Mеҳнат, фоида ва низоми сарфу харҷ дар оила

Mехнат, фоида ва низоми сарфу харч дар оила. Мехнат дар оила, фоида.

навруз, картинка

Дар луғати иқтисодӣ раванди фаъолияти бунёдкоронаи одамонро меҳнат меноманд, ки тавассути он инсон ашёи табиатро шаклан тағйир дода, барои қонеъ гардонидани талаботи худ истифода мебарад. Меҳнат шарти аввалини мавҷудияти инсон аст. Одам ба туфайли меҳнати бошуурона аз дигар навъҳои биологӣ фарқ мекунад. Қувваҳои табиатро ба нафъи худ истифода бурда, олоти меҳнатро меофарад. Қобилият, маҳорату дониши хешро такмил дода, бо ҳамин ба инкишофи минбаъдаи ҷамъият мусоидат менамояд. Одамон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ воситаҳои зиндагиро ба даст оварда, байни ҳамдигар муносибатҳои истеҳсолӣ барқарор месозанд. Қобилияту маҳорати инсон дар ҷараёни меҳнат инкишоф меёбад.

Дар ҷаҳони мутамаддин ҳар як фард вазифадор аст, ки бо меҳнати фоиданок машғул шавад, онро ба манфиати ҷомеа равона кунад.

Дар ҷумҳурии мо ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу ҳунар мувофиқи қобилияту маҳорати шахс ба роҳ монда шуда, дар пояи меъёрҳои конститутсионӣ дахлнопазирии он кафолат дода шудааст. Волидон бояд аз кӯдакӣ фарзандонро дар рӯҳияи меҳнати ҳалолу созанда тарбия карда, кӯшиш намоянд, ки онҳоро барои афзун намудани неъматҳои моддӣ, пос доштани анъанаҳои неки меҳнатии оила, халқу миллати хеш водор созанд. Онҳо бояд донанд, ки нозу неъматҳои дастархони оила ва ободии хонадон, иззату эътибори волидон дар ҷомеа маҳз тавассути меҳнати самарабахшу фоиданоки онҳо ба даст меояд. Вале масрафи беҳудаи неъматҳои моддӣ ва бесомонӣ боиси касодии буҷети оила мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Интихоби касбу ҳунар барои ҳар инсон дар айёми наврасӣ ба масъалаи асосии ҳаёт табдил меёбад, зеро зиндагии ояндаи ӯ ба ҳамин давраи басо ҳассоси интихоби касб вобаста мебошад. Ин марҳалаи хеле муҳим барои фарзанд дар як вақт барои падару модар ва калонсолони оила низ аз масоили ҷиддӣ ба шумор меравад, зеро бо интихоби касб тақдири фарзанд, ки ҳанӯз ҷавон аст, ҳал мешавад ва ҳаёти мустақилонааш пеш меравад. Дар ин ҳолат вазифаи оила ва роҳнамоии волидон дар интихоби касбу ҳунар басо муҳим аст.

Давраи аввали интихоби касбро марҳалаи ҷустуҷӯ меноманд, зеро ҷавонон масъалаҳои ҳаётиро муайян намуда, аз рӯйи он ба қароре меоянд. Дар ин ҳолат масъалаи интихоби касб, яъне кӣ будан, чӣ гуна мутахассис шудан, дар кадом соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ё навъи фаъолият донишу малака ва маҳорати хешро татбиқ намудан ба миён меояд, ки ҷавонон барои ҳалли ин муаммоҳо бештар мустақилона амал кардан мехоҳанд. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки дар хулосабарорӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Шояд ин аз он сабаб аст, ки ҳанӯз шахсияти ҷавонон пурра ташаккул наёфтааст ва таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд. Аз ин рӯ ба ҷавонон сарварӣ кардан, роҳ нишон додан, маслиҳати худро дареғ надоштани калонсолон зарур аст.

Муносибати нодуруст дар интихоби касб, бепарвогии волидон ва камтаҷрибагии ҷавонон дар оиладорӣ, хусусан шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротӣ дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳанӯз қисме аз ҷавонон ба истиқлоли комили афкору андеша соҳиб нашудаанд.

Ҷудо шудани оилаҳо бар асари омилҳои беруна, надоштани қобилияти шунидани суханҳои наздикону пайвандон аз ҷониби ҷавонон, зери таъсири сухани ғайр мондани онҳо дар рӯзгори имрӯзаи мо ба чашм мерасад. Надоштани қобилияти натиҷагирии мустақилона, зери таъсири ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мондани яке аз аъзои оилаҳои ҷавон ба якдигарнофаҳмӣ оварда мерасонад.

Тарбия кардан ва соҳиби илму маърифат гардонидани фарзандон, бунёди оила ва ҳидояти онҳо дар интихоби касбу ҳунар вазифаи асосии падару модар маҳсуб мешавад. Пас, дар баробари тарбия ҳар қадами онҳо бояд дар мадди назар қарор гирад. Зеро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ва эҳсоси мушкилӣ волидон бо роҳи насиҳат онҳоро барои фаъолияти бунёдкорона ва хушбинӣ ба ҳаёт ҳидоят мекунанд, то онҳо худро танҳо ҳис накунанд.

Роҳнамоии фарзанд ба интихоби касб ва шуғли муносиб бо назардошти шавқу рағбат ва қобилияти ӯ хеле зарур аст.

Мутаассифона, баъзан волидон дар интихоби касб ба шавқу рағбати фарзандон аҳамият надода, аз рӯйи хоҳиши худашон онҳоро ба касбу коре ҳидоят мекунанд. Аз ин беаҳамиятӣ дар оянда ҳам худи шахс ва ҳам ҷомеа зарар мебинад. Зеро шуғле, ки табъи дили кас набошад, безавқ иҷро шуда, самараи дуруст намедиҳад. Барои ба фарзандон дар интихоби касб ёрӣ расонидани волидон марказҳои таълимии интихоби касб ва шуғли аҳолӣ мададгор шуда метавонанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ёрмандӣ дар интихоби касби ҷавонон яке аз роҳҳои асосии тараққии шахсияти оянда ба шумор меравад. Пас, ёрмандӣ кардани волидон дар интихоби касб барои кору фаъолияти мустақилона ва ҳаёти минбаъдаи фарзанд мусоидат намуда, барои ӯ ва аҳли оилааш шароити мусоиди таҳсилу истироҳат ва зиндагии осоиштаро муҳайё месозад.

Аз ин лиҳоз тарбияи меҳнатӣ ва ёрии амалии оила дар интихоби касб хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Хулоса, оилае, ки дар он фарзанд ба шуғлу касб ва таҳсили илм фаро гирифта нашудааст, дар он бисёр монеа ва мушкилӣ, аз қабили бекорӣ, танбалӣ, тарбияи душвор, бесаводӣ, ҳаёти пур аз ғаму ғусса ва ночориву бенавоӣ ба вуҷуд меояд. Ҳатто бештари ҳодисаҳои нохуши ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби чунин шахсон рух медиҳанд. Бесаводиву бешуғлӣ онҳоро ба ҳар роҳ мебарад. Баъзе аз ин гуна ҷавонон метавонанд дастнигар ва зери идораи шахсони дигар қарор бигиранд, ки оқибатҳои нохуш ба бор меоварад.

Тарбияи меҳнатии фарзанд ҳанӯз дар хона аз кору бори рӯзгор оғоз ёфта, ҳисси меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ, сарфаю сариштакории онҳо бо ибрати нек, таъсир ва маслиҳати падару модар ташаккул меёбад. Онҳо ба қадри ҳар гуна неъматҳои моддӣ расиданро аз калонсолон, махсусан аз волидони хеш меомӯзанд. Волидон корро ба фарзандон мувофиқи қобилияту маҳораташон тақсим карда, ба иҷрои онҳо назорат мекунанд. Барои исботи ин даъво аз «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҳикояте меорем:

«Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътиқод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлати поянда. Ва агаp ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳар ҷо, ки равад, қадр бинаду дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад:

Сахт аст, пас аз ҷоҳ таҳаккум бурдан,
Xӯ карда ба ноз ҷаври мардум бурдан.

***

Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони донишманд
Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Дар оила бояд кор бо як марому низоми муайян ба роҳ монда шуда, ба таври дастаҷамъӣ ва ёрмандии ҳамдигар ба ҷо оварда шавад: яке дегу табақро шӯяд, дигаре онҳоро хушконида, ҷо ба ҷо гузорад, сеюмӣ дастархонро ғундорад ва ғайра. Сохтмон, киштукор, ҳосилғундорӣ ва амсоли ин корҳоро ба тариқи ҳашари умумӣ ба ҷо овардан ба инсон рӯҳи тоза, дилхушӣ, шодкомӣ бахшида, таҷриба, маҳорат ва ҳунари волоро як навъ тарғибу ташвиқ менамояд.

Ҳамин тариқ, фарзандон ҷисман ва рӯҳан ба иҷрои кори мустақил омода мешаванд. Онҳо мефаҳманд, ки кор сармояи зиндагӣ аст, бе меҳнат роҳат нест. Кори ҳалол сабаби эътибору шарафи инсон аст. Он Ватанро обод мегардонад ва сарвати онро меафзояд. Ба ивази кори ҳалол мардум музди арзанда мегиранд ва зиндагию рӯзгори хешро обод месозанд. Кори софдилона дар ҳар давру замон қадр карда мешавад, чунонки Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Халқи тоҷик мардуми заҳматкаш аст. Бо меҳнати дастони худ шаҳру деҳотро обод кардааст. Ҷавонон дар ободонии деҳот саҳми худро мегузоранд. Онҳо дар баробари корҳои хоҷагии оила дар корҳои кишоварзӣ ҳам иштирок карда, музд мегиранд, яъне ба оилаашон даромад меоранд. Давраи таътил дар саҳро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд. Музде, ки ба даст меоранд, ба буҷети оила ворид мегардад. Бачаҳои деҳот қадри пули меҳнатиро хуб медонанд. Ҳар як аъзои болиғи оила бояд ба буҷети оила саҳми худро гузошта, онро ғанӣ гардонад. Оила бояд дорои фонди захиравии худ бошад ва дар рӯзҳои зарурӣ (истироҳат, ҷамъомадҳои оилавӣ, харидории таҷҳизоти зарурӣ барои хонавода, беморӣ ва ғайра) аз он истифода намояд. Сарфу харҷи даромади оила бояд мақсаднок ва самаранок ба роҳ монда шуда, ба манфиати аҳли оила равона карда шавад. Хароҷот дар оила бояд ба даромади он мувофиқ бошад. Унсурулмаолии Кайковус дар ин хусус дар «Қобуснома» мефармояд: «Харҷ бояд ба андозаи дахл бошад». Аз ин рӯ ба роҳ мондани тарбияи иқтисодии фарзандон дар оила басо муҳим ва зарур мебошад.

Мутаассифона, дар шаҳру маркази ноҳияҳо бештари мактабиён ба кори доимие банд нестанд. Тобистон қисме аз онҳо ба минтақаҳои истироҳатӣ мераванду дигарон аз бекорӣ намедонанд ба чӣ кор машғул шаванд. Дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои мавсимие ҳастанд, ки ба қувваи кории наврасон эҳтиёҷ доранд. Аммо волидон, ки худ машғули меҳнат ҳастанд, намехоҳанд фарзандонашон меҳнат кунанд. Одатан чунин падару модарон ақида доранд, ки фарзандонашон ҳанӯз барои кор ҷавонанд, вақташ ояд, ба кор машғул мешаванд. Чунин андешаи волидон бар зарари тарбияи фарзандон аст. Унсурулмаолии Кайковус фармудааст: «Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузаронӣ, равиши худро ба рӯйи кор дор».

Ин ҳикматро падару модарон бояд дастури тарбияи фарзандон донанд. Фарзандро дар меҳнат обутоб диҳанд, то ӯ аз ҷавонӣ мушкилоти рӯзгорро чашад ва ба қадри нони меҳнатӣ расад.

Чунонки Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Басе рӯзгорон, ки сахтӣ барад
Писар, чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезгораш бидор,
Агаp дӯст дорӣ, ба нозаш мадор!

Саволҳо

  1. Чаро дар тамоми давру замонхо мехнатро тараннум кардаанд?
  2. Падару модари шумо бо чи касб машгуланд?
  3. Мехнати халол гуфта чиро мефахмед?
  4. Сарфакори чи маъни дорад?
  5. Харочоти барзиёд чист?
  6. Дар хона вазифаи доими доред ё не?
  7. Шумо кадом корхои рузгорро ичро карда метавонед?
ҚаблӣМуҳити психологӣ ва муносибатҳои шахсӣ дар оила
БаъдӣМавзӯъ. Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия