
– Ба мусибатҳои хурд таҳаммул накардан ва онро дар ҳама ҷо шикоят кардан, ба мусибатҳои зиёд роҳ мекушояд.
(ҳазрати Алӣ (р. А.)
– Аз бало ба мисли зан мегурезам, агар бар муқобилам барояд чун шере мегардад.
(ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Мусибат заковатро тарбият мекунад.
(Виктор Ҳуго)
– Имтиҳони Аллоҳ (ҷ.ҷ) барои донистани мо нест, балки барои худамонро донистан аст.
(Таҳирул Мавлавӣ)
– Мусибатҳо қамчини тақдирест, ки инсонро ба даргоҳи илоҳӣ роҳнамоӣ мекунад.
– Мардуми хуб баъди мусибат боз хубтар мегарданд.
(Фредерик Эмиел)
– Бар мусибат таҳаммул накардан, мусибати бузурггарин аст.
(Биес)
– Ягон мусибате нест, ки аз он мусибати бузургтаре набошад.
(ҳазрати Абубакр (р.а.))
– Мегӯем, ки бало ба сарамон омад, ҳоло он, ки мо бо пойҳои худ назди бало омадем.
(Ҷенап Шаҳабеттин)
– Аллоҳ (ҷ.ҷ) вобаста ба қувваи инсон мусибат меорад.
(Балзак)
– Дигаронро ба мусибату балоҳои ба сар омада гунаҳгор донистан кори нодонон аст. Худро масъул донистан ин кори нафароне мебошад, ки шурӯъ ба чашмкушоӣ намудаанд.
(Эпиктетос)
– Агар балою мусибатҳои ба сар омадаро ба балою мусибатҳои бузургтар қиёс бикунем, баъзе аз мусибатҳоро офият қабул мекунем.
(Аш-Шабӣ)





















