Тарҷеъбанд (аз Фаррухии Сиистонӣ)

Тарҷеъбанди мазкур аз эҷодиёти Фаррухии Сиистонӣ оварда мешавад. Оиди зиндагиномаи Фаррухии Сиистонӣ инҷо<< хонед.

Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд,
Ҷаҳон аз cap ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
Баҳори ғамгусор ояд, ки ҳар касро ба кор ояд,
Баҳоре, к-андар ӯ ҳар рӯз майро хостор1 ояд.
Зи ҳар боде, ки бархезад, кунун бӯи баҳор ояд,
Кунун моро зи боди бомдодӣ бӯи ёр ояд.
Чу рӯйи кӯдакони мо дарахти гул ба бор ояд,
Нигори лоларух бо мо ба хуррам лолазор ояд.
Майи мушкин гусорад то гаҳи бӯсу канор ояд,
Чаро хуш гардаду бо табъи хусрав созгор ояд…

Киро май хӯрдан ойин аст, май хӯрдан кунун бояд,
Бипурс аз ман, ки май хӯрдан дар ин айём чун бояд?
Нахуст андар миён боре майи беҷодагун2 бояд,
Пас он гаҳ соқии покиза чун симинсутун бояд.
Ду-се рӯзе ба як ҷо сохта чун арғунун3 бояд,
Суруди мутриби сода ҳамора4 раҳнамун бояд.
Ба ҳар рӯзе, ки май хӯрдӣ, тараб кардан фузун ояд,
Мувофиқ дӯстон як дил ҳаме некозмун бояд.
Дил андар шодию ромиш ба орому сукун бояд,
Зи маҷлис душмани хусрав ба ҳар ҳоле бурун ояд…

Баҳор омад ҳамегӯӣ бирав то гул ба бор ояд,
Ҳаме навмедиям з-ин ваъдаи навмедвор ояд.
Туро з-ин ваъда андар дил ба рӯзе сад ҳазор ояд,
Маро, оре, бад-ин гуфторат, эй ҷон, устувор ояд.
Чу чизе аз ту бишнидам дил онро хостор ояд,
Гар андар дил надорӣ бод паймудан5 чӣ кор ояд?
Туро тарсам, ки бӯси ман ҳаме бар чашм хор ояд,
Надонӣ, к-ин лаби ман бар бисоти шаҳриёр ояд…

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шеър дар бораи одоб


Луғат

  1. Хостор – хоҳиш, майл.
  2. Беҷодагун – сурхранг.
  3. Арғунун – номи асбоби мусиқӣ.
  4. Ҳамора – ҳамвора, доим, ҳамеша.
  5. Паймудан – ҷустуҷӯ, кофтан ва ин ҷо бод паймудан ба маънии кори беҳуда омадааст.

Тарчеъбанди «Хамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рузгор ояд», Ашъори/эчодиёти Фаррухии Сиистони, Тарчеъбанд (аз Фаррухии Сиистони)

ҚаблӣФаррухии Сиистонӣ
БаъдӣГеография чист? (Илми География – Ҷуғрофия)