Якчанд зарбулмасали кореягӣ

Якчанд зарбулмасали кореягӣ бо забони тоҷикӣ баҳри шумо корбарони сомонаи Donishju.Net. Мутолиа намоед, инчунин ба дӯстонатон низ тавсия диҳед (поделиться).

адабиёт чист


Марди бадаслро зани боистеъдод ҳам наҷот дода наметавонад.


Оилаи бе духтар мисли бухории бе оташ аст.


Парранда дар болои тухми худ ифлосиро пай намебарад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Модар заррае камбудии даҳ домодро намебинад, аммо камбудии як келин зуд ба назараш менамояд.


Домод – меҳмони ҳамеша азиз аст.


[Дар ғарибӣ] ҳатто зоғи Ватан ҳам хуш аст.


Бахтро меҳнат ба хона меорад.


Хушбахтию бадбахтӣ ҳамсояи ҳамдигаранд.


Агар як кори нек кунӣ, дуто шуда бармегардад.


Ба атолаи бадбахт ҳам устухон меафтад.

Инчунин хонед –>

Якчанд зарбулмасалҳои тоҷикӣ


Кӯдакон ба ҳамон кас майл доранд, ки бештар онҳоро навозиш мекунад.


Ба некии он касе, ки аз сӯхтори ҳамсоя хурсанд шуд, умед макун.


Ба сари саги бадфеъл ҳар куҷо санг меояд.


Оғоз кардани кор – нисфи кор.


Ҳар қадар ки камбағал бенавотар шавад, ҳамон қадар сарватманд доротар мегавад.


Ҳангоми таваллуд шудан сарватманд аз камбағал фарқ намекунад.


Аспи гурусна дуруст кор намекунад.


Гадои нав аз гадои кӯҳна бенавотар аст.


Ба сари одами гурусна ҳар гуна фикр меояд.


Гадо ҳам орзуҳои калон дорад.


Пуле, ки аз фурӯши замин ба даст омадааст, даромади хуб ҳисоб макун.


Пулро ба камбағалон хайр кун, на ба ибодатгоҳ.


Мизбон меҳмонро аз рӯи нишасташ муроот мекунад, меҳмон бошад вобаста ба ваҷҳи рӯйи мизбон тановул мекунад.


Бо сухан меҳмондорӣ намекунанд.


Одами бахил заҳри бепулро ҳам мехӯрад.


Хасис аз мурда ҳам қарзашро талаб мекунад.

Инчунин хонед –>

Зарбулмасалу мақолҳо


Ҳар чизеро, ки ба доданаш дилат нашуд, онро гум мекунӣ.


Оқилон бештар дар хидмати ҷоҳилонанд.


Мехро ба хокистар намекӯбанд.


Расмро баръакс овехтаасту рассомро дашном мекунад.


Ҳангоми ҷанҷоли шахсони бегона, кордатро аз ғилоф берун макун.


Ашки на ҳамаи одамон самимӣ аст.


Комёбиро маҳсули хидматҳои худ мешумораду дар нокомӣ дигаронро гунаҳкор мекунад.


Дӯстӣ бори зиндагиро сабуктар мекунад.


Ҳамдардҳо ҳамдигарро нағз мефаҳманд.


Каргас ҳамавақт тарафдори уқоб аст.


Ваҳдати одамон – қалъаи мустаҳкам аст.


Бори вазнинро якҷоя бардоштан сабук менамояд.


Аз косаи сиҳат об намечакад.


Агар қарор додӣ, ки кӯмак мерасонӣ, онро самимӣ иҷро кун.


Манбаъ: Navju Educaton


Зарбулмасал, зарбулмасалу маколхо, бо забони точики

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Посухҳои кӯтоҳ ҳангоми пурсиши аҳвол
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Изҳори хурсандӣ дар вақти вохӯрӣ