Асосҳои ахлоқии муносибати ҷавонон

Одоби муносибати чавонон. Асосхои ахлокии муносибати чавонон


Дар ҷомеа ҳар инсон дорои роҳу равиш, муносибат, одат ва хулқу атвори ба худ хос мебошад, ки бо ин роҳу равиш аз дигарон фарқ мекунад. Табиист, ки чунин роҳу равиш, хулқу атвор, одату гуфтор натиҷаи адаб, тарбия дар оила ва таъсири муҳиту ҷамъият мебошад.

Албатта, ҳар як падару модар бар он мекӯшад, ки фарзандони солим ва хубу боодобро ба воя расонад; онҳоро аз мушкилоти зиндагӣ ва нозукиҳои рӯзгор огоҳ сохта, ба ҳаёти мустақилона ҳидоят кунад. Ҳамчунин баробари ба синни балоғат расидани фарзанд ба онҳо ҳамсарони муносиб интихоб намуда, бо бунёди оилаи нав қарзи падариву модариро иҷро мекунанд.

сухбат сухан

Адаб ва ахлоқ илмест, ки одам онро аз хурдӣ то пирӣ меомӯзад. Ахлоқ баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омада, бо гузашти таърих такмил ёфта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ворид гардидааст. Одоби муошират, сухан, дӯстӣ, одоби рафтор дар хона, кӯчаю кор, қабул ва гусели меҳмон, ба меҳмонӣ рафтан, иззату ҳурмат, ҳаёти оилавӣ ва муносибатҳои байниинсонӣ дар давоми асрҳо ташаккул ёфтаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо тағйири сохти ҷамъиятӣ гоҳо баъзе ақидаҳои ахлоқӣ низ тағйир ёфта, мазмуни нав мегиранд. Аммо асоси он, ки аз анъанаҳои миллӣ ғизо гирифтааст, бетағйир мемонад. Риоя намудани қоидаҳои нонавиштаи ахлоқ обрӯю эҳтироми шахсро баланд мебардорад. Риоя накардани ин қоидаҳо сабаби сарзаниши шахс ва паст гардидани дараҷаи ҳурмату эҳтиром ва мақоми ӯ мегардад. Чунонки бузургон фармудаанд:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Одам дар ҷамъият зиндагӣ карда, бо аҳли хонавода, хешу табор, дӯстони оила, дар мактабу донишкада бо ҳамсинфону ҳамсабақони худ, дар фаъолияти корӣ бо ашхоси зиёди дигар муносибат мекунад. Бинобар ин фарҳанги муносибат бо одамон дар ҳаёти ҳар як шахс нақши муҳим дорад.

Муносибату муомилаи писару духтар хусусиятҳои ба худ хос дорад, аз ин рӯ риоя намудани он барои ҳар як ҷавони боодоб шарт аст. Халқи тоҷик соҳиби фарҳанги ҳазорсола мебошад. Дар бораи одобу ахлоқи ҳамида, муносибатҳои неки инсонӣ шоирону нависандагони тоҷику форс асарҳои зиёде иншо кардаанд.

Аммо бо мурури замон баробари тағйири сохти ҷамъиятӣ қисме аз меъёрҳои ахлоқӣ шаклҳои нав пайдо кардаанд.

Акнун занону духтарони тоҷик баробари мардон кору фаъолият намуда, фарди баробарҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Духтарону писарон дар мактаб ва донишгоҳҳо якҷоя таҳсил мекунанд. Дар деҳот аксарияти онҳо ғайр аз дарс дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор карда, бо ҳам рафиқу дӯст мегарданд. Гоҳо ин дӯстӣ ба муҳаббати ҳақиқӣ мубаддал мегардад ва бо розигии волидон онҳо оиладор шуда, хушбахтона умр ба сар мебаранд.

Аммо дар ҳама ҳолат ҷавонон бояд анъанаҳои неки миллиро фаромӯш накунанд. Шарму ҳаё, фурӯтанию хоксорӣ нишонаи одобу маданияти баланди инсонист. Агаp писару духтар бо ҳамдигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд сухан гӯянд, ханданд, ба атрофиён аҳамият надиҳанд, ин нишонаи беодобист. Одоби писарону духтарон (муносибаташон) дар хушмуомилагӣ ва эҳтироми якдигар зоҳир мегардад. Изҳори муҳаббату садоқат бояд бо суханони нарму самимӣ ифода ёбад. Самимият, хоксорӣ, мадад расонидан ба одамон, дӯстро аз рафтори бад нигоҳ доштан аз хислатҳои неки инсонист.

Хоксорӣ, фурӯтанӣ яке аз хислатҳои беҳтарини инсон мебошад. Ҷавонон бояд хислатҳои ростқавлӣ, садоқат ва эҳтиромро дар худ парваранд. Амалу рафтори худро идора карда тавонанд. Одами хоксор ҳеҷ гоҳ касеро таҳқир намекунад ва худро аз касе боло намедонад.

Баъзан мушоҳида мешавад, ки ҷавонписарон нисбат ба духтарон муносибати дағал мекунанд. Номашонро нагирифта ба онҳо лақаб мегузоранд. Бо рафтору амали хеш бартарии худро намоиш доданӣ мешаванд, ки ин аз беадабию бетарбия будани онҳо шаҳодат медиҳад.

Гоҳо духтарон ҳам нисбат ба писарон чунин рафторро раво мебинанд. Агаp духтару писаре бо ҳам муносибати дӯстона дошта бошанд, онҳоро таъна ва масхара мекунанд, ки ин амал ҳам нишонаи беадабист.

Нависандаи барҷастаи рус А. П. Чехов дар мактуб ба бародараш дар бораи одоб чунин навиштааст: «Одамони ботарбия… шахсияти инсонро эҳтиром мекунанд, аз ин рӯ ҳамеша мудоро намуда, ҳалим, хушмуомила, нармдиланд. Онҳо на танҳо нисбат ба бенавоён раҳмдилу дилсӯзанд, қалби онҳо аз чизе низ ба сӯзмеояд, ки ба чашми одӣ дида намешавад. Онҳо покдиланд, аз дурӯғ мисли оташ метарсанд. Онҳо ҳатто дар бораи чизҳои беаҳамият низ дурӯғро истифода намебаранд. Дурӯғ барои шунаванда таҳқиромез аст ва гӯяндаро дар назари ӯ хору залил ва беқурб месозад. Онҳо худнамоӣ намекунанд, рафторашон дар кӯча ҳам мисли хона аст, ба чашми дигарон хок намепошанд. Онҳо лаққӣ нестанд ва агар аз онҳо чизе напурсанд, ҳарфе намегӯянд. Онҳо бештари вақт хомӯшанд. Албатта, бо чунин инсон муносибат кардан хуш аст».

Асоси муносибати писарону духтаронро назокату одоб ташкил медиҳад. Дар муносибати одамон одоб чун меъёри ахлоқ ба ҳисоб меравад. Риоя накардани меъёри ахлоқ, ки дар ҷомеа ҳамчун қонуни нонавишта қабул шудааст, нишони бетарбиягӣ ва бадахлоқӣ аст.

Дар ҷомеаи мо ҷавононе ёфт мешаванд, ки духтаронро манбаи дилхушӣ ва вақтгузаронӣ медонанд. Дӯстии онҳо бо духтарон танҳо аз ҳамин хотир аст. Ҳамин ки бо духтари зебои дигаре вохӯранд, бо баҳонае худро канор гирифта, ба паҳлуи духтари дигар мераванд.

Аз ин рӯ духтарон дар интихоби дӯсту рафиқ бояд боэҳтиёт, сахтгир бошанд. Ҷавонро дониста, санҷида, ҳаматарафа ӯро шинохта муносибат намоянд. Дар ин бобат Носири Хусрав фармудааст:

Чу касро ёри якдил ёр гардад,
Ба ҳар озор кай безор гардад?

На бар ҳазл аст кори ёру ёрӣ,
Ки сидқу эътиқод омад ба ёрӣ.

Ба ёрӣ дар фаровон кор бошад,
На ҳар к-аш ёр хондӣ, ёр бошад!

Дило, ёре талаб, гар метавонӣ,
Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ.

Саволҳо

  1. Ахлок чист?
  2. Тарбиятгари асосии ахлок дар оила кист?
  3. Акидаи шумо дар бораи дустии писарону духтарон чи хел аст?
  4. Чаро одобро хусни инсон меноманд? 5.Шумо кадом асари ишкиро хондаед?
  5. Ишк чи гуна хиссиёт аст?
  6. Ба фикри шумо сабабхои аз хам чудо шудани дустдоштагон дар чист?
ҚаблӣТашкили оилаи ҷавон. Муҳаббати марду зан – шарти асосии ташкили оила
БаъдӣОмода намудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ