Пешгӯикуниҳои иҷтимоӣ, ояндабинӣ

Барои тадқиқи ояндаи имконпазир захираи васеи усулҳои илмӣ, воситаҳои мантиқию техникии маърифат истифода бурда мешавад. Футурологи устришӣ Эрих Янг теъдоди ин захираҳоро дар ҳудуди 200 номгӯй ҳисоб кардааст, вале дар асл усулҳои ояндабинии иҷтимоӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: экстраполятсия, аналогияи таърихӣ, моделсозии компютарӣ, пешнависии(сенариясозӣ) оянда, баҳодиҳии коршиносӣ. Ҳар кадоме аз ин усулҳо дорои афзалият ва камбудиҳои муайян аст. Масалан саҳеҳияти экстраполятсия бо мурури ҳаракат, наздикшавӣ ба сӯи оянда, ки наметавонад танҳо идомаи миқдории замони ҳозира бошад, камтар мешавад. Имкониятҳои усули қиёси таърихӣ низ барои пешбинии оянда, ки акнун иборат аз такрори маҳзи вижагиҳои зинаи гузаштаи инкишофи ҷомеа нест, маҳдуд аст. Инро ҳанӯз Гегел дар замони худ дарк карда, чунин навишта буд: « Ба ҳуком, шахсони давлатӣ ва халқҳо бо таъкид пайваста маслиҳати зарурияти бардошти сабақ аз таҷрибаи гузашта карда мешавад. Вале таҷриба ва таърих чунин меомӯзанд, ки халқҳову давлатмадорон ҳеҷ гоҳ аз таърих чизеро наомӯхтаанд ва тибқи сабақҳое, ки аз он гирифтан мумкин буд, амал накардаанд. Дар ҳар як давра шароитҳои махсусе ба миён меоянд, ҳар кадом давра ончунон ҳолати фардиест, ки дар он қабули танҳо қарорҳои ҷавобгӯ бо ин шароит зарур ва имконпазир мегардад».

Яке аз усулҳои эътимодбахши дар ояндабинӣ истифодашаванда ин баҳодиҳии коршиносӣ ба шумор меравад, дар сурате, ки агар он ба тасаввуротҳои асосноку саҳеҳи илмӣ такя намояд. Ояндабинӣ ба таври муайян ба рафтори одамон таъсири худро хоҳу ноҳоҳ мегузорад. Вобаста ба тасвири оянда дар заминаи пешгӯиҳо онҳо фаъолияти одамонро ба пешвози он таҳрик медиҳанд ё баръакс онро ба муқобили амалишавии ин манзараи ояндаи имконпазир равона месозанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна ояндабинӣ дар худ ҳам мундариҷаи маърифатӣ ва ҳам таъиноти муайяни мафкуравиро дорад. Дар ин ҳамбастагии дуҷониба вобаста ба тақозои шароит яке аз ин амалкардҳо(функсия) метавонад афзалият пайдо кунад ва дигаре ноаён монад. Вобаста ба мундариҷа ва таъиноти ояндабиниҳо метавон чор шакли онро ҷудо намуд: ҷустуҷӯӣ, меъёрӣ, таҳлилӣ ва ҳӯшдоркунанда. Ояндабинӣ хусусияти ҷустуҷӯӣ дошта барои ошкор намудани рафти эҳтимолӣ ва зарурии ҳодисаҳо бо такя аз тамоюлҳои инкишофи кунунии онҳо мавриди истифода қарор мегирад. Чунин пешбинӣ тақозо менамояд, ки имконияти воқеии инкишофи система ошкор карда шуда, тамоюлоти ҳозираи ҳодиса дар назар дошта шавад. Ояндабиниҳои меъёрӣ, ки мақсади дар оянда ноил омадан ба ҳадафҳои муайянро доранд, иборат аз пешниҳодоти амалии гуногун барои татбиқи нақша ва барномаҳои ҷудогонаи инкишоф мебошанд. Ояндабинии таҳлилӣ барои он ба ҷо оварда мешавад, ки вобаста ба мақсадҳои илмӣ арзиши маърифатии усулҳо ва воситаҳои гуногуни тадқиқи оянда муайян карда шавад. Ояндабиниҳои ҳушдордиҳанда барои таъсири бевосита расонидан ба шуур ва рафтори одамон бо мақсади бартараф кардани имконияти фарорасии эҳтимолии ояндаи номатлуб пешниҳод карда мешаванд. Масалан имрӯз чунин пешгукуниҳо вобаста ба хатарҳои экологӣ, камшавии захираҳои энергетики сайёраи замин ва ғайра пешниҳод шуда истодааст. Фарқияти мундариҷаи ин усулҳои ояндабинӣ хусусияти нисбӣ дорад ва аслан дар ҳар яке аз ин усулҳо дастовардҳои шаклҳои дигари пешбининамоӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Дар замони ҳозира вобаста ба мураккаб шудани ҷараёни гузариши ҳодисаҳои ҷамъиятӣ зарурияти кор карда баромадани усулҳои нави ояндабинӣ пайваста меафзояд. Яке аз усулҳои нави ояндабинӣ, ки солҳои охир ба тадриҷ рӯи кор омада истодааст ин сотсиосинергетика мебошад. Дар фарқият аз усулҳои классикии номбаршуда, ки ба таҳлили низомҳои босубот нигаронида шудааанд, сотсиосинергетика ба ояндабинии воқеаҳои марбут ба низомҳои ноустувор моил аст. Ин имконият медиҳад, ки дар мавриди эҷоди намунаи равандҳои таърихӣ хусусиятҳои муҳими низомҳои реалӣ, ба монанди номуайянӣ, ғайримустақимӣ ва гуногунвариантӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар баробари ин бартариятҳояш усули сотсиосинергетикӣ аз норасоиҳо низ холӣ нест ва ин марбут ба душвории истифодаи амалии он вобастагӣ дорад. Махсусан душвории ба кор гирифтани ин усул дар низоми иҷтимоӣ, ки дар он дар баробари рафтори ратсионалӣ инчунин омилҳои ғаризавию анъанавии ба фаъолияти одамон таъсиррасон бартарият доранд, ба назар мерасад. Вале таҳияи ҳама гуна ояндабинӣ барои самаранок ба роҳ мондани идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.


Пешгуикунихои ичтимои, ояндабини

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМасъалаҳои ҷаҳоншумул (глобалӣ)
БаъдӣМафҳуми фарҳанг, моҳият ва вазифаҳои он