Беморихои сирояткунандаи чинси ва роххои пешгирии онхо.
Ба воя расонидани кӯдаки солим масъулияти муҳимми оила ба ҳисоб меравад. Падару модар ва калонсолон бо мақсади солим ба воя расондани фарзандон вазифадоранд, ки ба онҳо оид ба зарар ва оқибатҳои истифодаи маводди мухаддир, пешгирӣ аз ҳама гуна инфексияҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда маълумот дода, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим тарғиб намоянд.
Бемориҳои ҷинсӣ, аз қабили сифилис, сӯзок, оташак ва ғайра, ки дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд, ҳанӯз 2500 сол қабл аз мелод дар Мисри қадим маълум буданд, ки ин бемориҳо дар маъхазҳои форсӣ ва арабӣ бо унвони «маризии фосиқон» номбар шудаанд.
Соли 1527 олими фаронсавӣ Жан Бетанкур барои ифода кардани ин намуди бемориҳо истилоҳи бемориҳои венерикӣ-ро пешниҳод намуд. Аксари бемориҳои венерикӣ барои атрофиён бисёр хатарнок аст, зеро онҳо на танҳо ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, балки тавассути микробҳо ба воситаи ҳаво, истифода аз қошуқу табақи беморони венерикӣ, сачоқ, собун, болини хоб ва ғайра низ метавонад ба одами солим сироят намояд.
Муолиҷа накардан ва пинҳон доштани ин бемориҳо узвҳои ботинӣ ва системаи асабро хароб карда, шахси беморро ба марг мерасонад. Занҳои гирифтори бемории венерикӣ фарзандони носолим – кар, кӯри модарзод ва маъюб таваллуд карда, онҳоро ба азоби якумрӣ гирифтор менамоянд.
ВНМО. СПИД
Дар охири асри ХХ, дар баробари ин бемориҳо, бемории мудҳише бо номи ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), ки дар дунё бо номи СПИД машҳур аст, пайдо шуд, ки то имрӯз аз ин беморӣ садҳо ҳазор одамон ҷони худро аз даст додаанд. Мутаассифона, то имрӯз инсоният роҳҳои муолиҷаи ин бемориро кашф накардааст. Бемории мазкур дар Тоҷикистон бори аввал соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. То соли 2015 дар ҷумҳурии мо беш аз 6500 нафар мубталои ин беморӣ расман ба қайд гирифта шудааст.
Ҳангоме ки вируси ин беморӣ ба организми инсон ворид мешавад, системаи худмуҳофизатии инсонро хароб карда, организмро сусту заиф мегардонад, ки дар натиҷа организм наметавонад худро аз ҳар гуна бемориҳо муҳофизат намояд.
ВНМО бо чанд роҳ метавонад аз як шахс ба шахси дигар сироят кунад:
- алоқаи ҷинсӣ;
- аз тариқи хунгузаронӣ;
- истифодаи сӯзандору.
Агаp сӯзандоруи дар шахси гирифтори бемории ВНМО истифодашударо хуб наҷӯшонда ба шахси дигар истифода намоянд, боиси сироятёбии ӯ мегардад.
Ҳангоми гузаронидани хуни як шахс ба шахси дигар (агар яке аз онҳо ба ВНМО гирифтор бошад) низ вируси он сироят мекунад.
Аз занони гирифтори бемории ВНМО вирус ба кӯдаки дарбатнбуда ҳам мегузарад.
Ҳангоми наздик будан, даст додан, бӯсидан, сулфа кардан, якҷоя хӯрок хӯрдан ва атса задани шахси бемор вируси ин беморӣ ба шахси солим сироят намекунад. Инчунин бо роҳи истифода аз қошуқ, коса, пиёла, сачоқ, ҳавзҳои оббозӣ, ҳаммомҳои умумӣ низ вирус ба дигарон намегузарад.
Барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон сӯзандоруҳои як бор истифодашаванда ба кор бурда мешаванд. Ба кӯдаконе, ки дар соли аввали ҳаёт ваксина мегузаронанд, ҳатман бояд аз чунин сӯзандоруҳо истифода шавад.
Дар мавриди эмкунии кӯдакон гузаронидани дору тавассути сӯзани ҷӯшониданашуда хатарнок аст (ҳатман бояд сӯзандоруи яккарата истифода шавад).
Занони гирифтори ВНМО бояд аз ҳомилашавӣ худдорӣ кунанд.
Волидон бояд тарзҳои пешгирӣ аз бемории ВНМО-ро ба фарзандон фаҳмонанд.
Ин беморӣ дар организми шахсоне, ки саломатиашон заифтар аст, зудтар инкишофмеёбад. Ғизои носолим, тамокукашӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи маводди мухаддир ва асабонияти зиёд организмро суст мекунад ва ҳангоми ба ВНМО гирифтор шудан вирус тезтар инкишоф меёбад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ба ВНМО ва ё ба инфексияи ВНМО мубтало шудаанд, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки ба шаҳрвандони дигар мансубанд, бе ягон маҳдудият кафолат медиҳад.
Соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» қабул гардид, ки дар он поймол кардани ҳуқуқи шахсони ба ВНМО сироятёфта манъ карда шудааст: «Аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам бо сабаби мубталои вируси норасоии масунияти одам буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад» (моддаи 13).
Ҳамчунон кӯдакон ва наврасони бо ВНМО зиндагикунанда ва ё ба эпидемияи инфексияи ВНМО зарардидаи аз волидон маҳрумшуда ба муассисаҳои интернатӣ (кӯдакистон, хонаи кӯдакон, хонаи бачагона, мактабинтернатҳо) дар асоси қоидаҳои умумӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин кӯдакон дар гурӯҳҳои синну соли худ бо ҳамаи кӯдакон якҷоя таълим ва тарбият мегиранд.
Дар ҳолати мавҷуд набудани нишондиҳандаҳои манфии вазъи саломатӣ (яъне хуб ва ё қаноатбахш ҳис кардани худ) кӯдакон ва наврасони бо ВНМО зиндагикунанда ба муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, интернатӣ ва дигар муассисаҳои системаи таҳсилот, ҳамчунон ба сексияҳои варзишӣ, маҳфилҳо якҷоя бо дигар кӯдакон бе мамоният ва маҳдудият қабул карда мешаванд.
Агар кӯдакон ва наврасони бо ВНМО зиндагикунанда бо сабаби ақибмонӣ дар инкишоф ва ё бад будани вазъи саломатӣ кадом як мушкилоти махсуси таҳсилот дошта бошанд, пас бо дарназардошти тавсияи комиссияҳои тиббӣ-педагогии назди табобатхонаҳо барои чунин кӯдакону наврасон макон ва шакли тарбияву таълими мувофиқ муайян карда мешавад.
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи артиши миллӣ сафарбар кардани ҷавонони бо ВНМО зиндагикунанда ва ё аз эпидемияи инфексияи ВНМО мубталогашта низ бе маҳдудият аст.
Ташхис барои ВНМО. Риоя намудани махфияти натиҷаи ташхис.
Муқаррар намудани ташхиси инфексияи ВНМО ҷараёни мураккаб ва масъулиятнок аст.
Соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти ВНМО, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо», рӯйхати шахсони ҳатман ба таври махфӣ аз ташхиси тиббӣ гузаранда барои муайян кардани инфексияи ВНМО аз рӯйи нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ тасдиқ шудааст.
Ташхисро (бе нишон додани ному насаб ва ройгон) метавон дар марказҳои ВНМО гузашт.
Ташхиси инфексияи ВНМО танҳо дар асоси таҳлили лаборатории хун ва мавҷудияти зиддулбадан (антител) ба ВНМО гузаронида мешавад. Тестгузаронӣ барои ВНМО то гузаронидани таҳлил ва баъд аз гирифтани натиҷаҳо анҷом дода мешавад. Муроҷиат кардан барои аз тест гузаштан ва натиҷаҳои он иттилооти махфӣ буда, пинҳон нигоҳ дошта мешавад.
Роҳбарон ва дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, кормандони тиб, ки ба онҳо бо сабабу вазъиятҳои гуногун дар бораи ВНМО-и хонанда ва ё хешовандони наздики ӯ (волидон, хоҳарон, бародарон) маълумот медиҳанд, вазифадоранд, ки махфияти онро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, онҳо мутобиқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ҳангоми ба интернат ва ё хонаи кӯдакон супурдани кӯдак ва навраси ВНМО-дошта, ки бе сарпараст мондаанд, оид ба сирояти ӯ ба роҳбар (ё намояндаи қонунии кӯдак) ва корманди тиббии муассисаи номбаршуда иттилоот дода мешавад. Роҳбарон барои ба кормандони дигари муассисаи таълимӣ расонидан ё нарасонидани иттилооти мазкур қарор қабул мекунанд.
Бо дарназардошти тавсияи табиби муолиҷакунанда дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи дар бахшҳои варзишӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ иштирок кардани хонандагони бо ВНМО зиндагикунанда ба таври фардӣ ҳал карда мешавад.
Агар саломатии кӯдак имконият надиҳад, ки вай бо варзиш машғул шавад ё дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ иштирок кунад, пас бо тавсияи табиби мактабӣ ӯ муваққатан аз машғулияти варзишӣ озод карда мешавад. Агар дар ин маврид нишондоди махсуси тиббӣ вуҷуд надошта бошад, пас муассисаи таълимӣ ҳуқуқ надорад, ки дастрасии хонандаи бо ВНМО зиндагикунандаро барои иштирок дар машғулиятҳои гуногуни варзишӣ ва маҳфилҳо маҳдуд кунад.
Ба таври фарзӣ ин метавонад дар ҳолате рӯй диҳад, ки агар хуни хонандаи ВНМО-и мусбатдошта ба захми каси дигар афтад. Дар ҳолати сар задани хунравӣ дастпӯшаки резинӣ пӯшида, хунравиро боздошт, баъд аз он захмро бо антисептик коркард намуда, бо пластир ва ё латтабандак бастан лозим аст. Сониян, агар ба тахта, мебел, таҷҳизоти варзишӣ ва воситаҳои дигар хун чакида бошад, тавсия дода мешавад, ки он бо дастпоккунаки коғазӣ ва ё латтакуҳна тоза карда, бо маҳлули безараргардонанда (дезинфексионӣ) коркард шавад.
Латтаи хунолударо ба халтаи полиэтиленӣ гирифта ба партовҷой партофта, либоси хунолудаи хонандаро ба халта андохта, маҳкам баста ба хона бурда медиҳанд. Пас аз расонидани ёрии аввал ва тоза кардани ҷою хона дастҳоро бо собун шустан лозим аст.
Тадбирҳои ҳаматарафаи эҳтиётӣ инҳоро дар бар мегирад:
- ҳатман риоя кардани низоми санитарию гигиенӣ ва низоми зиддиэпидемӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тоза ва воситаҳои ҳимояи фардӣ;
- дар муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд овардани шароити хуби бехатарии тарбиягирандагон, хонандагон ва кормандон;
- пешгирии латхӯрӣ ва ҳолатҳои садамавӣ;
- истифодаи бехатару дуруст нигоҳ доштани воситаҳои халандаву буранда;
- назорати ҳолати пӯсти бадани кормандон ва хонандагон. Ба кор роҳ додани кормандону хонандагони захмдошта (буридагӣ, харошидагӣ, кандагӣ ва ғайра) танҳо баъд аз коркарди пӯсти бадан бо воситаҳои дизенфексиякунанда ва гузоштани банд, пластир ва ғайра;
- риоя намудани тадбирҳои эҳтиётии ҳаматарафа ва истифодаи воситаҳои бехатарии фардӣ (дастпӯшакҳои резинӣ, рӯйпӯшакҳо, айнак ва ғ.) дар ҳолати расонидани ёрии аввали тиббӣ барои комилан роҳ надодан ба имкониятҳои алоқа бо хуни дигар ва дигар маҳлулҳои биологии бо хуномехта;
- дар ҳолати набуданидастпӯшак ҳангоми расонидани ёрии аввал ба латхӯрӣ, аз маводди пешидастбуда (халтаҳои полиэтиленӣ, матои обнагузаронанда…) истифода бурдан;
- коркард ва таъмин кардани муассиса бо «тартиби хабаррасонӣ» дар ҳолати ба вуҷуд омадани латхӯрӣ ва ҳолати садамавӣ;
- ташкил ва таъмин кардани истифодаи усулҳои бехатари партовҳо, воситаҳои ҳимояи фардии истифодашуда, ашёи гуногуни бо хуну дигар маҳлулҳои биологӣ олудашуда (сӯзандоруҳо, сӯзанҳои дар масоҳати муассисаи таълимӣ ёфташуда);
- таъмин намудани коркарди мукаммали (бо истифодаи воситаҳои дизенфексиякунандаи тавсияшуда) воситаҳои бо хун олудашуда, таҷҳизот, мебел, либос ва ғайра.
Оё аз намуди зоҳирии инсон дар ӯ мавҷуд будани ВНМО-ро муайян кардан мумкин аст? Мутаассифона, аз рӯйи намуди зоҳирии инсон ВНМО-ро муайян кардан имконнопазир аст. Ҳамчун қоида, инсони мубталои ВНМО то дер вақт ягон аломати бемориро ҳис намекунад. Вай тарзи зиндагии одатиашро идома медиҳад – мехонад, кор мекунад, вазифаи ҳаррӯзаашро иҷро мекунад ва бо ҳамин худро комилан солим ҳис мекунад.
Вале аз давраи ба организм дохил шудани ВНМО инсон бемор будани худро надониста, метавонад онро ба одамони дигар гузаронад. Ошкор кардани ВНМО танҳо баъд аз тесткунонии ВНМО имконпазир аст. Донистани ВНМО имкон медиҳад, ки инсон сари вақт муолиҷаро оғоз намояд ва барои ба одамони дигар нагузаштани вирус тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ҷавононро лозим аст, ки пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солимро пеша карда, бештар ба варзиш шуғл варзанд. Ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмонии кӯдакон ва ҳифзи саломатии онҳо волидон ва парасторону васиён ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд, ки ба онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд ва худ намунаи тарзи ҳаёти солим бошанд.
Саволҳо
|