15 роҳи муваффақият дар зиндагӣ

    Як нафаре гуфта буд, ки «беҳтарин роҳи шуҳратёб шудан – дар оилаи зарурӣ таваллуд шудан аст». Аммо таҷрибаҳо дар зиндагӣ нишон медиҳанд, ки баъзеҳо тавонистаанд худашон ҳама чизро бе кӯмаки касе дар ҳаёт ба даст биёранд. Онҳо акнун барои фарзандон ва набераҳояшон ҳамин гуна оила ва муҳити оилавиро фароҳам овардаанд. Воқеан ҳам, роҳҳои комёбӣ ва муваффақият дар ҳаёт кам нестанд ва мушаххас аст, ки аз 15-то ҳам зиёданд.

Умедворем, ки роҳҳои дигари расидан ба музаффариятҳоро дар зиндагӣ аз таҷрибаи худатон Шумо дар поёни ин матлаб менависед.


1. Бо диққат либос бипӯшед

Мумкин аст баъзеҳо бигӯянд, ки либос барои одам арзиш намеоварад, аммо ба ақидаи мо ин фикр комилан иштибоҳ аст. Дунёи кор ва тиҷорат то ҳадди зиёде рӯи ин масъала мечархад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар мисли як фарди муваффақ либос бипӯшед, дигарон ҳам мисли як фарди муваффақ бо шумо бархӯрд мекунанд. Пас дар шеваи либос пӯшиданатон таҷдиди назар кунед.


2. Мисли барандаҳо биандешед

Рафтори худи шахс нақши бузурге дар муваффақияташ дорад. Дидгоҳатон набояд ҳеҷ гоҳ мисли инсонҳои шикастхӯрда бошад. Хуб аст, ки пешрафтҳо ва дастовардҳоеро, ки дар роҳи онҳо талош мекунед, барои худ таҷассум кунед. Мардум ҳам ҳамеша аз афроди муваффақ пайравӣ мекунанд на манфибофон.

Чаҳор чиз баданро қавӣ мекунанд… Чӣ чизҳо? Инҷо метавонед мутолиа намоед…


3. Ҷузъе аз як гурӯҳ бошед

Муваффақият аксар вақт як кори гурӯҳӣ аст. Як голзан дар футбол ҳеҷ вақт ба танҳоӣ наметавонад муваффақият касб кунад. Бо ҳамкорӣ ва мусоидати аъзои мухталифи як гурӯҳ, муваффақият ба даст меояд. Агар дар як гурӯҳ кор мекунед, то ҷое, ки метавонед масъулиятҳо ва корҳои худро ба беҳтарин наҳви мумкин анҷом диҳед ва аз дигарон низ ҳамин интизорро дошта бошед. Дар ин ҳолат аст, ки муваффақ хоҳед шуд.


4. Ботараддуд бошед

Касе, ки шикор карда метавонад, медонад, ки дар ҷое метавонад мунтазири шикор махфӣ шавад, аммо ҳеҷ вақт чизе шикор накунад. Қонуни шикор ин нест. Бояд аз махфигоҳ берун оед ва худатон ба дунболаш биравед. Дар масоили коре низ вазъ ба ҳамин минвол аст. Мунтазири таклиф намонед. Худатон ба дунболи кор бошед. Дар худ ангеза эҷод кунед ва ба дунболи тарҳ ё нақшаи ҷадид бошед ва аз ҳеҷ чиз ҳаросе ба дил роҳ надиҳед.


5. Эҳсосоти худро ба рӯшанӣ баён кунед

Вақте ҳамаи қадамҳоро ба диққат бардоред, танҳо чизе, ки мумкин аст монеи расидани шумо ба муваффақият шавад, маҳоратҳои иртиботӣ аст. Худро дар як ҷаласаи кори тасаввур кунед. Раисатон аз шумо назархоҳӣ мекунад. Шумо дақиқан медонед, ки чӣ бояд бигӯед, то мушкил ҳал шавад, аммо дар баёни он оҷизед. Садоятон ва калимотатон ҳеҷ кадом ёриятон намекунанд. Ин ҷост, ки ҳама кам-кам аз шумо дурӣ мекунанд. Пас ёд гирифтани маҳоратҳои иртиботӣ яке аз усули аввалия аст.


6. Ҳамеша натиҷаро дар зеҳн дошта бошед

Ҳар коре, ки анҷом медиҳем, яқинан далеле дорад. Барои расидан ба натиҷае, мушаххас аст, ки ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳем. Дар маҳалли кор ҳам бояд ҳамин тавр бошад. Ҳар кори нохушоянде ҳам, ки маҷбур ба анҷомаш ҳастедро бо дар назар гирифтани натиҷа ва ҳадафатон ба диққат анҷом диҳед. Ин ба шумо ангеза ҳам медиҳад.


7. Бидонед чӣ тавр пушти телефон суҳбат кунед

Муҳим нест кори шумо чӣ бошад, телефон ҳамеша яке аз муҳимтарин абзорҳо аст. Ҳатто аз компютер ҳам муҳимтар аст, чун василае аст, ки бо он иртибот барқарор мекунем. Касе, ки он тарафи хат аст, бояд итминон ёбад, ки шумо диққат ва таваҷҷӯҳи лозимро ба ӯ доред. Ҳангоми суҳбат кардан бо телефон аз хӯрдан ва ошомидан худдорӣ кунед.


8. Муназзам бошед

Ҳангоми кор кардан рӯи як нақша, қадам ба қадам ҳамаи мароҳилро ба диққат тай кунед. Барои кори худ тарҳ ва барнома дошта бошед. Агар қисмате аз корро надида бигиред, мутмаинан коратон ба натиҷа нахоҳад расид.


9. Интиқод накунед

Гурӯҳе аз мардум фақат барои эрод гирифтан аз соирин зиндаги мекунанд. Шумо ин тавр набошед, агар дар кори касе эроде мушоҳида кардед, мисли як муаллим ба ӯ гӯшзад кунед. Касеро масхара накунед ва беш аз ҳад шикоят накунед. Замоне ҳам, ки коре шоистаи ситоиш аст, таҳсин кунед.

Касе туро ранҷ ва ё азоб медиҳад? Тавсияҳоро инҷо мутолиа намоед…


10. Муаддаб бошед

Саъй кунед дар бархӯрд бо дигарон ҳамеша муаддаб, муштоқ ва алоқаманд бошед. Мардум дар мавриди мо бо наҳваи “бархӯрдамон бо онҳо” қазоват мекунанд. Хушхулқ бошед ва рафторатонро ислоҳ кунед.


11. Масъулияти мушкилеро бар ӯҳда гиред

Афрод дар бархӯрд бо мушкилот парешонхотир мешаванд. Беҳтарин роҳи ҳал барои аз байн бурдани ин мушкил ин аст, ки ҳар аз чанд гоҳе масъулияти бартараф кардани як мушкилро бар гардан бигиред.


12. Бо “интиқодоти дигарон аз шумо” ба хуби бархӯрд кунед

Вақте касе аз шумо интиқоде мекунад, ибтидо бубинед манбаи муътабаре дорад ё не. Роҳат аст, ки интиқодро надида бигиред ва пеши худ бигӯед ҳасуд буд. Аммо хуб аст, ки гаҳгоҳ худамонро ҳамон тавр, ки дигарон мебинанд бубинем. Рӯи интиқодоти дигарон фикр кунед ва тавсияҳоро нодида нагиред.


13. Намуна бошед

Ҳамеша корҳоро тавре анҷом диҳед, ки интизор доред дигарон анҷом диҳанд. Ин кор бисёр таъсиргузор аст. Агар ҳамеша корҳоятонро ба беҳтарин наҳв анҷом диҳед, дар коратон намуна хоҳед шуд ва дигарон низ ба унвони як сармашқ аз шумо пайравӣ мекунанд.


14. Сабур бошед

Чизе ба исми муваффақияти якшаба ё якшаба раҳи садсола рафтан вуҷуд надорад. Ҳатто онҳо, ки ба назари шумо як дафъа муваффақ шуданд, низ мутмаин бошед, ки барои расидан ба ин муваффақият замони тӯлонӣ талош кардаанд. Расидан ба муваффақият ниёзманди гузари замон аст. Бояд сабур бошед ва ҳамеша ҳадафро дар зеҳнатон нигоҳ доред.

Инчунин Сирри муваффақиятро инҷо бихонед


15. Чизҳои ҷадид биёмӯзед

Саъй кунед ҳамеша дар заминаи кориятон аз иттилооти рӯз бохабар шавед ва улуми ҷадиди марбутро ёд бигиред. Ҳамеша сатҳи дониши худро болотар аз дигарон нигоҳ доред ва муваффақ хохед шуд.


Манбаъ: subhonjalilov.wordpress.com

ҚаблӣФактҳои ҷолиб
БаъдӣСабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва аввалин пешниҳодҳо оиди ин масъала

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед