Гуфтаҳои бузургон #2

Дар нашри навбатии Гуфтаҳои бузургон, панду андарзи бузургонро меорем, мутолиа намоед ва сомонаи моро низ дастгирӣ намуда, маводро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед>>


Меҳнат кунӣ роҳат мебинӣ.


Кори шаб хандаи рӯз.


Тани сиҳат гавҳари ноёб.


Охири ханда-гиря.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамеша зиндадил бош.


Сухан бисёр дону андаке гӯй. Якеро сад магӯй, садро яке гӯй.


Аз фикри як кас, фикри ду кас беҳтар аст.


Кай думи уштур ба замин мерасад.


Акли солим беҳ аз пули бисёр.

Рӯйхати мақолаҳои пандомезро инҷо аз назар гузаронед >>ПАНДУ АНДАРЗ


Каҳрат биёяд, биниатро газ.


Ҳамеша Ҳақ бо касе нест, ки беҳтар сухан мегӯяд.


Бӯсаҳои дуздида ҳамеша ширинанд.


Ҳар касе нигаҳбони шарофати хеш аст.


Барои инки бузург бошӣ, аввал кӯчак бош.


Ҳоҷат модари ихтироъ аст.


Он чиро, ки қалам зӯраш мерасад, шамшер тавони онро надорад.


Устод будан дар як фан беҳтар аз он аст, ки шахс дар сад кор дахолат кунад ва ҳеҷ якро ба хубӣ надонад.


Беҳтарин сабаб қалби инсон аз, беҳтарин омӯзгор замон аст, беҳтарин китоб ҷаҳон аст ва беҳтарин дӯст Худованд аст.


Фақат марди оқил сарватманди воқеӣ аст.


Аҳмақ, ки ба даст шамшер дошта бошад худро эмин надон.


Аз бадии касе, ки ба ў некӣ кардаи дар ҳазар бош.


Беҳтар аст дубора савол кунӣ, то инки як роҳи иштибоҳ биравӣ.


Ҳар иштибоҳеро иллате аст.

Маводҳои аҷибу хонданбоб ва маводҳои омӯзиширо инҷо мутолиа намоед >>НОМГӮИ МАҚОЛАҲО


Дар ваъда суст ва дар вафо тез бош.


Қалбат дунёи туст.


Ҳар кас метавонад худкушӣ кунад, аммо ҳар фарде лаёқат надорад зиндагӣ кунад.


Ҳаргиз наметавонед бадиҳои худро бо хурдагирӣ аз дигарон бипӯшонед.


Фарди кунҷков дар нима роҳаи хирадмандӣ аст.


Ҳангоме, ки хашм ҳарф мезанад ақл чеҳраи худро мепушонад.


Зан ва шавҳар агар якдигарро бихоҳанд дар кулбаи вайрона ҳам зиндагӣ мекунанд.


Ваҳдат қувват мебахшад.


Лашкари гусфандонеро, ки як шер роҳбарӣ мекунад, метавонад бар лашкари шероне, ки як гусфанд ҳидоят мекунад пирӯз шавад.


Барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия намоед ва ин матлабро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо тақсим (поделиться) намоед >>


Гуфтаҳои бузургон #1

ҚаблӣХусусиятҳои назму наср ва радифу қофия
БаъдӣМаълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед