Ҳикматҳои Конфутсий

Ҳикматҳои Конфутсий. Хикматхои Конфутсий.


Конфутсий соли 551 пеш аз милод дар шаҳри Ҷурчаи музофоти Шандун ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаб тамоми илмҳои замони худро омӯхта, дар 17-солагӣ ба хизмат омода мешавад. Конфутсий аввал анбордор буд. Ҳокими вилоят ба ӯ мансаби калонтар ҳам дод. Дар 22-солагӣ Конфутсий ба омӯзгорӣ машғул шуд ва дар синни 50-солагиаш ба мансаби вазирӣ расид.

Конфутсий дину ахлоқ ва қонунҳои давлатиро хуб омӯхт. Дар назди мардум дар бораи илмҳои мазкур суҳбатҳо мекард.

Конфутсий чандин асари гаронбаҳоро ба мерос гузоштааст, аз он ҷумла «Чизин» (дар бораи муомила ва қонунҳо), «Шутзин» (дap бораи таърих), «Шитзин» (дар бораи урфу одат ва ахлоқ) ва «Чжуансзӣ» (дар бораи воқеаҳои таърихие, ки аз соли 723 пеш аз милод то замони Конфутсий рӯй додаанд). Ин асарҳои илмӣ ба дин сахт алоқаманданд. Конфутсий дар яке аз онҳо менависад: «Худованд бузургтарин фармондеҳи олам аст. Ӯ заминро аз модда офарида, дар осмон ситорагон ва барои ситорагон мадор офаридааст. Ситорагон бо хости Худо дар мадори худ сайр мекунанд. Худованд ба инсон фазилати бузурге бахшидааст, ӯ гули сари сабади тамоми олам буда, ҷовидону абадист. Худованд инсонро ба сӯйи камолот ҳидоят ва роҳбарӣ мекунад. Император писари Осмон ва ягона намояндаи Парвардигор аст, инсонҳо бояд ба ӯ итоат кунанд, император бошад, ба Парвардигор. Бояд император императорӣ кунад, раият – итоат, шавҳар – шавҳарӣ, зан-шавҳардорӣ, падар – падарӣ кунад, писар – фарзандӣ».

Ҳикматҳои Конфутсиӣ ниҳоят бисёранд. Ӯ дар синни 72-солагӣ аз дунё гузаштааст.


ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ

Агар мардум маро нашиносанд, боке нест, ман аз он бимнокам, ки ман мардумро нашиносам.

Ба ҷойи ин ки торикиро лаънату нафрин кунед, шамъ равшан намоед!

Фақат касоне тағйирнопазиранд, ки хеле аҳмақ ва хеле хирадманданд.

Бод ба ҳар сӯ вазад, алафҳо низ ба ҳамон сӯ хам мегарданд.

Агар бо душман меҳрубонӣ кунӣ, пас бо дӯст чӣ бояд кард? Ба душман адолат кун ва ба дӯст – меҳрубонӣ.

Он чӣ бар худ намеписандӣ, бар дигарон низ маписанд!

Вазифаро вазифа бидон, на василаи касби рӯзӣ.

Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд, на ба хотири рутба ва мақом.

Некон дар пайи иҷрои адолат ҳастанд ва бадон дар талаби ҳусну шуҳрат.

Касе, ки натавонад дар азми худ собитқадам бошад, чун киштии беқутбнамое дар миёни амвоҷ саргардон хоҳад монд.

Ашхоси бузург сифати худро дар вуҷуди худ ҷустуҷӯ мекунанд ва ашхоси кӯчак – дар вуҷуди дигарон.

Фарҳанги Чини Қадим

ҚаблӣФарҳанги Чини Қадим
БаъдӣҲикматҳои Маотсӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед