Низоъҳои байнихудии хонҳои чағатоӣ дар миёнаи асри XIV

Низоъҳои байнихудии хонҳои чағатоӣ дар миёнаи асри XIV. Низоъхои байнихудии хонхои чагатои дар миёнаи асри 14


Аз нимаи дуввуми асри XIV сар карда, ба саҳнаи сиёсати минтақа яке аз хунхортарин чеҳраҳои таърих Темур сар медарорад. Ӯ бо дастаи роҳзанонаш дар хидмати хонҳо қарор гирифта, дар ҳамин марҳила ба муттаҳид кардани қабилаи худ – барлосҳо шурӯъ намуд. Ӯ соли 1361 барои хидмат ба хони муғул Туғлуқ Темур ҳукмрони шаҳри Кеш гардид. Аммо дере нагузашта, бо ҳокими Балх Ҳусайн иттиҳод баста, ба Туғлуқ Темур хиёнат мекунад.

Соли 1362 дар Сиистон Темур аз дасту пои росташ захмӣ шуда, то охири умр ланг шуд ва бинобар ин ба унвони Темури Ланг дар таърих маъруф гардид. Воқеан, соли 1364 ба амир Ҳусайн ва Темур муаяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз муғулҳо озод намоянд ва ҳукмронии худро барқарор кунанд. Баҳори соли 1365 писар ва вориси Туғлуқ Темур Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла овард ва байни лашкари ӯ қӯшуни муттаҳидаи амир Ҳусайну Темур дар соҳили дарёи Чирчиқ набарди хунине ба амал омад, ки дар таърих бо номи «ҷанги лойӣ» машҳур аст. Муҳориба дар вақте сурат гирифт, ки борони сел меборид ва аспҳову размандагон мелағжиданд, аз ин рӯ ин ҷангро «ҷанги лойӣ ё гилӣ» меноманд. Дар ин задухӯрд Темуру Ҳусейн мағлуб шуданд ва Самарқанду Шаҳрисабзро тарк гуфта, сӯйи Балх фирор намуданд.

Сарбадорони Самарканд

Сарбадорони Самарқанд. Илёсхӯҷа аз пирӯзии «ҷанги лойӣ» рӯҳбаланд гардида бо лашкараш ба Самарқанд наздик шуд. Бештари қувваҳои ҳарбии шаҳр ҳамроҳи Темуру Ҳусайн шаҳрро тарк карда буданд ва мардумро ҳолати ноумедӣ фаро гирифт. Дар чунин лаҳза аҳолии заҳматкаши шаҳр ҷасорат нишон дода, ба ҳимояи шаҳр бархостанд. Дар ҷамоъати  мардуми шаҳр, ки дар масҷиди ҷомеъ баргузор гардид, толибилми мадраса  Мавлонозода бо розигии ҳамаи ҳозирон вазифаи роҳбарии мудофиаи шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Ҷунбиши сарбадорони Хуросон ва давлатсозии онон чунон асаре дар миёни мардум гузошта буд, ки ин наҳзат низ бо тақлид аз сарбадорони Хуросон номи Сабадоронро гирифт. 10 ҳазор  нафар ҷавонони мусаллаҳ дар атрофии Мавлонозода ва ёрони ӯ Мавлоно Хурдаки Бухороӣ ва Абӯбакр Калавин Наддоф гирд омада, баҳри ҳифзи шаҳр савганд ёд карданд.

Илёсхӯҷа, ки аз фирори Ҳусайну Темур хабар дошт, мепиндошт, ки шаҳр бе мудофиа аст. Аз ин рӯ, муғулҳо яку якбора ба дарвозаи кушодаи шаҳр дохил шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба ҷои  камингирифтаи Мавлонозода расиданд, мудофиакунандагон аз паси сангарҳо истода, душманро ҳам бо даст ва ҳам бо фалахмон ба зери борони санг гирифтанд. Муғулҳо қариб ду ҳазор касро талаф дода, маҷбур шуданд ақиб нишинанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Лашкариёни муғул дубора ба Самарқанд ҳамла оварданд, лек ин бор ҳам муваффақият ба даст оварда натавонистанд. Аз ин рӯ истилогарон маҷбур шуданд, ки аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, фақат ба ғорат кардани атрофии шаҳр қаноат карда, пас гарданд. Ҳамин тавр самарқандиҳо шаҳри худро аз дасти лашкари муғул наҷот доданд. Тадбирҳои андешидаи Сарбадорон манфиатҳои ҳунармандону косибон ва табақаҳои камбизоати шаҳрро ҳимоя мекарданд. Аз ин рӯ, на ҳамаи иқдомоти онҳо аз ҷониби умуми мардум ҳамовозӣ пайдо кард.

Хабари пирӯзии Сарбадорон ба гӯши Темуру Ҳусайн расид. Онҳо маслиҳат намуда, тасмим гирифтанд, ки дар ишғоли Самарқанд шитоб накунанд, зеро аз дучор шудан ба муқовимати сахти мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки Самарқандро ба макру ҳилла ба даст дароранд. Роҳбарони ин ҷунбиш низ фирефтаи дасисаи душман шуда, ба доми ду маккор афтоданд ва имкони ташкили як давлати дигари тоҷикӣ аз байн рафт.

Темуру Ҳусайн ба номи роҳбари сарбадорон Мавлонозода мактуб навишта ваъда медиҳанд, ки идораи шаҳрро ба ӯ вогузор намуда, ба касе ҷазо намедиҳанд ва номаро бо либосҳои фохира ва тӯҳфаҳо мефиристанд ва худашон аввали баҳори соли 1366 бо лашкар ба Самарқанд омада, дар даромадгоҳи он қарор мегиранд. Пас роҳбарони Сарбадоронро ба назди хеш хонданд. Сарбадорон ба суханони маккоронаи Темур ва Ҳусейн бовар карда, дар қароргоҳи Ҳусайн ҳозир шуданд. Ҳусайн аҳдшиканона ҳамаро (ғайр аз Мавлонозода, ки бо илтимоси Темур ӯ зинда монд) ба қатл расонид. Ҳамин тавр ҳаракати сарбадорон пахш карда шуд.

ҚаблӣДавлати Музаффариҳо
БаъдӣБа сари ҳокимият омадани Темур ва бунёди давлати Темуриён