Абдумалик Баҳорӣ (1927-2010)

Абдумалик Баҳорӣ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1946). Дар Институти мазкур муаллим ва дар бахши ленинободии Кумитаи радиошунавонии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1946–1950) кор кардааст. Муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1951–56), мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1956–61), муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1961–65), сармуҳаррири коллегияи барномавии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1965–72), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972–75), мушовири адабии Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон (1975–79) ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1979–87) буд. Аз соли 1987 то охири умр (2010) ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст.

Навиштаҳои худи устод:

«Ман баробари адабиёти бадеӣ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медоштам, дутору ғижжаку доира менавохтам. Орзуям, композитор шудан буд. Бо ҳамин мақсад, баробари мактаби миёна дар омузишгоҳи мусиқӣ низ таҳсили илм мекардам, ҳатто узви оркестри симфонӣ будам.

Вале соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ cap шуду роҳи ҳаёти аксарияти наврасон низ тағйир ёфт. Омузишгоҳи мусиқӣ баста шуд, бинои мактабамонро ба госпитал доданд. Ман, ки ҳанӯз синфи ҳаштумро ба охир нарасонида будам, ба курсӣ ҳаштмоҳаи муаллим тайёркунӣ даромадам ва баъди он ба институти педагогӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Адабиёти бадеӣ ба илми мусиқӣ аз чанд ҷиҳат монанд аст. Ҳардуяш ҳам образ меофарад ва эҳсосоти инсонро ифода мекунад. Ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ман аз бачагӣ шавқ пайдо карда будам. Ҳафтае як бор ба китобхонаи шаҳрӣ рафта, китоб мегирифтам. Кор ба дараҷае расид, ки раҳми модарам омада гуфт: «Писарам, ин қадар шабу рӯз сил шуда китоб нахон. Рав, ту ҳам дигар бачаҳо барин дар куча бозӣ карда биё».

Агар аз нашри шеъри нахустинам (соли 1945) ҳисоб кунем, ман зиёда аз 62 сол аст, ки бо кори эҷодӣ машғулам. Дар ин муддат чандин асар навиштам ва чандин китоби нависандагони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам. Як қатор драмаҳои навиштаи ман дар саҳнаи театрҳо ва телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, повестҳои «Гирдоб», «Модархонд», «Ду моҳи пурмағал», «Қаймоқи гирди коса», «Ҷабрдида» ва қиссаю ҳикояҳои фантастики: «Ҷуръати доктор Мансур», «Занбури айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Сунбула», ки ин жанр дар адабиёти тоҷик падидаи нав аст, иншо кардам. Дар тули ин солҳо шеърҳои зиёдам, манзумаю достонҳоям нашр шуданд.

Нависандагӣ кори масъулиятнок ва пурмашаққат аст. Барои иншои китоб бисёр донистан ва заҳмат кашидан лозим. Аз асари бадеӣ хонанда бояд ҳам лаззат бараду ҳам дарс омузад, ба саволҳои бисёре, ки дар майнааш пайдо мешавад, ҷавоб гирад. Аз ин ру, ман ҳар боре, ки қалам ба даст мегирам, худро аз нав шогирд ҳис мекунам».


Хаёт ва фаъолияти Абдумалик Бахори, ҳаёт, зиндагиномаи нависанда, эчодиёти Абдумалик Бахори.

ҚаблӣРубоиёт аз Гулназар Келдӣ
БаъдӣҒаффор Мирзо (1929-2006)