Якчанд шеърхо дар васфи соли нав баҳри Шумо, корбарони сомонаи Donishju.Net гирдоварӣ намудем. Шеър соли нав 2021
Аз пушти дара барфи сапед омадааст,
То бар сари шохасори бед омадааст.
Дарвозаи дил кушо ба истиқболаш,
Соли нави мо ҳам ба умед омадааст.
Эй кошки соли нав биёрад шодӣ,
Сад боғ шукуҳу сад замин ободӣ.
Гардида ба омад омадои аҷабаш,
Хонем барои ҳам муборакбодӣ.
Мурғе ба сари шохаи бед омадаст,
Дар лаб ғазали сабзи умед омадааст.
Ҳар лаҳза суруди соли нав мехонад,
Чун бо пару бо боли сапед омадааст.
Нуралӣ Нурзод
Парвозарез симу зар аз барф, барфи ишқ,
Оинадор бому дар аз зарф, зарфи ишқ
Марлум раҳи умед ба шодӣ гирифтаанд,
Афсоназор баҳру бар аз тарф, тарфи ишқ
Исонафас биё, ки ба арши фариштаҳо,
Доман кашида зебу фар аз жарф, жарфи ишқ,
Эй навниҳол, пираҳану пайкарат сапед,
Бар гарданат сапедатар аз шарф, шарфи ишқ
Хар соли нав чу муждаи нав ояд, Озарахш
Аз номи ёр, номагар аз харф, харфи ишк!
Озарахш
Инчунин хонед:
Кош Бобобарфие аз раҳ расад,
Бо ароба аз канори маҳ расад.
Халтае аз шодиву аз ханда пур,
Як қанори бовар аз оянда пур.
Гармиҳо саршор, торикӣ ба дур,
Эҳ ҳамин ду рӯи торикӣ ба гур!
Рушанӣ лабрез, мо ҳам бодарез,
Дасти худро дар раҳи афтода рез.
Нарх номаш гум, фаровонӣ шавад,
Меҳрубонӣ, хуби арзонӣ шавад.
Қанд дорад, панд дорад беҳисоб,
Барқ дорад, чанд дорад? Беҳисоб!
Халтаи пурро нисори мо кунад,
Куҳнаро дар халтаи худ ҷо кунад.
Мардикоре турба бар китфон бувад.
Беҳтарин Бобои Барфӣ он бувад.
Пул меборад ба ҷои барфҳо.
Худ ҳамин беҳтар ба ҷои ҳарфҳо.
Инчунин хонед–>
соли нав, шеър соли нав, соли нав шеърхо, соли нав муборак, соли нав 2022, шер соли нав, табрикоти соли нав, соли нав точики.