Ҷумлаи пайрави шapт дар забони англисӣ

 Ҷумлаи пайрави шарт бо сарҷумла ба воситаи пайвандаки “if” – (агар) пайваст мешавад.

We shall watch TV if my mother opens the door – Агар модарам дарро кушояд, мо телевизор тамошо мекунем.

If you want I shall help you – Агар ту хоҳӣ, ман ба ту ёрӣ медиҳам.

Ба сохти ҷумлаҳои боло як назар афканед. Дар онҳо сарҷумла дар замони ояндаи номуайян қарор дорад, лекин ҷумлаи пайрав бошад, дар замони ҳозира-оянда меояд. Нуқтаи дигаре, ки аз мисолҳои боло аён аст, ин ҷойивазкунии ҷумлаи пайрав ва сарҷумла мебошад. Дар ҷумлаи якум аввал сарҷумла ва баъд ҷумлаи пайрав омадааст, дар ҷумлаи дуюм бошад, аввал ҷумлаи пайрав ва баъд сарҷумла омадааст.

омузиши забони англиси

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Мисолҳои дигар:

I shall understand you if you speak more slowly.

I hope my car will run at a speed of 100 kilometers an hour if the repairman fixes it well.

If you learn the poem by heart you will get an excellent mark in literature.

She will go to the party with us if she finishes her work early.


Чумлаи пайрави шapт дар забони англиси

ҚаблӣЗарфҳои замони ояндаи номуайян дар забони англисӣ
БаъдӣҶумлаи пайрави замон дар забони англисӣ