Аз рӯйи солшумории ниёгони мо 22-юми сентябр оғози моҳи Меҳр аст. Рӯзи шонздаҳум – рӯзи Меҳрмоҳро эрониёни қадим муборак шумурда ид мекарданд ва ин рӯзро Меҳргон меномиданд.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ аз рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
Масъуди Саъди Салмон
Ин моҳро аз он сабаб Меҳрмоҳ мегӯянд, ки мардумон ба якдигар дар ин моҳ бештар меҳрубонӣ мекунанд. Аз ҳосили ғаллаву меваҳо ба ҳамдигар ҳадя медиҳанд.
Дар замони мо ҷашни Меҳргонро ҳамчун ҷашни ҳосил қайд мекунанд. Дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон зироати ғалладона пухта мерасад. Сабзавоту меваҳо ҳосили фаровон медиҳанд. Рӯйи дастархонро ҳама гуна дастранҷи деҳқонону боғдорон зебу зинат мебахшанд.
Меҳргонро, аз рӯйи ривоятҳо, аз рӯзи ғалаба ё пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ҷашн мегиранд.
Иди мехргон, чашни мехргон, иншо дар бораи Иди Мехргон, мехрмох, иншо дар васфи Иди Мехргон, иншо Мехргон