Амсилаи рангии RGB. Усули маъмултарини рамзбандии рангҳо амсилаи RGB мебошад. Дар ин амсила ранги дилхоҳ бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ – сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) сохта мешавад. Яъне рангҳои сурх, сабз ва кабуд дар амсилаи RGB рангҳои таркибиро ташкил медиҳанд.
Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг як байт (ададе аз фосилаи 0 то 255) ғунҷойиш дошта, ба воситаи ду рақами системаи 16-ӣ (аз 00 то FF) тасвир карда мешавад ва бо ҳамин роҳ ҳар як ранг ба воситаи се ҷуфт рақами 16-ӣ (ба мисли санадҳои HTML) ифода карда мешавад. Аз амсилаи RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.
МИСОЛ: Дар забони HTML рамзи ранги сиёҳ – 000000, сафед – FFFFFF, зард – FFFF00 ва ғайра қабул шудааст. Барои ҳосил кардани ранги зарди тира (торик), баландии тобиши рангҳои сурх ва сабз бояд якхела кам карда шаванд, яъне A7A700.
Ҳар қадар қимати рамзии ранги таркибӣ калон бошад, худи ранг низ ҳамон қадар дар экран равшантар (пурҷилотар) тасвир карда мешавад. Ҳангоми омехтакунии ду ранги таркибии пурҷило ранги ҳосилшуда низ пурҷило тавлид меёбад.
Мавзӯи пурра >> Графикаи компютерӣ. Тобишҳои рангӣ