Фаррухии Сиистонӣ

Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Сиистонӣ шоири машҳур, қасидасарои номии форсу тоҷик байни солҳои 977–981 дар Сиистон – вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон, ки Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо Ҳиндустон мепайваст, таваллуд шуда, соли 1038 дар шаҳри Ғазнин (ҳудуди Афғонистони ҳозира) вафот кардааст.

Фаррухӣ дар давраи наврасиву ҷавониаш аввал ҳамроҳи падараш хидмати ҳокими Сиистон Амир Халафи Бонуро карда баъди аз тарафи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ забт шудани Сиистон ба хидмати яке аз заминдорони сарватманд меравад. Вале музди ночизи заминдор зиндагонии Фаррухиро қонеъ карда наметавонист ва ӯ дар ҷустуҷӯйи шахси сарватманду саховатпеша мешавад то ӯро дар шеърҳояш таърифу тавсиф карда, рӯзгорашро таъмин намояд. Фаррухӣ овозаи шеърдӯстии ҳокими Чағониён–Абулмузаффарро шунида, бо қасидаи машҳуре, ки бо байти:

Бо корвони ҳулла бирафтам зи Сиистон,
Бо ҳуллаи танида зи дил, бофта зи ҷон…

оғоз мешавад, сӯйи Чағониён меравад. Бо мадади коргузори амир Фаррухӣ тақрибан солҳои 1010 – 1011 ба дарбори Ғазнавиён дохил шуда, то охири умр дар Ғазнин зиндагӣ мекунад. Фаррухӣ дар баробари шоири тавоно будан дар навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ низ маҳорати олӣ доштааст.

Фаррухӣ дар базму размҳо, шикору сафару сайрҳои Султон Махмуд ҳамроҳӣ карда, дар қасидаҳояш корнамоиву шуҷоат, саховатмандиву далерии ӯ ва дарбориёнашро ситоиш мекард ва инъомҳо мегирифт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз мероси адабии Фаррухӣ то замони мо девоне маълум аст, ки бештар аз 9 ҳазор байтро дар бар гирифтааст.

Дар девони шоир навъҳои дигари шеъри лирикӣ, монанди тарҷеъбанд, қитъа, ғазал, рубоӣ ба назар расанд ҳам, бо вуҷуди ин қасида мавқеи асосӣ дорад. Ин аст, ки аксари донишмандони соҳаи адабиёт ӯро ҳамчун устоди қасидасароӣ эътироф кардаанд.

Дар ашъораш шоир асосан зимни мадҳ саховатмандӣ, илму адабдӯстӣ, адолату накукорӣ барин хислатҳои мамдӯҳонро ситоиш карда, ҳамчунин манзараҳои хунрезиву тороҷгарӣ ва тақсими молҳои ғоратшударо низ ба қалам медиҳад.

Ҳангоми мадҳи хислатҳои хуби мамдӯҳон шоир бештар орзуву ният ва андешаҳои инсондӯстии хешро баён месозад. Аз ҷумла шоир некиву накукориро аз шоҳӣ ҳам бартар донис та, ба ин тариқ диққати мадҳшавандаро ба кори хайру нек ҷалб мекунад:

Некхӯтар з-ӯ ҳамоно дар ҷаҳон як шоҳ нест,
Хӯи неку беҳтар аз шоҳиву мулки бекарон.

Ашъори Фаррухӣ асосан бо услуби сода эҷод шуда, ташбеҳу истиора, тасвироти воқеӣ, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, ифодаву таъбирҳои гуфтугӯйӣ, калимоти равону хушоҳанг фаровон истифода шудаанд.

Шеър аз эҷодиёти шоир:

Тарҷеъбанд (аз Фаррухии Сиистонӣ)


Зиндагиномаи Фаррухии Сиистони, Хаёт ва фаъолияти Фаррухии Сиистони, Ашъори/эчодиёти Фаррухии Сиистони, Абулхасан Али ибни Чулуги Сиистони.

ҚаблӣМаълумот дар бораи Интернет
БаъдӣТарҷеъбанд (аз Фаррухии Сиистонӣ)