Ғаффор Мирзо (1929-2006)

Гаффор Мирзо Ғаффор Мирзо. Зиндагиномаи Гаффор Мирзо.  «Ман аз падару модар хеле хурд сағера монда будам. Ҳокимияти Советӣ маро дар қатори ҳазорон ятимони дигар аз марг раҳонид ва бинобар ин нахустин ҳиссиёте, ки дар дили кудаконаи ман пайдо шуд, нашъунамо кард, ҳиссиёти беканори ташаккур ва миннатдорӣ ба наҷотбахши ман аст. Ин ҳиссиёт баъд аз қаламдаст шуданам, мавзуи асосии эҷодиётам гардид.

Меҳнати асосии мо, «детдомиҳо» таҳсил бошад хам, мо танҳо ба он махдуд намешудем. Дар фермаи хонаи бачагон подабонӣ мекардем, боғу полизи онро парвариш менамудем, дар таъмири ҳарсолаи хобгоҳ иштирок доштем, аловии зимистонаи худро худамон пешакӣ тайёр карда мемондем. Дар баробари ин дастаи ҳаваскорони хонаи бачагон, ки як вақтҳо ба он ҳофизи халқии мамлакат Сайдалӣ Вализода ва як вақти дигар Артисти Халқии мамлакат Маҳмадалӣ Қобилов, роҳбарӣ карда буданд, ба қишлоқҳо баромада, бо шаклҳои гуногуни санъати таҳҷоӣ нишондодҳои партия ва ҳукуматро таргибу ташвиқ менамудем. Воқеан, азбаски ҳеҷ кас аввалин музди меҳнати худро фаромуш намекунад, ман ҳам онро хамчун як марҳилаи муборак равшан дар ёд дорам тобистони соли 1938 рӯзе ҳаваскоронро ҷамъ карданд ва ба онҳо мукофоти пулӣ доданд. Ба ман ҳам як даҳсумаи дастархон барин калон расида буд.

Натанҳо аз таъсири тангдастӣ, ки дар солҳои ҷанг насиби ҳамаи мо гардида буд, балки аз таъсири ҳамон ҳиссиёти миннатдорӣ, аз таъсири моҳияти тарбияи хонаи бачагон буд. Ман баъдтар ҳам дар баробари таҳсил ба меҳнати беруна низ машғул мешудам.

Таҳсили ман дар Омузишгоҳи педагогии Кулоб ва Института педагогии Душанбе ҷараён ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вале такдири эҷодии ман ба маҷрои ҳақиқӣ ва асосии худ он вақт ҷорӣ гардид, ки маро дар соли 1950 дар органи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон журнали «Шарқи сурх» ба хизмат қабул карданд ва ман дар муҳити мубораки шоирону нависандагони номвар, дар мактаби М.Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил, М.Миршакар, А.Деҳотӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон ҳамчун шоир ва адиб сабақ омӯхта, нашъунамо кардам».

Ҳамин тавр, Ғаффор Мирзо умри пурбаракат дид. Ӯ моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе вафот намуд. Вале умри хешро ройгон нагузаронид. Барои наслҳои оянда асарҳои пурарзише мерос гузошт. Махсусан барои бачаҳо асарҳои хубу шавқовар офарид. Достонҳои «Тоҷи давлат», «Асрор» маҷмуаи шеърҳои «Рӯи сурх», «Марди майдон», «366 паҳлӯ», «Нору нур» ва ғайраҳоро хонандагон хеле хуш пазируфтанд.

Инак, шогирдони азиз, бароятон шеъри «Дӯст», оғози достони «Тоҷи давлат» ва «Дар сари гаҳвора»-и Ғаффор Мирзоро пешкаш менамоем.


Хаёт ва фаъолияти Гаффор Мирзо, зиндагиномаи Гафор Мирзо, эчодиёти Гаффор Мирзо, ашъори устод Гаффор Мирзо.

ҚаблӣАбдумалик Баҳорӣ (1927-2010)
БаъдӣШеър барои Дуст