Унсурулмаолии Кайковус

Яке аз нависандагону донишмандони форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус соли 1020-и милодӣ дар хонадони амирзодагони Зиёрии вилояти Кӯҳистони шимоли Эрон таваллуд ёфтааст. Ному насаби ӯ Унсурулмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вушмгир аст.

Азбаски Унсурулмаолӣ амирзода буд, чун дигар давлатмандон ҳанӯз дар синни ҷавонӣ илму ҳунарҳои гуногуни замонаашро хуб омӯхтааст.

Ин аст, ки вай аввал дар навоҳии шимоли Эрон волӣ буд ва минбаъд дар дарбори Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 10411049 надим будааст. Ӯ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ ҳам дошт. Ҳамин таҷриба, дониш ва панду ҳикмати андӯхтаи хешро дар синни 63-солагиаш дар шакли китобе бо номи «Қобуснома» (бо номи «Насиҳатнома» низ машҳур аст) барои тарбияи фарзандаш Гелоншоҳ фароҳам овардааст.

Чунончи дар дебочаи китоб мегӯяд : «… Бидон эй писар, ки ман пир шудам ва заифию бенерӯӣ ва бетӯшӣ (беқувватӣ) дар ман чира (ғолиб) шуд… Маслиҳат чунон дидам, ки пеш аз он ки номаи азл ба ман расад (яъне вақти вафот кардан фаро расад), номае андар накуҳиши рӯзгор ва созиши  кор ва некномию пешӣ ҷустан ёд кунам ва туро аз он баҳраманд кунам бар муҷиби меҳри падарӣ, то пеш аз он ки замона туро нарм кунад, худ ба чашми ақл андар сухани ман нигарӣ ва фузунӣ ёбӣ ва некномии ду ҷаҳон ҳосил кунӣ». «Қобуснома» аз 44 боб иборат буда, 51-56 (дар нусхаҳои гуногун) ҳикояро дар бар мегирад.

Доираи мавзӯъҳои китоб васеъ ва мазмунашон хеле гуногун буда, аслан ахлоқию тарбиявианд: … «Бидон эй писар, ки ман дар чиҳилу чаҳор боби ин китоб дар ҳар фанне, ки донистам, чунон ки тавонистам, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе сухане чанд туро насиҳат кардаму панде бидодам». Бобҳои «Қобуснома»-ро аз рӯйи мавзӯъ ва мазмун ба ду қисм тақсим кардан мумкин аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қисми аввал бобҳое, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд ва одоби муносибатҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд.

Қисми дуюми бобҳо мавзӯъҳои касбу ҳунар омӯхтан, таҷрибаи бозору тиҷорат, ҳунари шоирӣ, дабирӣ, илму дониш андӯхтан ва амсоли инҳоро дар бар мегиранд. Дар оғози ҳар боб муқаддимаи мухтасаре оварда шудааст, ки вазифаи шарҳи илмиву таълими ҳамон мавзӯъро иҷро мекунад.

Муаллиф барои таъсирбахшу ҳадафманд ифода намудани фикру ақидааш аз ҳикояву назм моҳирона истифода намудааст.

Панду ҳикматҳои «Қобуснома» ё худ «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус арзишҳои умумибашарӣ ва ҷовидонӣ дошта, ҳанӯз ҳам барои даврону рӯзгори мо мувофиқу судманданд.

Ин аст, ки китоб шуҳрати бузургеро сазовор гардида, ба забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, фаронсавӣ, туркӣ, арабӣ ва тоторӣ тарҷума шудааст.


Инҷо якчанд бобҳо аз «Қобуснома»-ро хонед–>


Зиндагиномаи Унсурулмаолии Кайковус, Хаёт ва фаолияти Унсурмаолии Кайковус, эчодиёти Унсурмаолии Кайковус, Кобусномаи Унсурмаолии Кайковус, Кобуснома, Унсурулмаоли ки буд ва чаро «Кобуснома» эчод кард? 2. «Кобуснома» кадом мавзуъхоро дар бар мегирад ва аз чанд бобу хикоя фарохам омадааст?

ҚаблӣЧанд намунаи Чистон
БаъдӣҲунар омӯзед, чунки…