Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ

Омода намудани чавонон ба хаёти оиладори.


Аксари олимони соҳаи ҷомеашиносӣ бар он ақидаанд, ки омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ – маҷмӯи талаботи ахлоқии ҷомеа буда, мақсади асосӣ ташаккули фаҳмишу ҳиссиёти хонаводагӣ ва ба роҳи мустақилонаи ҳаёт ҳидоят намудани онҳост.

Ба ин маънӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона яке аз муҳимтарин корҳое мебошад, ки барои бунёди оилаи пойдор зарур аст.

Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда, расидан ба комёбиҳо ва бартараф кардани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки маърифати комил, омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Бо вуҷуди он ки синну соли никоҳӣ дар Тоҷикистон аз 18-солагӣ муқарраршудааст, таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари навхонадорон дар ин синну сол ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд.

Чунончи, дар аксари ҳолатҳо бар асари ташвиши зиндагӣ ва ба ҳам мувофиқ наомадани фикру ақидаҳо зан ё шавҳари ҷавон таҳсилро дар муассисаҳои таълимӣ қатъ мекунад ва аз омӯхтани илмҳои муосир бебаҳра мемонад, ки ин минбаъд ба тарбияи фарзанд, маърифати шахсӣ ва пеш бурдани зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад ё монеаҳои дигар эҷод мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Айни замон дар ҷомеа бештари падару модарон бо ҳар сабаб фарзанди 18-19-солаашонро хонадор мекунанд. Албатта, дар ин синну сол барпо кардани оиларо қонунгузории мамлакат иҷозат медиҳад, аммо таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки аксари ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо ба бармаҳал оиладор кардани ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, никоҳи хешутаборӣ, вобастагии молиявӣ ба волидон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шавҳарҳо, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ вобаста мебошад. Вайроншавии оилаҳо боиси афзудани теъдоди кӯдакони беназорат мегардад, ки аксари онҳо оқибат ба оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб машғул мешаванд.

Дар аксар мамлакатҳо ҷавонмарду ҷавонзан якдигарро хуб омӯхта, ба ҳаёт ва ба якдигар мутобиқ мегарданд ва баъд оила бунёд мекунанд.

Аз назари дигар ҷавонон дар донишгоҳу донишкадаҳо маълумоти комил ба даст оварда, пойдевори ояндаи худро мегузоранд: мавқеъ ва мақоми худро муайян мекунанд ва аз таҷрибаи ҳаёт бархӯрдор мешаванд, ки ин боиси устувор гаштани оила ва эмин мондани он аз вайроншавӣ мегардад.

Таҳлилҳои ҳаёти оилавии навхонадорон собит менамоянд, ки на ҳар навҷавон барои қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона омода аст. Аксари оилаҳои ҷавон ба пастиву баландиҳои ҳаёт ва рӯзгор тобовар набуда, дастнигари падару модар мебошанд. Онҳо дар таъмини моддиву маънавии оила танқисӣ мекашанд.

Дар ин бора суханони пурҳикмати Имоми Аъзам хеле бамаврид аст, ки ба ҷавонон таъкид кардааст: «Дар айёми ҷавонӣ, ки қалбат фориғу хотират ором аст, илм биёмӯз, сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ намо. Зеро ки ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол бияфтӣ. Вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нӯш кашида, дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд. Ва агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ, маҷбур мешавӣ, ки аз пайи рафъи ҳавоиҷи (ҳоҷатҳои) аёлу фарзандон талош кунӣ ва аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омӯхтӣ ва на мол ба даст овардӣ».

Аз ин рӯ хонадории духтарон ва писарон дар ҳолати бархӯрдории ҳамаҷиҳатаи онҳо аз илму дониш ва таҷрибаи ҳаёт мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Яке аз шартҳои муҳимми омода будан ба оиладорӣ соҳиби касб ё ихтисос будани ҷавонон мебошад. Ҷавонон пеш аз қадам гузоштан ба ҳаёти оилавӣ бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра мустақил бошанд. Ҳарчанд онҳо зиндагии оилавии худро дар хонаи волидон оғоз мекунанд, бо вуҷуди ин бояд саҳми худро ба буҷети оила гузоранд. Дигар ин ки ҷавонон бояд ба ҳаёти оилавии мустақилона омода бошанд.

Масъалаи дигаре, ки волидон пеш аз хонадоркунии фарзандон бояд ба назар бигиранд, хизмати ҳарбии писарон мебошад. Албатта, ҳар як падару модар мехоҳад тӯйи фарзандашро бубинад ва соҳиби набера шавад. Онҳо андеша мекунанд, ки писарашон бахизмати ҳарбӣ даъват шавад ҳам, арӯс дар назди онҳо мемонад ва хизматашонро ба ҷо меорад. Аммо гоҳо ин тавр мешавад, ки баъд аз чанд моҳи хонадоршавӣ ва ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани ҷавон арӯс ба хонаи падару модари худ меравад. Дар чунин ҳолатҳо байни арӯс ва падару модари домод дилхунукӣ пайдо мешавад, ки он ба муносибатҳои ояндаи оилавии зану шавҳар таъсири манфӣ мерасонад. Гоҳо фироқи тӯлонӣ (2 сол) ба оилаи ҳанӯз мустаҳкамнагаштаи ҷавонон рахна мезанад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Меҳр дар чашм аст». Муддати дароз аз ҳам ҷудо будан сабаби коста шудани меҳр ва туғён задани рашку ҳасад мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони оиладор бо ҳар роҳу восита мехоҳанд аз қисми ҳарбӣ ба хона раванд. Гоҳо бе рухсати сардорон аз қисмҳои ҳарбӣ мегурезанд. Ин сабаби сарзаниш гирифтани ҷавонон мегардад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи инро ба инобат гирифта, хуб мешуд, ки ҷавонон пас аз адои хизмати ҳарбӣ хонадор шаванд.

Маълум аст, ки бештари ҷавонони мо пеш аз оиладор шудан бо ҳамдигар шиносанд, дӯстию рафоқат доранд, ҳамдигарро дӯст дошта ба никоҳ розӣ мешаванд. Аммо ҳоло ҳам ҳодисаҳои маҷбуран бе розигии духтар ба шавҳар додани онҳо мушоҳида мешавад. Бинобар ин ҷавононе, ки ба ақди никоҳ розӣ мешаванд, бояд розигии номзадашонро фаҳманд, ки ин яке аз шартҳои бунёди оилаи солим ва хушбахт аст.

Барои ин хуб мешуд, ки пеш аз ақди никоҳ волидон ба фарзандон имкон диҳанд, то ба ҳамдигар шинос шуда, феълу атвори якдигарро хуб фаҳманд, нисбат ба ҳамдигар меҳр пайдо кунанд. Ин иқдом барои пойдории оила мусоидат менамояд ва ҷавонон ҳам бояд баҳри он кӯшиш бикунанд.

Никоҳ талабот ва шарти асосии ба вуҷуд омадани оила мебошад. Дар ҳар давру замон ва сохти ҷамъиятӣ барои ба ҷо овардани ақди никоҳ меъёру шароити муайяне пешбинӣ мешавад.

Илми тибби муосир исбот намудааст, ки никоҳҳои бармаҳал ва алоқаи ҷинсии наврасон ба саломатии онҳо, махсусан ба духтарон, зарари калони ҷисмонию психологӣ мерасонад. Зеро ҳанӯз наврасон ба оиладорӣ тайёр нестанд, аз рӯзгору рӯзгордорӣ тасаввуроти муайяне надоранд.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синну соли никоҳ аз 18-солагӣ муқаррар карда шудааст. Яке аз шартҳои асосии ба никоҳ омода будани ҷавонон ба балоғат расидани онҳо мебошад. Дар баъзе мавридҳо мақомоти судӣ аз синни муқарраргардида як сол пеш ба хонадоршавӣ иҷозат дода метавонад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Никоҳ бо розигии зану мард асос меёбад». Ин чунин маъно дорад, ки маҷбуран ба шавҳар додани духтар ё зан вайрон кардани қонун ҳисоб меёбад ва мувофиқи қонун шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз андешаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷавонон бояд аз ҷиҳати маънавӣ ба ҳаёти оилавӣ омода бошанд. Ҷавонон ба ҳал намудани душвориҳое, ки дар роҳи ҳаёти оилавӣ дучор меоянд, қодир бошанд, масъулияти оила ва оиладориро эҳсос кунанд.

Мақсад аз ташкили оила пайванди зинҷири муттасили наслҳост. Мард бояд посбонии муҳаббат, саодат ва шарафи оиларо ба дӯш гирад. Агаp ҷавон ҳис кунад, ки ба бардоштани чунин бори гарон қодир аст, пас вай ба оиладор шудан омода аст. Чунонки Низомии Ганҷавӣ фармудааст:

Дасти вафо дар камари аҳд кун,
Тo нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун!

Оиладор шудан дар ҳаёти ҳар як ҷавон воқеаи муҳимму фараҳбахш ва гуворову фаромӯшнашаванда аст. Аз ин рӯ ҳар як падару модар орзу мекунад, ки ин воқеа бо хурсандӣ қайд шавад. Ҷавонон ҳам барои амалӣ гардидани ин орзу ва ҳифзи номи неки хонадон бояд ҳаматарафа андеша намоянд, масъулияти худро дар назди оила, волидон ва ҷамъият ба хубӣ дарк кунанд.

Аз ин лиҳоз барои бунёди оилаи солим ва мустаҳкам намудани он пеш аз барпо намудани оила бояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ кард:

  • огоҳии навхонадорон аз таҷрибаи зиндагии шахсиятҳои рӯзгордида ва оилаҳои намунавӣ;
  • омода намудани оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона аз ҷониби падару модарон;
  • риояи одоби хостгорӣ;
  • баёни аҷзу ниёзи духтар ба домодшаванда пеш аз никоҳ (аз муоинаи тиббӣ гузаронидани арӯсу домод ба хотири муайян намудани бемории рӯҳӣ, асабӣ ва иллат дар бадан);
  • ба инобат гирифтани синну сол, сурат, сират ва мувофиқ омадани хислатҳои ҳамдигар;
  • муайян намудани муҳлат барои ҷавонон бо мақсади қабули қарори дуруст дар бораи интихоби ҳамсар;
  • омода намудани писарону духтарон ба ҳаёти мустақилона ва бунёди оила (фароҳам овардани шароити моддию маънавӣ);
  • интихоби ихтиёрии (бе дахолати волидон) ҳамсар аз ҷониби ҷавонон;
  • ба инобат гирифтани тамоми паҳлуҳои урфу одатҳои миллӣ ҳангоми интихоби ҳамсар.
Саволҳо

  1. Дар Точикистон синни никохи аз чандсолаги мукаррар гардидааст?
  2. Шумо аз чандсолаги оиладор шудан мехохед?
  3. Шарти асосии омода будани чавонон ба хаёти оилави кадом аст?
  4. Оё падару модар бо шумо ва бародару хохарони аз шумо калонтар дар бораи оиладори сухбат мекунанд?
  5. Шумо ба муносибатхои падару модаратон дар оила чи гуна бахо медихед?