Ин мақола Оё медонед ном дошта дар он маълумотҳои ҷолиб оварда мешаванд. Хонед ва ба дӯстонатон фиристед (поделиться).
Бразилия ягона кишварест, ки дар тамоми мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонӣ оид ба футбол иштирок кардааст.
Калонтарин фурудгоҳи байналмилалии ҷаҳон дар Ҳонконг ҷойгир шудааст.
Мексика дар истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.
Баъди зарба суръати тӯбчаи голф ба 270 км/соат баробар мешавад.
Лонаи уқоб метавонад то 2 тонна вазн дошта бошад.
Асал ягона ғизоест, ки таркибаш ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад.
Занбӯри асал барои ҷамъ кардани гарди гулҳо ҳазорҳо километрро тай мекунад. Аз ҳама аҷибаш ин аст, вай бе қутбнамо, аз рӯйи гардиши офтоб самти ҳаракаташро муайян месозад. Илова бар ин, асали тайёркардаашро бо эҳтимоми зиёд дар кандуҳои геометрӣ, ки мисли муҳандиси кордон бо ҳисобҳои нозук ва дақиқ бунёд кардааст, ҷой медиҳад.
Бештар >>>>>