Рубоиёт аз Гулназар Келдӣ

Ширинии ҳарфи даҳанам, ҷон Ватанам,
Атри нафаси ҳар суханам, ҷон Ватанам.
Номи ту бас аст дар радифи шеърам,
То пеши фалак ноз кунам, ҷон Ватанам!


Аз оташи ҷони ту гуфтам, гуфтам,
Аз сӯзи ниҳони ту гуфтам, гуфтам.
Мӯи сари ман ҷомаи пирӣ пушид,
Аз ишқи ҷавонии ту гуфтам, гуфтам.


Эй суруди садои ман, ту овозам деҳ,
Болу пари ман биёру парвозам деҳ.
Тоҷикаму тоҷи кас набошад ҳавасам,
Оне, ки рабудаи зи ман бозам деҳ.


Заррин нашавад зиндагӣ аз зар, ҳуш дор!
Ширин нашавад зи шаҳду шакар, ҳуш дор!
Сад дар бувадат хона агар суде нест,
Олам ду дар аст, эй бародар, ҳуш дор!


Худро чу сухан ҳама расо бояд кард,
Чун оина хизмати сафо бояд кард.
Хоҳӣ, ки Сикандари замонат хонанд,
Саде ба раҳи нафс ба по бояд кард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пинҳони ман аз аёни ту хуштар,
Хомушии ман аз баёни ту хуштар.
Фарёди баланду ҳиммати паст чӣ суд?
Эҳсони ман аз они ту хуштар.


Ғамҳои ту хурдаам, ачаб беҳуда
Дар ёди ту мурдаам, аҷаб беҳуда.
Чун шури Заравшону Бухорои хамуш
Ҳасрат ба ту бурдаам, аҷаб беҳуда.


Лоиқ! Лоиқ! Нумуи миллат боқист,
Мастии ту дар сабуи миллат боқист.
Аз гуши гарони нокасон боке нест,
Фарёди ту дар гулуи миллат боқист.


Ин булҳавасон зиндаву ошиқ мурда,
Имонхасакон зиндаву содиқ мурда.
Нафрин ба аҷал, ки бо бадон кораш нест,
Ту зиндаву ӯ зиндаву Лоиқ мурда.


Номи туву номи ман намонад, эй дӯст,
Ҳаёти ману туро кӣ хонад, эй дӯст.
Ту шоири халқиву манам шоири халқ,
Як мисраи мо касе надонад, эй дӯст.


Дил меҳри туро ба ҷон харад, ҷон Ватанам!
Чун туша ба фардо бубарад, ҷон Ватанам!
Бо ту нафасе агар маро хуш бигузашт,
Умри ту хуш гузарад, ҷон Ватанам!


Ошиқ ба ҳаваси марғзорони туам,
Лабташнаи оби чашмасорони туам.
Аз чак-чаки борони зимистон хаста,
Муштоқ ба борони баҳорони туам.


Боист зи санг лаъли худ биситонӣ,
Аз шохи умед бори худ бифшонӣ.
Нанг аст, ки косаи гадоӣ бикунӣ,
Як умр ту тоҷи шарафи Сомонӣ.


Он, ки зи шараф тоқ кунад миллатро,
Шармандаи офоқ кунад миллатро.
Бингар ба куҷо расид кори ману ту
Оқипадаре оқ кунад миллатро.

Гулназар Келдӣ (соли тав. 1945)

ҚаблӣКамбағал (ҳикояи назмӣ)
БаъдӣАбдумалик Баҳорӣ (1927-2010)