Фоида ва зарари чой. Ё даҳ қоидаи нӯшидани чой

чой чойник пиёла

Якум: Чойро ба меъдаи холӣ нӯшидан мумкин нест. Чой “табиати хунук” дорад ва ба меъдаи холӣ ворид шуда, испурч ва меъдаро сард мегардонад, ки баъди ин одамро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад. Аз қадим чиниҳо маслиҳат медоданд, ки “Ба дили холӣ чойро нанӯшед!”

Дуюм: Чойи сӯзонро нанӯшед. Чойи аз ҳад зиёд гарм ба гулӯ, сурхрӯда ва меъда таъсири манфӣ дорад ва ҳангоми муддати зиёд истифода кардан ба касалии ин узвҳо оварда мерасонад. Аз рӯйи тадқиқоти хориҷиён истифодаи доимии чойи ҳарораташ аз 62 боло девораҳои меъдаро маҷруҳ карда, ба бемориҳои гуногуни меъда оварда мерасонад. Беҳтар аст, ки ҳарорати чой аз 52 поён бошад.

Сеюм: Чойи хунукро қатъиян нӯшидан мумкин нест. Чойи хунук хунукиро нигоҳ дошта, балғамро зиёд мекунад, инчунин ба кори ҷигар ва гурдаҳо зиёновар аст. Тадқиқот исбот намудаанд, ки чойи хунук дар таркибаш оксалати бисёр дорад ва ин ба пайдошавии санги гурда оварда мерасонад. Чойи хунук нисбат ба чойи гарм бештар зарар дорад. Ба мардум одат шудааст, ки дар ҳавои тафсон чойи хунукро ба миқдори зиёд истеъмол кунанд ва ин, албатта, боиси хароб шудани саломатӣ мегардад.

Чорум: Чойи аз ҳад зиёд талхро истеъмол накунед. Каффеин ва танин, ки дар чойи талх мавҷуд аст, боиси сардардӣ ва бехобӣ мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Панҷум: Чойро аз ҳад зиёд дам надиҳед. Агар чой бисёр истад, таркибаш вайрон шуда, таъму мазааш тағйир меёбад. Таъсири витаминҳои С ва Р, дигар моддаҳои фоидаовар, ки дар барги чой мавҷуд аст, кам мегардад. Ҳамчунин он дар натиҷаи бисёр истодан ба манбаи пайдоиши ҳашароти зараровар табдил ёфтанаш мумкин аст.

Шашум: Ба болои шамма гаштаю баргашта чой дам накунед. Дар хотир доред, ки баъди дафъаи сеюму чорум болои шаммаи куҳна чой дам кардан дар баргҳои чой заррае чизи фоидаовар боқӣ намемонад. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки вақти чойдамкунии аввал оби ҷӯшида 50 фоизи моддаҳои фоидаовари чойро меҷабад, дафъаи дуюм ин нишондод ба 30 фоиз ва дафъаи сеюм ба 10 фоиз баробар мегардад. Агар навбати чоруму панҷум ҳам болои шамма чой дам кунед, хавфи ба моддаи зараровар табдил ёфтану пайдо шудани ҳашарот ба миён меояд.

Ҳафтум: Чойро пеш аз истеъмоли таом нанӯшед. Он дар ин вақт ба узвҳои ҳозимаи инсон зарар мерасонад. Агар ташна бошеду чойро 20-30 дақиқа пеш аз оғози истеъмоли таом нӯшед, беҳтар аст.

Ҳаштум: Баъди тановули таом низ дарҳол чой нанӯшед. Ҳам чой ва ҳам дигар нӯшокиҳо дар чунин лаҳза ба суст гаштани кори узвҳои ҳозима сабаб мегарданду инсон худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Айни муддаост, агар шумо баъди хӯрокхӯрӣ 20-30 дақиқа сабр кунеду баъд ба чойнӯшӣ оғоз намоед.

Нуҳум: Ҳабби доруро ҳаргиз бо истифодаи чой истеъмол накунед. Дар чунин ҳолат моддаҳои таркиби чой бо дору омехта гардида, таъсирнокии онро тамоман кам мекунанд. Бо дарназардошти ҳамин, табибони Хитой мегӯянд, ки чой доруро нобуд мекунад.

Даҳум: Чойи аз рӯзи гузашта мондаро нанӯшед. Дар ин гуна чой баробари нобуд гаштани моддаҳои фоидабахш пайдо гаштану афзоиши ҳашароти зараровар имконпазир мегардад. Лек дар хотир доред, ки чойи аз дирӯзмонда аз ҷавҳар ва фтор бой мегардад. Онро барои табобати узвҳои беруна истифода бурдан мумкин аст. Табибон онро воситаи хубе барои боздоштани хунравӣ, даҳони шамолкашидаро чайқонидан, шифо бахшидан ба дарди забон ва ғайра меҳисобанд. Даҳонро бо ин гуна чой пагоҳӣ, пеш аз шустани дандон ё худ баъди хӯрдани таом чайқонидан фоида дорад ва дандонҳоро қувваи тоза мебахшад.

Мухтасар аз китоби “Мистерия вендинг”,
шабакаи интернет.

ҚаблӣМаълумот дар бораи Заминларза
БаъдӣГраница Таджикистан и Кыргызстан. Распространяют фейковую информацию

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед