Тасаввуроти умумӣ дар бораи таснифот (навъ, авлод, оила, тартиб, синф, шуъба)

Рустанӣ / растанӣ ‒  организми зинда. Тасаввуроти умумӣ дар бораи таснифот (навъ, авлод, оила, тартиб, синф, шуъба).


Олами наботот бисёр ҳам гуногунхел ва рангоранг аст. Аз рӯйи маълумоти олимони набототшинос бармеояд, ки олами рустаниҳо зиёда аз 350 ҳазор навъ ё хелро дар бар мегиранд, лекин ин ҳадди охирин набуда, набототшиносон дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмии сершуморашон бисёр намудҳои наву барои илм номаълумро дарёфт мекунанд.

Аз рӯйи аломату хусусиятҳои ба якдигар монанд ё фарқкунандаашон ба тартиби муайяни илмӣ даровардани рустаниҳои гуногунро илми таснифоти наботот ба уҳда дорад. Таснифоти наботот ба хелу гурӯҳҳо ҷудо намудани рустаниҳо ва онҳоро номгузорӣ карда, омӯхтан аст. Чунин гурӯҳбандӣ кардани рустаниҳо имкон медиҳад, то муайян кунем, ки чӣ андоза онҳо тавассути аломатҳои зоҳириашон байни якдигар монандӣ ё фарқ доранд.

Ҳамин тавр, фардҳои аз ҷиҳати сохт ва фаъолияти ҳаётиашон ба ҳамдигар наздик ё хешро хел ё навъи рустаниҳо меноманд. Дар навбати худ, хелҳои ба якдигар наздик ба авлод, авлод – ба оила, оила – ба тартиб, тартиб – ба синф, синф – ба шуъба гурӯҳбандӣ ё муттаҳид карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки хел ё навъ воҳиди асосии таснифотӣ ба шумор меравад. Онҳо дар ҳама гӯшаю канори сайёраамон вомехӯранд. Мо онҳоро мебинем ва ҳис мекунем. Вақте ки сухан дар бораи рустании муайян, масалан, картошка, себ, арча, писта ва ғайраҳо меравад, мо дар айни замон хели онҳоро дар назар дорем. Вале ҳангоме ки доир ба гуногунхелии рустаниҳои ягон маҳал ё муҳити ҷуғрофӣ, масалан, набототи дараи Варзоб ё Ромит сухан меравад, мо гуногунхелии набототи он маҳалҳоро дар назар дорем. Рустаниҳои як навъ метавонанд, ки якдигарро гардолуд кунанд, бордор шаванд ва насл диҳанд (тухм ҳосил кунанд). Навъҳои гуногуни дар табиат зиндагикунанда, ки нисбати якдигар номувофиқатӣ доранд, байни худ дурага шуда наметавонанд, зеро онҳо бо як қатор аломатҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Ҳар як навъ дар шароити муайяни макони зист вомехӯрад ва дорои минтақаи муайяни паҳншавӣ мебошад. Баъзе намуди рустаниҳо агар минтақаи васеи паҳншавиро доро бошанд (масалан, най ё қамиш дар тамоми мамлакатҳои кураи Замин, хусусан дар муҳити соҳили дарёву ҷӯйборҳо ва обанборҳо вомехӯрад), минтақаи паҳншавии баъзе хелҳои дигари рустаниҳо ниҳоят маҳдуд мебошад. Дар табиат намудҳое вомехӯранд, ки фақат дар як ҷазираи хурд ё дар қуллаи ягон кӯҳ ба таври маҳдуд сукунат доранд.

Номгӯйи ҳар як навъи рустанӣ аз ду калима иборат аст. Агар калимаи аввал номи авлодро ифода кунад, калимаи дуюм номи аслии хелро нишон медиҳад. Чунончи, зардолуи муқаррарӣ, себи хонагӣ, арчаи зарафшонӣ ва ғайра.

Дар миқёси умумиҷаҳонӣ тасниф ё номгузории наботот бо забон ва ҳуруфи лотинӣ сурат мегирад, ки ин тарзи ифодакунӣ барои тамоми набототшиносони ҷаҳон ба ҳукми қонун даромадааст ва барои ҳамаи онҳо фаҳмост. Чунончи: настарани муқаррарӣ бо забони лотинӣ Rosa canina ё ноки тоҷикистонӣ Pyrus tadjikistanica.

Дар соҳаи кишоварзӣ дар дохили ҳар як навъи рустаниҳои зироатӣ метавонад боз хелҳои зиёде мавҷуд бошанд. Масалан, агар дар табиат ҳамагӣ 20 хели гандум вохӯрад ҳам, дар айни замон зиёда аз 4000 навъи гандум маълум аст, ки онҳо ҳарчанд бо баъзе аломатҳои муҳиммашон ба якдигар монанд бошанд ҳам, аз рӯйи дигар аломатҳояшон аз якдигар фарқ мекунанд. Зеро дар табиат ташаккулёбии навъ дар давоми солҳои дуру дарози таърихӣ амалӣ мегардад, вале хели рустаниҳои зироатӣ аз рӯйи мақсад ва пешбинии муайян ҳамчун дастранҷи фаъолияти созандагии инсон ба вуҷуд оварда мешавад. Ҳамин тавр, навъ маҳсули дастоварди самараноки инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар як хел дорои хосияти худ буда, аз хел бо он фарқ мекунад, ки хелҳои гуногуни дохили як навъ метавонанд бо якдигар бо осонӣ дурага шаванд.

Настарани самарқандӣ, настарани муқаррарӣ, настарани Овчинников хелҳои гуногуни як авлод – авлоди настаран мебошанд. Дар навбати худ, авлоди настаран, авлоди дӯлона, авлоди себ, авлоди шафтолу ва ғайраҳо ба як оила – ба оилаи настаранҳо мансубанд. Оилаи настаран, оилаи сангшиканак ба тартиби настарангулҳо сарҷамъ оварда шудааст. Тартиби настарангулҳо, тартиби чиноракгулон бо як қатор дигар тартибҳо синфи рустаниҳои дупаллагиро ташкил медиҳанд. Хешовандии дар дохили рустаниҳои ба як оила тааллуқдошта нисбати рустаниҳои ба як тартиб муттаҳидкардашуда хеле наздик ва назаррас аст. Муносибати хешовандӣ дар дохили як авлод нисбат ба оилаи тааллуқдоштааш боз ҳам наздиктар аст. Синфҳои ба якдигар наздикро ба шуъба муттаҳид мекунанд.

Ҳамин тавр, тамоми рустаниҳои гулдор (синфи рустаниҳои якпалла ва дупалла) шуъбаи рустаниҳои гулдор ё пӯшидатухмҳоро ба вуҷуд меоранд.

Шуъба воҳиди калони таснифотӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми олами наботот, ки 350 ҳазор навъҳои гуногунро дар бар мегирад, ба 15-18 шуъба сарҷамъ оварда шудааст. Рустаниҳои ҳар як шуъба сохтор ва аломатҳои муҳимми умумӣ доранд. Масалан, тамоми намояндагони шуъбаи пӯшидатухмон гул доранд, бордоршавии онҳо дучанда буда, тухммуғҷаашон дар дохили ғӯрак ҷойгир аст.

ҚаблӣМуқаддима – Китоби Ботаника синфи 6
БаъдӣОбсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)