Шеър дар васфи иди Меҳргон

Шеърхо дар бораи иди Мехргон, Шеър дар васфи иди Мехргон аз сомонаи www.Donishju.net >


Ба рӯзи ҳуҷаста сари меҳрмоҳ
Ба сар барниҳад он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини каёнӣ ҷашни нав сохтанд …

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан оини ӯст. 

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эҷ манмой чеҳр.

Абулқосим Фирдавсӣ

 

Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,
Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

Манучеҳрии Домғонӣ.


Меҳргон омад, ҷашни малик Афредуно,
Он куҷо гов беҳ парвараш Бармоюно.
Абумансури Дақиқӣ.


Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзо, эй нигар, меҳри чеҳри меҳрубон.
Масъуди Саъд.


иди мехргон

МЕҲРГОНИ МЕҲРБОН

Аз сабо пайғоми ҷон ояд ҳаме,
Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме.

Бо ҳазорон каф Фаридуни чанор
Зарфишон дар бӯстон ояд ҳаме.

Бод бол аз барги гул бикшодааст,
Чун ҳумои парфишон ояд ҳаме.

Мечакад хун аз ду рухсори анор,
Лаъли дандонаш аён ояд ҳаме.

Ҳарчи пинҳон дошт аз мо то кунун,
Ин замонаш бар забон ояд ҳаме.

Рафт моҳи тиру омад моҳи меҳр,
Меҳр бе тиру камон ояд ҳаме.

Ҳофиз аз Шерозу Салмон аз Ироқ,
Бедил аз Ҳиндустон ояд ҳаме.

Ҳар ки меҳре парварад, дар Меҳргон
Сӯйи шоҳи Мулиён ояд ҳаме.

Рустами Ваҳҳоб 15 октябри 2019


Маълумот оиди иди Меҳргон инҷо

Иди Меҳргон – маълумот, иншо ва эссе дар бораи чашни Мехргон

шеърхо барои иди мехргон, шеърхо дар васфи иди Мехргон, шеър дар васфи иди мехргон, скачать бесплатно картинки, шеърхои точики, дар васфи чашни мехргон, гуфтахои бузургон дар васфи иди Мехргон, ҷашни Меҳргон муборак!

ҚаблӣИди Мехргон
БаъдӣИди Меҳргон – маълумот, иншо ва эссе дар бораи чашни Мехргон