Бофта (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Бофта. Суолхои тести аз фанни биология дар бораи Бофта.


Мавзӯҳои вобаста ба Бофта:

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Мубодилаи газҳо дар шуш ва бофтаҳо

Мушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак


1. Бофта чист?

А) Ҳуҷайраҳое, ки пайдоиши гуногун доранду вазифаи якхеларо иҷро мекунанд.
В) Ҳуҷайраҳое, ки аз рӯйи пайдоиш, сохт ва иҷрои амал ба ҳам монанд буда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.
С) Ҳуҷайраҳое, ки аз рӯйи пайдоиш, сохт ва иҷрои амал аз ҳамдигар фарқ карда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд,
Д) Ҳуҷайраҳое, ки аз рӯйи пайдоиш, сохт ва иҷрои амал ба ҳам монанд буда, вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд,
Е) Ягонтоаш нест.

2. Дар организми одам чанд намуди бофтаҳо мавҷуд аст?

А) 1. Б) 2. С) 3. Д) 4. Е) 5.

3. Болои бадани инсонро кадом намуди бофта пӯшонидааст?

А) Эпителӣ.
В) Васлкунанда.
С) Мушак.
Д) Асаб.
Е) Ҳамааш.

4. Аз бофтаҳо чӣ ба вуҷуд меояд?

А) Аъзоҳо.
Б) Гурӯҳ.
С) Намудҳо.
Д) Шакл.
Е) Синф.

5. Узвҳои дар ковокии бадан ҷойгирифта чӣ гуна узв мебошанд?

А) Берунӣ.
В) Берунию дарунӣ.
С) Дарунӣ.
Д) Дарунию берунӣ.
Е) Аъзо.

6. Системаи функсионалиро кадом олим пешниҳод кардааст?

А) Н. Пирогов.
Б) И. Павлов.
С) И. Сеченов.
Д) П. Анохин.
Е) С.Боткин.

7. «Организм бе муҳити беруна, ки мавҷудоти онро ҳимоя мекунад, ғайри имкон аст», сухани кадом олими физиология аст?

А) Н. Пирогов.
В) И. Павлов.
С) И. Сеченов.
Д) П. Анохин.
Е) С. Боткин.

8. Хусусияти сохт ва физиологии организми одамро кадом барнома муайян мекунад?

А) Экологӣ.
В) Биологӣ.
С) Ҷамъиятӣ.
Д) Маданӣ.
Е) Ягонтоаш.

9. Назарияи системаи функсионалиро кадом олим ба миён овардааст?

А) Пирогов Н.
В) Анохин П.
С) Павлов И.
Д) Сеченов И.
Е) С. Боткин.

10. Кадом аъзои махсуси организм моддаҳои фаъоли организмро ҳосил мекунад?

А) Шуш.
В) Дил.
С) Ғадуд.
Д) Гурда.
Е) Меъда.

11. Кам ё бисёр ҳосил шудани ҳормони ягон ғадуд ба чӣ оварда мерасонад?

А) Танзими асабро таъмин менамояд.
В) Кори ғадуди ҷигарро тағйир медиҳад.
С) Узвҳоро муҳофизат мекунад.
Д) Хунро зиёд менамояд.

12. Кадом бофтаҳо қобилияти ба вуҷуд овардани алоқаро доранд?

А) Асабӣ.
В) Эпителӣ.
С) Мушакӣ.
Д) Пайвасткунанда.

13. Кадом бофтаҳо вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунанд?

А) Асабӣ.
В) Эпителӣ.
С) Мушакӣ.
Д) Пайвасткунанда.

14. Анализаторҳо аз чанд қисм иборат мебошанд?

А) 2. В) 3. С) 4. Д) 5.

15. Органи ҳискунандаи организм:

А) Репсепторҳо.
В) Эфекторҳо.
С) Дил.
Д) Чашм.
Е) Ғадуд.

16. Дар таркиби кадом намуди бофтаҳо калсий зиёд аст?

А) Асабӣ.
В) Эпителӣ.
С) Мушакӣ.
Д) Пайвасткунанда.

17. Бофтаҳое, ки дар байни узвҳо қабатҳоро ташкил дода, онҳоро ба ҳам мепайванданд:

А) Асабӣ.
В) Эпителӣ.
С) Мушакӣ.
Д) Пайвасткунанда.

18. Хун ба кадом намуди бофтаҳо дохил мешавад?

А) Асабӣ.
В) Эпителӣ.
С) Мушакӣ.
Д) Пайвасткунанда.

ҚаблӣҲуҷайра (суолҳои тестӣ аз биология)
БаъдӣМағзи сар (суолҳои тестӣ аз биология)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед