Андарзҳои Мавлоно Чалолуддини Балхи. Байту шеърхо

Андарзҳои Мавлоно Чалолуддини Балхи. Якчанд байтҳо ва рубоиёти панду ахлоқиро аз мавлавии бузург Ҷалолуддини Балхӣ меорем.

Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ӯ сарсабзии бустон шавад.


Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.


Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар навиштан шеру шир.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кори мардон равшаниву гармӣ аст,
Кори дунон ҳилаву бешармӣ аст.

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Чун диҳад қозӣ ба дил ришва қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?

Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурдардтар,
Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.

Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,
Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.

Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,
Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.

Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.

Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.

Ашк хоҳӣ, раҳм кун, ҳам ашк бор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабри неъмат аз кафат берун кунад.

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ.

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.

Сахт дармонад амири сустриш,
Чун на пас бинад, на пеш аз аҳмақиш.

Лафзҳову номҳо чун домҳост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.

Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,
Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.

Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.

Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ даҳаспа тохт.

Ақл бо ақли дигар дуто шавад,
Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад.

Ёр чашми туст, ай марди шикор,
Аз хасу хошок ӯро пок дор.

Хоб бедорист, чун бодониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тозию туркӣ чӣ кор?

Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард,
Гарм гармиро кашиду сард сард.

Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона накун.

Гарчи ҳикматро ба такрор оварӣ,
Чун ту ноаҳлӣ, шавад аз ту барӣ.

То нашуд таҳқиқ, аз ёрон мабур,
Аз садаф магсил, нагашт он қатра дур.

Гар тарозуро тамаъ будӣ ба мол,
Рост кай гуфтӣ тарозу васфи ҳол?

Гуфт Пайғамбар: «Худо-ш имон надод,
Ҳар киро сабре набошад дар ниҳод».

Гуфт Пайғамбар, ки Яздони маҷид
Аз паи ҳар дард дармон офарид.

В-ар бувад кафшат, марав дар санглох
В-ар ду шох астат, машав ту чоршох.

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ
Ҳеч аҳлийят беҳ аз хӯйи накӯ.

Булҳикам номаш буду Бӯҷаҳл шуд,
Ай басо аҳл аз ҳасад ноаҳл шуд.

Ҳар киро хӯйи накӯ бошад, бираст,
Ҳар касе к-ӯ шишадил бошад, шикаст.

Ҳар касе к-ӯ айби худ дидӣ зи хеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?

Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.

Гар ҳамехоҳӣ ту дафъи шарри нор,
Оби раҳмат бар дили оташ гумор.

Кирм дар бехи дарахти тан фитод,
Боядаш барканду дар оташ ниҳод.

То намурдаст ин чароғи богуҳар,
Ҳин, фатила-ш[1] созу равған зудтар…

Лаб бибанду каффи пурзар баркушо,
Бухли тан бигзору пеш овар сахо.

Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,
Бегумон, Мансур бар доре бувад.

Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.


Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
В-аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад
В-аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мешавад
В-аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.


Оқибатбин аст ақл аз хосият,
Нафс бошад, к-ӯ набинад оқибат.

Хок зан дар дидаи хасбини хеш,
Дидаи ҳис душмани ақл асту кеш.

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро мазҳабу миллат Худост.

Чун гарониҳо асоси роҳат аст,
Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст.

Гуфт: Пайғамбар: «Адоват аз хирад
Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».

Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.

Пунбаи васвос берун кун зи гӯш,
То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш.

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Найшакар комил шавад аз найшакар.


Маводҳои бештари панду насиҳат дар ин бахши сомона мавҷуданд: Панду андарз<<

Шояд ин маводҳо ҳам писандатон оянд:

Шеър/байтҳои панду ахлоқӣ аз Фирдавсӣ


[1] Фатила – риштаи ғафси аз пахта тофта, ки дар чароғи пилтасӯз ва шамъ гузошта мешавад.


чалолиддини балхи, ч балхи, эчодиёт, ашъор, шеърхои Ч Балхи.

ҚаблӣДостони «Кова ва Заҳҳок» (иншо)
БаъдӣКитоби Алгоритмсози ва барномасози дар Бейсик, А. Назаров

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед