
– Гар ятимеро ғамгин дидӣ, фарзанди хешро бӯса макун.
– Дар ҷое, ки ахлоқ нест, қонун коре карда наметавонад. (Н. Бонапарт)
– На аз касе хафа шаву на касеро хафа кун! (К.Рафоӣ)
– Боақл худро бо одоб оро медиҳад. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Бо бадахлоқон суҳбат макун, то ба гуноҳ кардан майлат накунанд. (Имоми Аъзам (р.а.))
– Дар ҳасадхӯрон роҳату дар бадахлоқон шараф нест. (Аҳнаф бин Қайс)
– Чунон ки об ифлосиро тоза мекунад, ахлоқ низ тинати инсонро пок мекунад. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Он беҳ, ки маблағ сарфа кунию соҳиби ахлоқ шавӣ, на он, ки ахлоқ аз даст диҳию соҳиби маблағ шавӣ.
– Шахсе, ки доимо қалб мешиканад, мисли сангест, ки даруни пойафзол аст. (Элберт Ҳабберд)
– Хушгуфторӣ ба забон мушкилӣ намеорад.
– Дар дуконҳои тиҷоратии дӯстон муддати дароз нашинед. Дар миёни роҳ наистед. (Ҳоҷӣ Бекташи Валӣ)
Манбаъ: Хазинаи Маърифат





















