Зафарнома

Дар рӯзгори Анушервони Одил1 хеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои он аср ҳама парҳезгор будаанд.

 Як рӯз Анушервон Бузургмеҳрро талаб кард ва гуфт:

       -Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафз андак, маони бисёр ҷамъ созӣ, чунон, ки дар дунё ва уқбо судманд бошад.

Бузургмеҳр як сол муҳлат хост ва ин чанд калимотро ҷамъ кард. Ва ба назди Анушервон бурд ва ӯро хуш омад ва фармуд, ки калимотро ба оби зар нависанд ва доим бо худ медошт ва аксар вақт мутолиаи ин китоб менамуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бузургмеҳр забон бикушод ва гуфт:

-Аз устоди худ пурсидам:

-Эй устод, аз Худои азза ва ҷалла2 чӣ хоҳам, ки ба ҳамаи некуиҳо хоста бошам?

Гуфт:

-Се чиз: тандурустӣ, амонӣ ва тавонгарӣ.

Гуфтам:

-Корҳо ба кӣ супорам?

Гуфт:

-Ба он кас, ки шоиста бошад.

Гуфтам:

-Аз кӣ эмин бошам?

Гуфт:

-Аз дӯсте, ки ҳасуд набошад.

Гуфтам:

-Чӣ чиз аст, ки Бихиштро сазовор бошад?

Гуфт:

-Илм омӯхтан ва ба ҷавонӣ ба кори хуб машғул будан.

Гуфтам:

-Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар намояд?

Гуфт:

-Ҳунари худ гуфтан.

Гуфтам:

-Чун аз дӯст ношоист падид ояд, чӣ гуна аз вай дӯстӣ бибояд бурид?

Гуфт:

-Ба се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай хоҷат нахостан.

Гуфтам:

-Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некутар?

Гуфт:

-Аз ҷавонон шарм ва далерӣ ва аз пирон дониш ва оҳистагӣ. Гуфтам:

-Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор бошем?

Гуфт:

-Аз мардуми чоплус ва хасис, ки тавонгар шуда бошанд. Гуфтам:

-Сахӣ кист?

Гуфт:

-Он кас, ки саховат кунаду дилшод шавад.

Гуфтам:

-Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?

Гуфт:

-Се чиз: тандурустӣ, шодӣ ва дӯсти мухлис.

Гуфтам:

-Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?

Гуфт:

-Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост.

Гуфтам:

-Ҳеҷ ҳунаре бошад, ки айб шавад?

Гуфт:

-Саховате, ки бо миннат бувад.

Гуфтам:

-Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?

Гуфт:

-Ростӣ.

Гуфтам:

-Чӣ чиз аст, ки бар далерӣ нишон аст?

Гуфт:

-Авф кардан чун қодир шавӣ.

Гуфтам:

-Аз зиндагонӣ кадом зоеътар аст?

Гуфт:

-Он соат, ки некӯӣ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад. Гуфтам:

-Аз фармонҳо кадом фармонро хор набояд кард?

Гуфт:

-Се, аввал фармони Худои азза ва ҷалла, дувум фармони оқилон, савум фармони падару модар.

Гуфтам:

-Чӣ чиз аст, ки кори мардумро хароб кунад?

Гуфт:

-Ситудани ситамкорон.

Гуфтам:

-Дунё ба чӣ тавон ёфт?

Гуфт:

-Ба фарҳанг ва сипосдорӣ.

Гуфтам:

-Чӣ кунам, ки бар табиб хоҷат набошад?

Гуфт:

-Кам хурдан, кам хобидан ва кам гуфтан.

Гуфтам:

-Аз мардумон кӣ оқилтар аст?

Гуфт:

-Он ки кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр хонад.

Гуфтам:

-Хорӣ чист?

Гуфт:

-Коҳилӣ ва фасод.

Гуфтам:

-Ранҷ аз чист?

Гуфт:

-Аз танҳоӣ.

Гуфтам:

-Чист, ки ҳамийятро9 барад?

Гуфт:

-Тамаъ.

Гуфтам:

-Дар ҷаҳон чӣ зиштар?

Гуфт:

-Ду чиз: тундӣ аз подшоҳон ва бахилӣ аз тавонгарон. Гуфтам:

-Асли тавозуъ чист?

Гуфт:

-Рӯй тоза доштан ва ба охир аз худ хуш будан.

Гуфтам:

-Тадбир аз кӣ пурсем?

Гуфт:

-Аз он кас, ки се фазилат дар вай бошад: дили пок, муҳаббати нек ва дониши тамом.

Гуфтам:

-Некуӣ ба чанд чиз тамом мешавад?

Гуфт:

-Ба тавозуъи бетаваққуф10 ва саховати беминнат ва хизмат бе талаби мукофот.

Гуфтам:

-Агар илм омӯзам, чӣ ёбам?

Гуфт:

-Агар хурд бошӣ, бузург ва номдор, агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ, агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Нушервон ё Анушервони Одил – подшоҳи оқилу одил буда, дар аҳдисулолаи Сосониён (226-651) бо номи Хусрави Парвиз шоҳӣ кардааст. Бузургмеҳр вазири хирадманду донишманди Хусрав буд. Шоҳ ҳамеша бо маслиҳату машварати Бузургмеҳр давлатдорӣ мекард.
  2. Дар дунё ва уқбо судманд бошад – маънояш: дар ҳамин дунё ва охиратманфиатнок бошад.
  3. Худои азза ва ҷалла – Худои азизу меҳрубон, бузургу арҷманд.
  4. Эмин бошам – осуда, бехавф бошам, дар амон бошам.
  5. Ҳасуд – бахил, нотавон.
  6. Маънояш – дасте, ки дар ҳаққат бадӣ карда бошад, дӯстиро нашоядва аз ӯ халос бояд шуд.
  7. Саховат – ҳадя, некие, ки бе миннат карда бошӣ.
  8. Ситудан – ситоиш, таъриф кардан.
  9. Ҳамийят – номус, орият, ғайрат.
  10. Бетаваққуъ – бе умедворӣ аз чизе, аз касе.

Анушервон ва Бузургмехр, панду андарзи точики, насихатномаи Бузургмехр

ҚаблӣДар роҳ (ҳикоя)
БаъдӣБозиҳои олимпӣ чӣ гуна пайдо шудаанд?

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед