Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Чабри устод бех зи мехри падар – иншо дар бораи устод “Устод бехтарин падар”. Иншо дар васфи Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар, Чабри устод бех аз мехри падар (иншо), Эссе дар бораи муаллим >>

шеър барои муаллим

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вақте калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеьдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд:

Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба касе омӯзад.

Шахсоне ҳастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин қобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили ҳама гуна афрод бо ҳунари волояшон роҳ ёфта, ҳаваси омӯхтани ҳунареро бедор карда, ҳаётро рангинию хушӣ бахшанд. Воқеан муҳим аст, ки ҳар шахс бояд ҳамин гуна шахсияти ғамхор буда, дар зиндагӣ ягон амали хайреро анҷом диҳад.

Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро кадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе захмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост.

Албатта, шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, бе иззат буда, наметавонад маҳсули меҳнати ҳар як инсони асил аз ҷабри заҳмати кашидааш падид меояд. Ба қавли Румии бузург:

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анҷом расонда соҳибобрӯ гашт.

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

Бале, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон – нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад:

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури басар набошад…

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Зинда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.


Калидвожаҳо: иншои озод, мавзуи озод, Устод – бехтарин падар, муаллим.

Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар! (ҳикоя) >> 

ҚаблӣТабрикот барои рузи муаллим (омузгор, устод)
БаъдӣИди Мехргон