аз ҷумла, тарзи ҳаракат, ҳаракати чашм вайрон мешавад (ашё дутоӣ менамояд), одам калавидаю лаванд роҳ мегардад ва забонаш мегирад. Ҳатто ҳангоми як маротиба тасодуфан истеъмол кардани машруботи спиртдор вайроншавии системаи кори асаб ва узвҳои дарунӣ мушоҳида карда мешавад.

Маълум аст, ки вайрон шудани кори системаи асаб бевосита ба ҷамъшавии машруботи спиртдор дар хуни одам вобаста аст. Вақте ки дар хун миқдори машруботи спиртдор ба 0,04-0,05 фоиз расид, қишри мағзи сар аз кор баромада, одам худашро идора карда наметавонад ва қобилияти оқилона мулоҳиза карданро гум мекунад.

Ҳангоми дар хун ҷамъ шудани 0,01 фоиз машруботи спиртдор қисми амиқтари мағзи сар, ки ҳаракатро назорат мекунад, осеб мебинад. Одам калавида роҳ мегардад, бесабаб хушҳол, хурсанд ва серташвиш мешавад. Вале машруботи спиртдор метавонад 15 фоиз одамонеро, ки онро истеъмол мекунанд, маъюс ва хоболуд кунад. Ба ҳадди дар хун зиёд шудани машруботи спиртдор қобилияти сомеа ва босираи одам суст шуда, суръати реаксияи ҳаракат заиф мегардад.

Дар хун ҷамъ шудани 0,2 фоиз машруботи спиртдор ба майна, ки рафтори пурэҳсоси одамро назорат мекунад, таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат хислатҳои бади одам якбора рӯ зада, дар ӯ рафтори хашмгинона пайдо мешавад.

Ҳангоми дар хун пайдо шудани 0,3 фоиз машруботи спиртдор одам ҳушёр бошад ҳам чизи дидаю шунидаашро намефаҳмад. Чунин ҳолатро карахтии майзадагӣ меноманд.

Дар хун мавҷуд будани 0,4 фоиз машруботи спиртдор одамро беҳуш мекунад. Одами маст мехобад, бетартиб нафас мегирад, беихтиёр пешоб мекунад ва чизеро ҳис намекунад.

Дар хун то 0,6-0,7 фоиз ҷамъ шудани машруботи спиртдор мумкин аст ҳалокатовар бошад.

Дар натиҷаи мунтазам истеъмол кардани машруботи спиртдор аксаран бемории боздоштнашавандаи майпарастӣ – майзадагӣ авҷ мегирад.

Майзадагӣ одат нест, балки беморӣ мебошад. Одамро шуур идора мекунад ва аз он халос шудан мумкин аст. Вақте организм бо шароб заҳролуд шуд, дар одам майли майпарастӣ бештар шуда он ба маризии музмин табдил меёбад. Қариб 10 фоизи истеъмолкунандагони машруботи спиртдор майзада мешаванд. Майзадагӣ бемориест, ки боиси тағйироти фикрӣ ва ҷисмонии организм мегардад.

Заҳролудшавӣ аз майзадагӣ ба се марҳала ҷудо мешаванд. Якум, марҳалаи ибтидоӣ ва сабук, ки аллакай бо асорати майпарастӣ, вайроншавии кори системаи марказии асаб ва узвҳои дарунӣ муайян карда мешавад. Вале дар ин марҳала дар организм ҳанӯз тағйироти ислоҳнопазир вуҷуд надорад.

Дар марҳалаи дуюм дар баробари дилбастагии зиёд ба машрубот хеле вайрон шудани кори узвҳои дарунӣ, парешонхотирӣ ва пастравии шахсияти одам мушоҳида карда мешавад. Дар оила ва кор ихтилофот ба вуҷуд меоянд.

Марҳалаи сеюм вазнин аст ва дар он муқовимати ҳуҷайраҳои асаби мағзи сар ба машруботи спиртдор суст шуда, ҳисси одатии майпарастӣ пурзӯр мегардад. Дар беморон бемориҳои рӯҳии майзадагӣ вусъат меёбанд, ки онҳо боиси иллатнокии дахлнопазири ҳуҷайраҳои системаи марказии асаб мегарданд.

Машруботи спиртдор ба организм дохил шуда, ҳамоно аз бадан хориҷ нашуда, дар муддати 1-2 шабонарӯз зараррасонии худро давом медиҳад. Бинобар ин, одаме, ки ҳар рӯз нимлитрӣ май ё пиво менӯшад, аз ҳолати заҳролудшавии май халосӣ надорад. Пиво дар таркиби худ ғайр аз май боз бисёр карбогидрат дорад, ки дар организм зуд ба чарб табдил меёбад. Аз ин рӯ, фарбеҳии одамоне, ки бисёр пиво истеъмол мекунанд, балки аломати солимӣ набуда, балки нишонаи вайроншавии мубодилаи моддаҳост.

Ҳамин тавр, мафҳуми безарарии машруботи спиртдор вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад!

Майпарастӣ ва ҷамъият

Машруботи спиртдор на танҳо майпарастро атрофиёнро ҳам «нобуд» месозад. Аксар мардон ё занҳои майпараст барои қонеъ гардонидани талаботи худ вазифаи корӣ, дӯстон, оила, фарзандонашонро сарфи назар мекунанд. Ҳирси майпарастӣ боиси содиршавии ҷиноятҳои гуногун мегардад. Маълум аст, ки 50 фоизи ҷиноятҳо ба майнӯшӣ вобастаанд.

Тадқиқоти бемориҳои асаби бачаҳо нишон дод, ки аксаран сабаби бемориҳои онҳо майпарастии падару модар будааст. Меъёри камтарини машрубот ҳам боиси ногуворӣ ва бадбахтиҳои зиёд: ҷароҳат, ҳалокат, садамаи нақлиёт, корношоямӣ, хонавайронӣ, маҳрумият аз талаботи маънавӣ ва сифатҳои иродавии инсон шуда метавонад.


Мавзӯи пурра: Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он

ҚаблӣГигиенаи системаи асаб
БаъдӣНашъамандӣ ва оқибатҳои он

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед