Масъалаҳои ҷаҳоншумул (глобалӣ)

Даврони муосир пешорӯйи ҷомеа пайваста мушкилоти ҷадиде мегузорад, ки ба дарки фалсафӣ ниёз доранд ва масоили глобалӣ, ҷаҳоншумул аз ҷумлаи онҳоянд. Истилоҳи барои ифодакунии ин мушкилиҳо истифодашаванда «глобалӣ» аз калимаи лотинии курраи замин баромада, он  маҷмӯи  масъалаҳоеро дарбар мегирад, ки аз ҳалли  онҳо  пешрафти иҷтимоӣ ва нигоҳдошти тамаддунҳои муосир вобаста аст. Дар қомусҳои фалсафӣ ба  он ишора меравад, ки  истилоҳи мазкур («мушкилаҳои ҷаҳоншумул») дар солҳои 60- ум барои ифодаи маҷмӯи томи масойили нисбатан мубрами умумибашарӣ ба таври  густарда истифода шуда, мавриди баррасиҳои илмӣ қарор гирифт. Ба гурӯҳи ин масоил дар  навбати  аввал инҳоро шомил мекунанд: пешгирӣ кардани ҷанги ҷаҳонии термоядроӣ ва таъмин сохтани  шароити осоишта барои рушди инсоният; бартараф намудани нобаробарии афзояндаи дараҷаи рушди иқтисодӣ ва даромадҳо ба ҳар сари аҳолӣ байни мамолики мутараққӣ ва мамолики рӯ ба инкишофу тавсиъанаёфта бо роҳи  рафъсозии қафомондагии ахириҳо; инчунин аз миён бардоштани гурӯснагӣ, қашшоқӣ ва бесаводӣ дар курраи замин; қать кардани афзоиши босуръати аҳолӣ (таркиши демографӣ дар мамолики рӯ ба тараққӣ) ва бартараф кардани хатари камшавии нуфус дар мамолики мутараққӣ; пешгирӣ намудани ифлосшавии фалокатбори  антропогении муҳити атроф, минҷумла атмосфера, уқёнуси ҷаҳонӣ ва ғ.; таъминсозии рушди минбаъдаи иқтисодии башарият бо захоири зарурии табиии ҳам  таҷдидпазир ва ҳам  таҷдиднопазир, ба шумули озуқа, ашёи саноатӣ ва манобеи нерӯ (энержӣ); пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии  инқилоби илмӣ – техникӣ ва ғайра. Дар ҳоли ҳозир инчунин мушкилиҳои ҳифзуссиҳат (масалан, таҳдиди пандемияи Вабои норасоии маннӯъияти бадан(ВНМБ), ҷинояткории байналхалқӣ (асосан, терроризм ва нашъаҷаллобӣ), коҳиши сатҳи таълим ва тарбияи насли наврас, нигоҳдошти арзишҳои  иҷтимоию  фарҳангӣ,  ба шуури экологии курраи замин мутаваҷҷеҳ сохтани  аҳолӣ,  бартараф сохтани худпарастии молию иҷтимоӣ низ хусусияти оламшумулӣ касб кардан доранд. Мушкилаҳои  оламшумул, ки  пештар низ ба ин ё он андоза ҳамчун ихтилофи маҳдуди минтақавӣ вуҷуд доштанд, дар даҳсолаҳои ахир бинобар қатъан тезутундшавии нобаробарии пешрафти иҷтимоӣ – иқтисодӣ  ва илмӣ — техникӣ, инчунин раванди афзояндаи байналмиллалишавии кулли фаъолияти ҷамъиятӣ ва муттаҳидгардии башар, хусусияти курраназарӣ касб намудаанд. Хосияти таҳдидбарангези мушккилаҳои оламшумул аз бисёр ҷиҳат пайванде доранд бо воситаҳои афзояндаи таъсиррасонии инсоният ба олами атроф  ва вусъати бузурги фаъолияти хоҷагидории он, ки  бо  равандҳои табиии инкишофи геологӣ ва соири равандҳои кура қиёснашаванда гардид.

Дар ҳоли ҳозир истилоҳи «глобалистика» истифодаи густарда пайдо карда истодааст, ки ба баррасии мушкилаҳои оламшумулӣ иртиботи зич дорад. Глобалистика ин маҷмӯи пажӯҳишоти  илмии ба ошкор сохтани моҳияти мушкилаҳои оламшумул ё мушкилаҳои ба манфиати умуман башарият дахлдошта ва ҷустуҷӯи роҳҳи бартарафкунии онҳо нигаронида шудааст. Дар маънои нисбатан густарда ин истилоҳ барои  ифодаи соҳаи тадқиқотҳои байнифаннии ба дарки ҷанбаҳои мухталифи мушкилаҳои ҷаҳоншумул нигаронидашуда истифода мегардад. Ба ҷанбаи фалсафии глабалистика пажуҳишҳои мартуб ба дарки масойили  хосияти умумии ҷаҳонбинӣ доштаи масоили глобалӣ (маънои ҳаёт, муназзамият, сабабгароӣ, таносуби зарурату тасодуф ва ғ.), масойили  маърифатпазирӣ – гносеологӣ(амсоли, масалан, масъалаҳои ҳакиқат ва дурӯғ дар ҳоли воқиф  будани  аҳолӣ аз моҳияти ин масъалаҳо), масъалаҳои  ахлоқӣ (мартуб ба масъулият, ба мақоми ахлоқ дар сиёсати башарӣ ва ғ.), масойили  фалсафии иҷтимоӣ (роҷеъ ба меъёрҳои  пешрафти иҷтимоӣ, доир ба асосҳои моддии  рушди  ҷомеа ва ғ.) дохил мешавад. Коркарди ҷанбаи фалсафии глобалистика дар оянда ба монанди мушкилаҳои фалсафии физика ё фарз кардем,  мушкилаҳои фалсафии тибби назариявӣ имконияти ташаккули як фанни мустақилро  дар  доираи фалсафа дорад. Дар замони мо глабалистика яке аз сарчашмаҳои умдаи тавсеаи тасаввурот роҷеъ ба воқеият дар  фалсафаи иҷтимоӣ мебошад.

Дар глобалистика ҷудо кардани  се гурӯҳи  мушкилаҳои  умдаи оламшумул қабул гардидааст: мушкилаҳои хосияти байнидавлатидошта (мушкилаҳои  байналхалқӣ), мушкилаҳои экологӣ ва мушкилаҳои демографӣ (зинда мондан,  тандурустӣ,  маориф).

Ба баъзе далоиле рӯ меорем, ки шаҳодат аз зарурияти воқеан ҳам дар сатҳи умумибашарӣ мавриди баҳсу андешаронӣ қарор додани баъзе аз масъалаҳое, ки имрӯз таҳти унвони масъалаҳои оламшумул ном бурда мешаванд, вуҷуд дорад. Дар гурӯҳи аввал ҷангҳои минтақавӣ ва хатари  таҳдиди истифодаи яроқҳои қатли омм қарор мегиранд. Аз соли 3500 то мелод инҷониб башарият танҳо 292 сол тавонистааст бидуни ҷанг зиндагӣ кунад. Дар замони боқӣ 14530 ҷанг сурат гирифтааст ва ин ҷангҳо аз рӯи миқёсу давомнокияшон гуногун буданд. Аммо бешакк дар қарни ХХ миқёсияти фалокатбории иҷтимоии ҷангҳо ба маротиб иртифоъ ёфта, онҳо қитъаҳои бутун, даҳҳо кишварҳо ва миллиёнҳо мардумро фаро гирифтаанд. Дар ҷанги якуми ҷаҳон 38 давлат, дар ҷанги дуюми ҷаҳон 61 давлат ва 80 % тамоми  аҳолии курраи Замин ширкат варзид. Бисёр ҷангҳои миқёсан маҳдуде ҳам ба вуқӯъ омаданд, ки хатари ба муноқишоти густурдаи байналхалқӣ табдил ёфтанро доштанд (чунончи, ҷангҳо дар  Ветнам, Афғонистон, Ироқ ва ғайра). Ҳамеша дар ҳама ҷо ҷангҳо чун фоҷиаи башарият падидор шуда, талафоти инсониро ба бор доштанд. Дар асри 17 дар ҷангҳо 3,3 млн одам, дар қарни 18  5, 5 млн, дар қарни 19  16 млн. нафар ҳалок шуданд. Дар садаи ХХ фақат ду ҷанги ҷаҳонӣ ҷони 60 млн. нафарро  рабуд (ба ИҶШС аз онҳо, тибқи маълумоти расмӣ – 27 – млн. одам рост меояд). Миёни ҳалокшудагон теъдоди қурбониҳо аз шумораи аҳолии осоишта хатари босуръат афзуданро дорад. Агар дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳарбиён дар нисбати аҳолии осоишта 20 маротиба зиёдтар ҳалок шуда бошанд, дар ҷанги  дуюми ҷаҳон ин шумора баробар шуд. Дар ҷанги Куриё (1950 — 1953) талафоти аҳолии осоишта  нисбати ҳарбиён 5 маротиба бештар буд. Ҷанги ветнамӣ бо талофоти 20 каратаи аҳолии осоишта шӯҳрат ёфт. Тибқи баъзе манобеъ, дар даврони мо миқдори бузурги  лавозимоти ҷанги ҳастаӣ ғун шудааст, ки худи нигоҳдориашон таҳдид ба башарият  дорад. Ба ҳар сокини сайёра қариб 3,5 тонна моддаи таркандаи ҳастаӣ рост меояд. Бо ин миқдор кулли мавҷудоти зиндаи заминро 15 маротиба аз байн бардоштан метавон. Дар сайёра 430 нерӯи барқи атомӣ амал мекунад, ки имкони таҳдид ба мавҷудияти тамаддуни  башарӣ доранд. Дар як қатор мамолики пешрафта намудҳои ҷадиди аслиҳа коркард мешаванд: аслиҳаи нурафшонӣ, инфрасадоӣ, генетикӣ, психотропӣ ва ғ., ки дар сурати истифодаи амалияшон ба башарият ҳалокат таҳдид дорад. Ҳатто агар касе дар ин сӯхтори атомӣ зинда бимонд ҳам, ворисонаш мубталои осебҳои гуногун хоҳанд шуд. Маводи овардашуда нишон медиҳад, ки роҳ додан ба ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҳатто дар шакли маҳдуд дар ҷаҳони муосир то чӣ андоза хатарзост. Аз ин рӯ ба сарварони мамолики дорои аслиҳаи атомӣ зарурати доштани ақли солим, андешидани тадобири фаврию таъхирнопазир дар ростои  роҳ надодан ба муноқишоти ҳарбӣ ва коҳиши ҳадди  муайяни яроқи ҳастаӣ  ба миён меояд.

Миёни гурӯҳи мушкилаҳои дар боло ишорашуда рушди нобаробари иқтисодӣ ва сатҳи даромад ба ҳар сари аҳолӣ байни кишварҳои мутараққию рӯ ба рушд, инчунин мавҷудияти гуруснагӣ ва қашшоқии аҳолӣ дар кишварҳои пасмонда низ ба чашм мехӯрад. Ҳарчанд мамолики рӯ ба инкишоф аксаран давлатҳои кишоварзианд, аммо аксарияташон наметавонанд худро пурра бо озуқа таъмин кунанд. Дар  ин сарзаминҳо ҳарсола беш аз 500 млн одам азияти  гушнагӣ  кашида, 1,5 млрд. кас маҳрум аз ёрии оддитарини тиббианд. Беш аз 100 млн одам макони зисти хуб надоранд, 23 % кулли аҳоли  замин аз рӯйи ченаки кишварҳои ғарбӣ мутлақо фақиранд. Дар як қатор кишварҳои рӯ ба тараққӣ нишондиҳандаҳои идомати миёнаи ҳаёт хеле паст аст: дар Ҳабашистон – 41, Афғонистон – 40,5, Индонезиё – 50,  Ҳинд – 51,5 ва ғ., дар ҳоле ки дар давлатҳои мутараққӣ он ба 75 – 76 сол мерасад. Иллатҳои чунин ҳоли фақиронаи кишварҳои заиф рушдёбанда дар қаъри мавҷудияти низоми мустамликадории чандасра, ҳукмронии кишварҳои ғарбӣ аз болои ин сарзаминҳо, бераҳмона ғорат кардани сарватҳои  табиии онҳо, рушди якпаҳлӯяи хоҷагӣ ва ғ. нуҳуфтаанд. Ин ҳама падидаҳо он сатҳи пешрафтеро, ки ин мамлакатҳо таҳти нуфузи кишварҳои пешрафта  дар самти наздикӣ ба баъзе унсурҳои муосири фарҳангӣ, сохтмони муассисоти саноатӣ, роҳҳои оҳан ва ғайра ба даст овардаанд, хеле ночиз, ҳақир нишон медиҳанд. Дар ҳоли ҳозира рушди аксари мамлакатҳо кӯшиши ба равандҳои ҷаҳоншумулӣ бахшидани самтеро доранд, ки ба манофеи  иқтисодию геостратегии онҳо ҷавобгӯст, яъне акқалият ба аксарияти башарият шартҳои муайяни ҳаётро таҳмил мекунад. Тибқи консепсияи нави ҷомеаи кушода, ки кишварҳои пешрафта онро модели беҳтарини муносибат меҳисобанд, мушкилаи интихобро на сохти сиёсӣ, на захираи зеҳниятӣ, на захираи табиии ин ё он кишвар, балки қонунҳои бозор ҳаллу фасл мекунанд, ки аз рӯйи онҳо фақат иддае мутобиқгаштагон имконияти зинда  монданро пайдо мекунанд. Пешорӯйи  иттиҳоди  кишварҳои аз лиҳози саноатӣ мутараққӣ вазифаи расонидани кӯмаки  муҳиму доимӣ ба  мамолике, ки ба андозаи бояду шояд қудрати саноаташонро  инкишоф доданро надоранд, меистад, то ин ки бо ин васила рушди устувори иқтисодии худро таъмин кунанд ва ба дараҷаи мӯътадили таъмини ҳаётии аҳолиашон ноил оянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба гурӯҳи  дуюми  мушкилаҳои ҷаҳоншумул  масоили марбут ба харобшавии захираҳои табиӣ, бӯҳрони энергетикӣ, вайроншавии биосфера, инқирози муҳити атроф ва дигар масъалаҳои хусусияти экологӣ дошта дохил мешаванд. Таърихи  рушди ҷомеа дар  садсолаҳои ахир нишон медиҳад, ки фаъолияти  фаъоли дигаргунсозандаи инсон дар нисбати табиат ба ӯ на фақат неъматҳои зиндагӣ (дар баъзе  мамлакатҳо), балки харобшавии муҳити зистро ба бор овард, ки дар натиҷаи он аксар кишварҳо ба вазъи фалокатбор  мунҷар гаштанд.  Буридану ҳалокати суръатафзойи ҷангалҳо дар Руссия, Канада, Бразилиё ва дигар  кишварҳо хосияти ҷуброннопазир гирифтан дорад. Дар 500 соли ахир аз 2/3 ҳиссаи ҷангалҳои қабати Заминро пӯшонанда нобуд карда шуданд ва ҳоло онҳо бо суръати 50 гектар дар як дақиқа нобуд шудан доранд – бо чунин суръат ҷангалзори дар рӯйи Замин мавҷудбуда  баъди 3-4 даҳсола имконияти пурра маҳв шуданро дорад.

Истеҳсолоти муосир аз табиат 100 воҳиди моддаҳоро гирифта, 3-4 воҳидашро истифода мекунад, 96-97 воҳидро ба табиат дар шакли партов баргардонида, биосфераро ифлос месозад. Кишварҳои мутараққӣ 75% захираҳои дарёфтаро истеъмол карда, ба атмосфера 60% ангидриди карбон меафкананд. Коэффитсенти фишор аз ҷонибашон ба муҳити табиӣ (ҳангоми миёнаглобалӣ, ки барои воҳиди 1 қабул шуда) ба 5 баробар аст, олами боқимонда бошад, коэффитсенти 0,6 дорад. Дар ИМА ба амосфера ҳамасола беш аз 260 млн тонна моддаи зарарнок афканда мегардад, ки ин нисфи партовҳои ҷаҳонист. Дар дигар кишварҳо-Олмон, Франсия, Британиёи Кабир, Ҷопон, Руссия низ партовҳо хеле зиёданд. Калоншавии қабати тунуки атрофи замин ба гармшавии иқлим (ба истилоҳ таъсири гармхонавӣ) мебарад, ки ин дар баъзе  манотиқ ба пайдоиши  навоҳии беборишу  хушк ва зериобмонии заминҳои наздисоҳилӣ ва шаҳрҳо оварда мерасонад. Истифодабарии фреон дар истеҳсолот ва техникаи рӯзгор ба пайдошавии сӯрохии қабати озонӣ мусоидат мекунад, ки  он афканиши нурҳои ултрабунафширо зиёд месозад (ин радиатсия ба афзойиши бемориҳои одамон боис шуда, ба идомаи наслҳо таъсири манфӣ мегузорад). Далоили мавҷуда шаҳодат медиҳад, ки ба асари ҳамин омилҳо алҳол зуҳури бемориҳои дил, омосӣ (онкологӣ), рӯҳӣ, сирояти ВНМБ ва ғ. дар олам рӯ ба афзоиш аст. Маълумотҳои ҳушдордиҳанда роҷеъ ба ҳолати ҳарорати Уқёнуси ҷаҳонӣ низ ба даст омадаанд. Ҳанӯз 40 – 50 сол муқаддам ҳадс мезаданд, ки  баландшавии ҳарорати он фақат ба дараҷаи 2 % ба обшавии яхҳо дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар Антарктида боис гашта, дар нимкураҳои Шимолию Ҷанубӣ ба зериобмонии қисмати азими манотиқи хушкӣ ва ба муҳоҷирати  оммаи  бузурги аҳолӣ бурда мерасонад. Тасаввур кардани он ки оқибатҳои  иҷтимоии ин ҳама тағйиёбиҳо чӣ гуна хоҳад шуд, душвор нест. Таҳлилоти махсус доиршудаи  даҳсолаҳои ахир нишон доданд, ки ба ибтидои ин садсола об дар  Уқёнуси чаҳонӣ ба 1% аллакай гарм шудааст.

Бисёр пажӯҳишгарони бӯҳрони экологӣ бар он ақидаанд, ки масъулияти зуҳури ин мушкилаи ҷаҳоншумул комилан ба дӯши  сарон ва гурӯҳҳои ҳукмрони кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ мутараққӣ вогузор  аст. Аммо ин кишварҳо заминаҳои ақидатию назарии зарурияти пайравӣ аз модели инкишофашонро барои кишварҳои дигар сазовори пайравӣ меҳисобанд. Зеро онҳо танҳо фарҳанги  аврупоиро ҳамчун ягона қуллаи пешрафтаи таърихи ҷаҳонӣ дониста, қабули арзишҳои ғарбӣ мардумсолорӣ, бозор, давлати ҳуқуқӣ ва ғайраро ҳамчун арзишҳои хусусияти умумибашаридошта арзёбӣ мекунанд.

Муносибат ба табиат ҳамчун ба муҳити  атрофии бесимо, ки фақат ба манфиати инсон барои истифода ва коркард ва тобеъ кардан нигаронида шудааст боиси болоравии парастиши манфиатҷӯёнаи рушди истеҳсолии муҷаррад баҳри ба даст овардани  фоида ва пул мегардад. Маҳз ҳамин гунна асоси мафкуравии модели пешрафт аз бисёр ҷиҳат боиси ба амал омадани бӯҳронҳои экологӣ мегарадад.

Боз як масъалаи муҳими хусусияти глобалӣ дошта марбут ба масъалаи нуфус аст. Моҳияти ин масъала аз он иборат, ки афзоишии пуравҷи нуфуси аҳолии сайёраи мо, ба вежа дар асри ХХ дар заминаи маҳдудияти (ва доиман кам шудани) захираҳои озуқа, ашёи хом, энергетикӣ дар кишварҳои  аз лиҳози иқтисодӣ заиф ба амал меояд, ки он дар ниҳоят гуруснагӣ, беморӣ, дигар мушкилиҳои иҷтимоиро ба амал меорад. Роҷеъ ба афзоиши босуръати нуфус чунин далоил шаҳодат  медиҳанд. Агар дар сайёраи мо 15 ҳазор сол пеш – 3 млн одам, дар оғози  давраи мо – 170 млн. одам зиста бошад, ба ибтидои соли 1000 – ум – 265 млн,  ба соли 1500 ум – 425 млн, ба с. 1800- 905 млн, одам умр ба сар бурдаанд.   Нахустин миллиард дар с Оли 1820, дуюм – аллакай дар с. 1927, сеюм – дар соли 1959, чорум – дар соли 1974, панҷум — дар соли  1986, шашум —  дар соли 1999 даст дод. Ҳар сол дар сайёра қариб 100 млн, одам пайдо шуда, интизор меравад, ки ба соли 2100 дар рӯйи Замин 10- 11 миллиард одам хоҳад зист.

Бояд тазаккур дод, ки афзойиши нуфус номутаносиб ва афзалан аз ҳисоби мамолики заиф рушдкарда сурат мегирад. Дар кишварҳои  аз чиҳати иқтисодӣ пешрафта бошад на афзоиши аҳолӣ, балки поён рафтани нуфуси аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ба чашм мерасад. Манзараи ҳавлангез, қариб беилоҷ дар ин мавридҳо ба миён меояд. Аммо олимону сиёсатмадорони  нисбатан дӯрандеш кӯшиш мекунанд, аввалан, худи моҳият ва оқибатҳои мушкилаҳои ҷаҳоншумулро ошкор намоянд, баъдан, барои қисман (ҳарчанд пурра ҳам набошад) бартараф кардани онҳо тадбирҳои муассир биандешанд (ё лоақал барномаҳои самарабахш таҳия намоянд).

Бисёр мамолики аврупои Ғарбӣ, инчунин ИМА, Ҷопун, Русия,  ва дигарон ба манотиқи  заифрушдкардаи саноатӣ, кишоварзӣ, дар мубориза бо амроз, фақирӣ, фалокатҳои табиӣ, ба танзимоварии муноқишоти  сиёсию ҳарбӣ кӯмаки  воқеӣ (ҳарчанд ғайрикофӣ ҳам  бошад) мерасонанд. Вале на ҳама вақт чунин кӯмакҳо воқеан ба бартараф сохтани оқибатҳои  манфии камтавсиаёфтагии ин кишварҳо,  ба вежа бад шудани муҳити табиӣ мусоидат мекунад. Мушкилаҳо дар ин кишварҳо ҳамчун мушкила боқӣ мондан мегиранд ва онҳоро танҳо бо кӯшишҳои  муштараки кишварҳои алъон пешқадами аз ҷиҳати  саноат рушдкарда ҳаллу фасл кардан воҷиб аст.  Дар ин ҷода нақши шомихро боистӣ олимон бибозанд ва батадриҷ дар ин росто корҳое низ дар ҳаёт  татбиқ шудан доранд.

Дарки амиқи илмии мушкилаҳои ҷаҳоншумул дар солҳои 60- ум ҷараён гирифт: инсититути мушкилаҳои оянда дар шаҳри Вена соли 1965  созмон ёфт ва соли 2000 фонди байналхалқии «Башарият» дар давлати Нидерландия таъсис шуд. Хамчунин дар Амрико «Ҷомеаи омӯзиши ояндаи олам» (Вашингтон, 1966) арзи ҳастӣ кард. Маърӯзаҳои  Клуби Римӣ- Ҳадди афзоиш «(1972)», Башарият дар дуроҳа «(1974)», Назари таҷдидӣ ба тартиботи байналмиллалӣ (1974), Бурун аз ҳаду қарни исрофкорӣ (1976) ва ғ., ки аз ҷониби ин  созмони муттаҳикунандаи табиатшиносон, иқтисоддонҳо, иҷтимоъшиносон ва намояндагони дигар ихтисосҳои (ба Клуби Римӣ Д. Медоуз, М Месарович, А. Кинг, Я. Танберген ва дигарон шомил шуданд) ба мушкилаҳои ҷаҳоншумулӣ мутаваҷҷеҳ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии онҳоро ҳадафи асосии худ қарор дод. Ба андешаи А. Печчеӣ Клуби Римӣ бояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилаҳои дарозмуддату тезутундшавандаи башарият ҷалб кунад. Ин маҷмӯи мушкилаҳои иҷтимоӣ, равонӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва сиёсӣ буда, ба он зиёдшавии аҳолии курраи Замин, босуръат ба табақаҳои зиддиятнок ҷудошавии ҷомеаҳо, афзоиши беадолатии иҷтимоӣ, гуруснагӣ, бекорӣ, таваррум (инфилятсия), бӯҳрони энергетикӣ, коҳиши захираҳои табиӣ,  номутаносубият дар савдою молияи байналхалқӣ, бесаводӣ ва низоми кӯҳнашудаи маориф, футури арзишҳои  ахлоқӣ, инчунин нафаҳмидани  мушкилаҳо ва ҳамиртиботии онҳоро  мансуб медонист. Мақсади Клуби Римӣ (ё ассотсиатсияи он) тибқи оинномааш мусоидаткунӣ ба  фаҳмиши мушкилаҳои ҷомеаи муосир буд, ки дар маҷмӯъ баррасӣ мешуданд. Дар оиннома гуфта мешавад, ки дар олам фаҳмиши он чиро таҳким бахшидан воҷиб аст, ки ин маҷмӯи  мушкилаҳо глобалӣ аз чорчӯбаҳои  сиёсӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ убур карда, имконияти таҳдид барои ҳамаи инсониятро доранд ва бинобар ҳамин ҳам кули инсоният инро бояд дарк намуда, якҷоя барои ҳалли онҳо сайъу кӯшиши намояд. Печчеӣ А. дар китобаш «Сифатҳои инсонӣ» (ба забони русӣ с. 1980 ва 1985 нашр шуда)  нигоштааст: «»Ҳини сафарҳои зиёд ман шоҳиди он мешудам, ки чи тавр одамони тамоми ҷаҳон сари ҳалли  мушкилаҳои сершумори  мураккабе  майна об мекунанд – ҳарчанд на ҳама вақт муваффақона- ва ман бештару бештар итминон пайдо мекардам ки ҳалли онҳо бидуни ба инобат гирифтани равандҳои умумисайёравӣ дар оянда ба инсоният хатарҳои тоза эҷод хоҳанд кард. Ман зарурияту муҳимияти чунин чорабиниҳоеро, амсоли азхудкунии  биёбонҳо, сохтмони заводҳоро дар як гӯшаи сайёра ё сохтмони сарбандҳоро дар дигар гӯша ба хотири ҳаллу фасли мушкилаҳои рушди манотиқу кишварҳои ҷудогонаро таҳти шубҳа қарор намедодам. Вале ҳамзамон, ба назарам чунин метофт, ки тамоми кӯшишҳоро ба татбиқи чунин лоиҳаҳо бо сарфи назар кардани бадшавии вазъи мӯътадили умумӣ дар олам, равона кардан нашояд. Гузашта аз ин, чунин таваҷҷӯҳи ошкору ниҳон ба мушкилаҳои  шахсӣ ва  бедиққатӣ ба қаринаи умумӣ мақсадноку самарабахш будани чунин кӯшишҳои башариятро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ зери шӯбҳа қарор медиҳад. Ман  ҳис кардам, ки наметавонам дар назди  худ поквиҷдон бошам, агар лооақл ин ё он гуна кӯшиши бовар кунондани одамонро ба он накунам, ки ҳама  талошу кӯшишҳои  ҳозираи онҳо кофӣ нест, ва зарур аст, ки боз дигар чораю тадобирҳое андешид, ки қатъиян аз тадобири алон андешидашуда мутавофитанд».

Аҳамияти фаъолияти Клуби Римӣ, маърӯзаю ҳисоботҳояшро баҳогузорӣ кардан душвор аст ва онҳо, бешубҳа, барои  ба ҳадафи худ расидан корҳои зиёду муфидеро анҷом дод.

Мо имкони фарогирии ҳамаи самтҳои  фаъолияти  иттиҳодияҳои илмӣ ва созмонҳои сершуморро дар ҷӯстуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилаҳои  ҷаҳоншумул надорем. Танҳо фаъолияти СММ, ба вежа ЮНЕСКО- ро дар ин ҷо қайд  мекунем. Конфронси кулли ЮНЕСКО (с- 1970) роҷеъ ба созмон додани Барномаи махсуси байналмиллалӣ «Инсон ва биосфера» қарор қабул намуд; Шӯрои байналхалқии ҳамоҳангсозӣ тадқиқотҳоро  ҳамоҳанг ва аз рӯйи 14 лоиҳа самтҳояшонро  муайян намуд. Дар соли 1972 дар Стокголм конфронси СММ оид ба мушкилаҳои муҳити атроф баргузор шуд ва аз рӯйи натиҷаҳои конфронс Ассамблеяи куллии СММ Барномаи СММ-ро оид ба муҳити атроф бо штаб- квартира дар пойтахти Кения- Найробӣ қабул кард. Дар с. 1982 Ассамблеяи СММ хартияи ҳифзи табиати таҳиянамудаи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиатро қабул намуд. Соли 2010 дар Суис конфронси сарони кишварҳо доир гашта, дар он барномаҳи ҳифзи пиряхҳо қабул шуд, ва дар он роҳбари давлати Тоҷикистон баромад намуда, зарурияти ташкили созмони таҳқотии пиряхҳоро иброз дошт.

Ҳамрадиф бо ин ва дигар созмонҳое, ки ҳадафи мубориза бо сабабҳои тавлидкунандаю амиқгардонандаи оқибатҳои манфии мушкилаҳои ҷаҳоншумул доранд, ҳаракати ҷамъияти «сабзҳо» арзи зуҳур намуда, дар иддае аз мамлакатҳо ҳамчун ҳизби сиёсӣ баромад мекунад.

Мушкилаҳои ҷанг ва сулҳ, масалан, бо пайдоиши аслиҳаи ҳастаӣ, озмоиши он дар атмосфера ва зери замин алоқаманданд; таркишҳои атомӣ дар муҳити табиии атроф тағйироти ҷиддӣ ба бор овардаанд, ки дар навбати худ, иллати афзоиши варамҳои ганда ва лейкемия гашта, мувофиқан муриши аҳолиро зиёд намудаанд.

Дар баҳогузориҳо ва зарурияти фаҳмиши моҳияти мушкилаҳои ҷаҳоншумул фалсафа кӯмаки муҳим расонида метавонад. Муносибати фалсафӣ баррасии мушкилаҳои оламшумулро дар заминаи томият ва ҳамиртиботии онҳо дар назар дорад. Татбиқи вазоифи ҷаҳонбинӣ ва методологии фалсафа дар омӯзиши мушкилаҳои ҷаҳоншумул ба гузориши саҳеҳи ин масъалаҳо мусоидат намуда, баррасии онҳо дар қаринаи таърихӣ имконият медиҳад, ки  ин масъалаҳо чун падидаҳои бо рушди ҷомеаҳо табиатан пайванд дарк карда шаванд. Ҳалли мушкилаҳои оламшумул масъалаи фавқулодда муҳиму мураккабест ва ҳанӯз бо эътимод наметавон гуфт, ки роҳҳои бартарафкуниашон пурра ёфта шудааст. Мудоме мушкилаҳо ҷаҳоншумуланд, куллианд, муттаҳид гардонидани нерӯҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои аз ҳама мубрамтарин зарур аст. Пешгузории зарурияти дарки ин масъалаҳоро ҳоло афкори ҷамъиятӣ, минҷумла фалсафа, ҳал мекунад. Маърӯзаи дар чорчӯбаи Барномаи рушди СММ таҳияшудаи «Ҷанбаи инсонии рушд- 1999» қайд мекунад, ки «олами ҷаҳонишуда ба ниҳодҳои ҷадид барои ҳалли мушкилаҳое ниёз дорад, ки онҳоро кишварҳо ба танҳоӣ наметавонанд ҳал кунанд». Таклифи таъсис додани Шӯрои амнияти иқтисодӣ ва баъзе дигар созмонҳо ба миён гузошта шудааст. Тибқи баҳогузориҳои нопурраи СММ дар с. 1993 барои боздории бадшавии вазъи экологӣ тайи 10-сол қариб 800 млрд. доллар зарур мегардад, аммо хароҷоти ҳарбӣ дар олам нисбати хароҷот ба ҳифзи табиат 3-5 маротиба зиёдтаранд.

Консепсияи рушди устувори аз ҷониби иттиҳоди ҷаҳонии илмии фалсафӣ коркардшуда алҳол васеъ муҳокима карда мешавад. Он ба он тамоюлҳои рушди ҷомъиятӣ такя мезанад, ки ба нигоҳдории мутавозинӣ дар муносибатҳои тарафайни ҷомеа бо табиат на фақат дар минтақаҳои ҷудогона, балки дар кули сайёра таваҷҷӯҳ менамояд.  Аз ин рӯ мушкилаҳои оламшумул риояи меъерҳои муайяни ахлоқиро тақозо доранд, ки ба алоқаманд сохтани талаботи афзояндаи инсон бо имкониятҳои қонеъгардонии онҳо аз ҷониби сайёра имкон медиҳанд. Муаллифони мухталиф дар ин замина самтҳо ва аносири худи сиёсати экологиро пешниҳод мекунанд. Масалан, олимони ҷудогона се самти муҳими фаъолияти ҳифзи табиатро пешниҳод доранд: афзалияти маҳдудкунӣ (маҳдудгардонии рушди истеҳсолот ва мувофиқан истеъмолот); афзалияти мутаносибгардонӣ (дарёфти дараҷаи муносибтари таъсири тарафайни ҷомеаю табиат); афзалияти силсилаҳои сарбастаи истеҳсолот. Нуқтаи назаре низ асоснок карда мешавад, ки тибқи он экологияи ақлонӣ бояд дар худ экологикунонии саноат ва ҳифзи ҳудудҳои зарарнодида, нигаҳдории талаботи моддӣ, таҳти назорати самти инкишофи маънавӣ қарор додани тамоюлҳои талаботи инсонро мақоми афзалиятнок диҳад.

Бисёр пажӯҳишгарон бартарафсозии мушкилаҳои оламшумулро бо ивазшавии тамоюлҳои ғоявӣ, бартарафкунии амсила, моделҳои кӯҳнаи рушди мамолик ва бо ташаккул додану таҳким бахшидани ахлоқи нав  алоқаманд  мекунанд.            Иддае аз олимон барҳақ чунин меҳисобанд, ки гузариши кули иттиҳоди заминӣ аз типи сарбастаи техногенӣ- истеъмолӣ ба типи нав-типи мавҷудияти тамаддуни маънавӣ- экологӣ ё ноосферӣ зарур аст. Моҳияти ин аз он иборат аст, ки «пешрафти илмӣ-техникӣ, истеҳсоли амволу хизматрасониҳои моддӣ, манофеи сиёсӣ ва молиявӣ- иқтисодӣ на ин ки мақсад, балки танҳо воситаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни ҷомеа ва табиат, пойдории ормонҳои олии мавҷудияти инсонӣ, ки иборат аз маърифати беинтиҳо, рушди эҷодии ҳамаҷониба ва такомули ахлоқӣ дониста мешавад, мебошанд.

Тақдири олам ахируламр аз масъалаҳои ҳалли инкишофи маънавии инсоният вобаста аст. Бе сифатҳои мувофиқаи инсонӣ ва масъулияти оламшумули ҳар як инсон ҳалли ягон мушкилаҳои ҷаҳоншумул имконпазир нест. Эҳтимоли қавист, ки ташаккули иттиҳоди ҷаҳонии нави хабарбунёд, ки аҳдофи инсонпарварона ба думбол дорад, ҳамон шоҳроҳи рушди башарӣ мегардад, ки ба ҳаллу фасл ва бартараф кардани мушкилаҳои умдаи ҷаҳоншумул мебарад.


Масъалахои чахоншумул (глобали), масъалахои глобали.

ҚаблӣҶаҳонишавӣ – Глобализатсия
БаъдӣПешгӯикуниҳои иҷтимоӣ, ояндабинӣ