Ба сари ҳокимият омадани Темур ва бунёди давлати Темуриён

Ба сари ҳокимият омадани Темур ва бунёди давлати Темуриён.


Бо фиреб додану аз байн бурдани Сарбадорон ва ба дасти амир Ҳусайн гузаштани Самарқанд  муносибати ӯ ва Темур барои ҳокимияти олӣ тезу тунд мегардад. Муборизаи пинҳонии онҳо сар мешавад. Дар ин мубориза, соли 1370 Темур пирӯз омада, Самарқанд ва Балхро ишғол намуда, Ҳусайнро ба қатл расонид ва ҳокими ягонаи кишвар шуд.

Ҳамон сол дар анҷумани пешвоёни қабилахои бодиянишин, заминдорони калон, рӯҳониёни мусулмон ва сарлашкарон Темур амири Мовароуннаҳр эълон гардида, Самарқанд пойтахт шуд. Темур барои таъмини марказияти давлат ва таъмини амнияти талош карда, ҷангу низоъҳои дохилиро барҳам зад, кӯшишҳои мустақилшавии ашрофони маҳаллиро аз байн бурд.

Чангхои горатгаронаи Темур

Ҷангҳои ғоратгаронаи Темур. Замоне, ки Темур ба қудрат расид, фурсат барои кишваркӯшоиҳо хеле муносиб буд, зеро давлати муқтадири мӯғулҳо парокандагиро паси сар карда, дар ҳеҷ минтақаи ҳамҷавор низ то он дам қудрати тозае ба арса наёмада буд. Барои бар зидди худ муттаҳид накардани муғулҳо ӯ дар ибтидо Суюрғатмиш ном муғулеро хон эълон карда, дар амал худ ба ҷои ӯ идораи кишварро дар даст гирифта буд. Темур соли 1372 Хоразмро забт кард. Хоразмиён ба муқобили Темур қаҳрамонона ҷангиданд ва 5 маротиба шӯриш бардоштанд. Дар вақти ҳуҷуми охир (с. 1388) бо амри Темур Урганҷ – пойтахти Хоразм, ки яке аз марказҳои тиҷоратии байни Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна буд, ба хок яксон карда шуда ва дар он ҷав кошта шуд. Минбаъд муғулҳои Ҳафтрӯдро торумор карда, сарҳади шимолии давлати худро беҳтар гардонид.

Соли 1381 Темур давлати Куртҳо ва  Сарбадорони Хуросонро шикаст дод ва ба худ  тобеъ намуд. Соли 1395 пас аз муборизаҳои тӯлонӣ қувваҳои ҳарбии Тӯхтамишхонро, ки хони Ӯрдаи Тиллоӣ буд, комилан торумор намуда, пойтахти он шаҳри Саройро забт ва хароб намуд. Дар айни замон (1392) Темур Арманистон ва Гурҷистонро ғорат ва ба худ мутеъ намуд, шаҳрҳои бузурги Эронро низ ба хоки давлати худ ҳамроҳ кард.

Темури Ланг се маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашид. Соли 1398 шаҳри Деҳлиро гирифт ва ганҷинаҳои зиёди онро ба ғорат бурда. Соли 1400 Темур дар сарзамини Сурия қувваҳои ҳарбии ҳоким (хидев)-и Мисрро торумор намуд. Соли 1402 лашкари султони турк Боязидро шикаста, ӯро асир гирифт. Орзуи Темур забти Чин буд. Ин буд, ки зимистони соли 1405 ба ин кишвар лашкар кашид. Аммо дар нимароҳ 18-уми феврали соли 1405 дар шаҳри сарҳадии Утрор ногаҳон вафот кард.

Ба империяи ӯ Мовароуннаҳр, Хоразм, вилоятҳои назди Каспий, Афғонистони кунунӣ, Эрон, қисман Ҳиндустон, Ироқ, Кавкази Ҷанубӣ ва як қатор кишварҳои Осиёи Ғарбӣ дохил мешуданд.

Дар замони зиндагии Темур, пас аз марги ӯ ва ҳатто дар рӯзҳои мо баъзе муаррихону сиёсатмадорон аз ин чеҳраи хуношом, қаҳрамон, соҳибқирон ва идеали сиёсӣ месозанд. Аммо воқеъият ин аст, ки ба дасти ин ситамгори бадрӯзгор ҳазорон нафар бегуноҳон қурбон гардиданд. Аз ҷумла дар маҳалҳои тоҷикнишин ӯ ҷиноёти гӯшношунид содир кард: бо амри ӯ дар Исфаҳон 70 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳро сар бурида калламанора сохтанд (1387), ба қатл расонида шудани 100 ҳазор асирони Ҳинд «корномаи» дигари ӯст, дар Бағдод, рӯзи иди Қурбон 90 ҳазор касро кушта аз сари онҳо 120 калламанора сохт; воқеаи фоҷиавии Сабзавор (дар Хуросон соли 1383), яъне одамони зиндаро дар байни хиштпораҳо гузошта ва аз болои онҳо оҳак ва гил рехта девори баланд сохтан, асиронро зинда ба зинда гӯронидан ва ғайраҳо рӯйхати нопурраи ҷиноятҳои Темури Ланганд.

Ташкили давлати Темуриён дар Мовароуннахр ва Хуросон

Ташкили давлати Темуриён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон. Темури ланг ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш империяи паҳновари худро миёни писарону набераҳояш тақсим карда буд. Аммо пас аз вафоти Темур империяи паҳонвари ӯ аз по афтод. Ба ҷуз Мовароуннаҳру Хуросон боқӣ ҳама мулкҳои забт намудаи Темур соҳибистиқлол гардиданд. Аммо дар мулкҳои дар ихтиёри авлодони Темур монда ҳам оромӣ набуд. Махсусан Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаи дохилӣ барои тоҷу тахт табдил ёфт. Дар ин мубориза писари хурдии Темур Шоҳрух, ки ҳокими Ҳирот буд, пирӯз гардид. Ӯ идора кардани Самарқанд ва умуман Мовароуннаҳрро соли 1409 ба писари понздаҳсолааш Улуғбек супорид ва худ ба мулки Ҳирот баргашт.

Дар айёми салтанати Шоҳрух (1405-1447) давлати Темуриён иқтидори пешинаашро нигоҳ дошт. Аз заминҳои таҳти тасарруфи Шоҳрух амалан ду давлати мустақил: яке давлати худи Шоҳрух (Хуросон бо марказаш Ҳирот) ва дигаре давлати Улуғбек (Мовароуннаҳр бо марказаш Самарқанд) ба вуҷуд омад. Ҳарчанд Улуғбек тобеъи Шоҳрух буд, бо вуҷуди ин ӯ бо номи худ сикка зада, дар ҷангҳо мустақилона амал мекард. Масалан, Улуғбек соли 1414 ҳокими Фарғона – Аҳмад ва соли 1425 амирони муғулро мағлуб сохта, ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр шуд. Лекин минбаъд пирӯзиҳои ҷангӣ ба Улуғбек насиб нагардиданд.

Бешак муҳимтарин тадбири Улуғбек ислоҳоти пулии соли 1428-и ӯ буд, ки барои ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат нақши муҳим бозидааст. Ё ин ки дар аҳди Улуғбек андози замин назар ба дигар давраҳо мӯътадил буд.

Улуғбек дар таърих чун олим машҳур буда, забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва арабиро ба хубӣ медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам мегуфт, оид ба илми мусиқӣ ва тиб рағбати зиёде доштааст. Аммо бештар ба риёзиёт ва нуҷум алоқаманд буд. Ӯ маъруфтарин мунаҷҷимону риёзидонҳои замонро дар Самарқанд ҷамъ оварда, расадхонаи беҳтарини он айёмро бунёд намуд. Бо дастури ӯ дар Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Ғиждувон биноҳои боҳашамат, аз ҷумла мадрасаҳо сохта шудаанд.

Аммо чун ҳамаи давраҳои дигари таърих иртиҷоъу таассуб дар муқобили ривоҷи улуми ақлӣ истодагарӣ намуд ва бо дасисаву фатвои рӯҳониёни иртиҷоӣ Улуғбек моҳи октябри соли 1449 бо ишораи писараш Абдулатиф кушта мешавад. Сипас, баъди шаш моҳ ӯ ҳам аз ҷониби сӯиқасдкунандагони ҳарбӣ ба қатл расонида шуд. Баъд аз ин якчанд табадуллотҳои дарборӣ ба амал омаданд. Оқибат ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти Абӯсаид (1451-1469) ва дар Хуросон Абулқосим Бобур (наберагони Шоҳрух) гузашт. Вале кӯшиши ҳар яки ин ҳокимон барои соҳиб шудан ба  тамоми мероси Шоҳрух бе натиҷа анҷом меёбад.

Пас аз фавти Абулқосим Бобур (1456) Абӯсаид тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид намуда, то соли 1468 салтанат ронд. Дар замони ҳукмронии ӯ обрӯву нуфузи яке аз чеҳраҳои маъруфи ирфон Хоҷа Аҳрор ниҳоят зиёд гардид ва то имрӯз номи ин шахсият миёни табақаҳои гуногун зинда, мазори ӯ пур аз зиёраткунанда мебошад. Дар замони худ ӯ сарватмандтарин фарди рӯзгор буд.

Низоъҳои дохилии хонадони темуриҳо қатъ нагардид, муборизаи шадид барои ҳокимият идома дошт. Дар натиҷа, соли 1469 ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти писари Абӯсаид Аҳмад (1469-1494) гузашт ва дар Хуросон бошад, ҳукумати дигар намояндаи темурӣ-Султон Ҳусайн Бойқаро (1469-1507) устувор гардид, ки қариб 40 сол давом кард. Зиддияти ҳамешагӣ миёни намояндагони хонадони темурӣ вазъияти ин давлатро хеле бад карда, шароити зиндагии мардумон низ торафт тоқатфарсо гардид. Темуриён дар ибтидои асри XVI замоне, ки қабилаҳои нави бодиянишин Мовароуннаҳру Хуросонро таҳдид мекарданд, аз пуштибонии мардум бебаҳра гардиданд, зеро на мардум ба онҳо эътимод дошт ва на онҳо қудрати ҳимоя кардани мардумро доштанд.

ҚаблӣНизоъҳои байнихудии хонҳои чағатоӣ дар миёнаи асри XIV
БаъдӣКасбу ҳунар ва тиҷорат дар даврони Темур ва Темуриён