Маънои калимаи точик, тоҷик, тожик, тозик

Маънои калимаи точик, тоҷик, тожик, тозик умуман ба ҳар лаҳҷаву калимае мегӯед, оварда шудааст >>

ТОҶИК –

1. номи яке аз қадимитарини халқҳои осиё, ки дар рушду такмили илму фарҳанги умумибашарӣ саҳми сазовор гузоштааст, тозак, тозик, тожик.

2. халқи таҳҷоии тамаддунофари осиёи марказӣ, ки кишвари тоҷикистон бо номи он номгузорӣ шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3. таърихӣ, ғайритурк, он ки турку муғул набошад: турку тоҷик.

4. таър. ғайриараб, ғайритозӣ: тоҷику тозӣ.

5. таър. умуман эронӣ, мардуми форсизабон.

6. маҷ. тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷ.

7. таър., маҷ. озода, озодаманиш.

8. нав. он чи сохта ва парвардаи зеҳни тоҷикон аст: адабиёти тоҷик, фарҳанги тоҷик, санъати тоҷик, ҳунари тоҷик.

ҚаблӣТест аз фанни Забони тоҷикӣ
Баъдӣ#12 Саволнома бо мукофотпулӣ – 26.02.2021