Саволу ҷавоб (санъати бадеӣ дар адабиёт ва шеър)

Саволу ҷавоб санъати бадеиест, ки шоир дар шеър бо савол ва ҷавоб ба он сухан гӯяд. Чунонки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кардааст:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар!
Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На. Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Чу шакар!

Дар шеърҳое, ки ин санъат ба кор рафтааст, шоирон одатан аз калима ва таркибҳое мисли “гуфтам” ва ”гуфто”, “бигуфт” ва “бигуфто”, “савол” ва “ҷавоб”, “пайғом” ва “паём” ва ғайра фаровон истифода менамоянд. Чунончи, Низомии Ганҷавӣ дар достони “Хусрав ва Ширин” ҳангоми баёни мунозираи Хусрав ва Фарҳод намунаи олии истифода аз санъати саволу ҷавобро нишон додааст.

Нахустин бор гуфташ, к-“Аз куҷоӣ?”
Бигуфт: “Аз дори мулки ошноӣ”.

Бигуфт: “Он ҷо ба санъат дар чӣ кӯшанд?”
Бигуфт: “Андуҳ харанду ҷон фурӯшанд”.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бигуфто: “Ҷонфурӯшӣ дар адаб нест?”
Бигуфт: Аз ишқбозон ин аҷаб нест”.

Бигуфт: “Аз дил шудӣ ошиқ бад-ин сон?”
Бигуфт: “Аз дил ту мегӯйӣ, ман аз ҷон”.

Бигуфто: “Ишқи Ширин бар ту чун аст?”
Бигуфт: “Аз ҷони ширинам фузун аст”.

Бигуфто: “Дил зи меҳраш кай кунӣ пок?”
Бигуфт: ”Он гаҳ, ки бошам хуфта дар хок”…

Бигуфт: “Аз дил ҷудо кун ишқи Ширин”.
Бигуфто: “Чун зиям бе ҷони ширин?”

Саволу ҷавоб аз санъатҳои дӯстдоштаи бисёре аз шоирони форсигӯй, аз қабили Фаррухии Сиистонӣ, Муиззии Самарқандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон мебошад. Ин шоирон қасидаҳои том ва ғазалҳои томе доранд, ки дар онҳо ин санъат аз аввал то охир риоят шудааст. Ба гунаи мисол дар ин ғазали Ҳофизи Шерозӣ:

Гуфтам: “Ғами ту дорам”. Гуфто: “Ғамат сар ояд”.
Гуфтам, ки: ”Моҳи ман шав”. Гуфто:”Агар барояд”.

Гуфтам: “Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз”.
Гуфто: “Зи хубрӯён ин кор камтар ояд”.

Гуфтам, ки: “Бар хаёлат роҳи назар бибандам”.
Гуфто, ки: “Шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд”.

Гуфтам, ки: ”Бӯйи зулфат гумроҳи оламам кард”.
Гуфто: “Агар бидонӣ, ҳам ӯт раҳбар ояд”.

Гуфтам: “Хушо ҳавое, к-аз боғи хулд хезад”.
Гуфто: “Хунук насиме, каз кӯйи дилбар ояд”.

Гуфтам, ки: “Нӯши лаълат моро ба орзу кушт”.
Гуфто: “Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд”.

Гуфтам: “Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?”
Гуфто: “Магӯй бо кас, то вақти он дарояд”.

Гуфтам: “Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад?”
Гуфто: “Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд”.

Бадеънигорон санъати саволу ҷавобро ба ду навъ қисмат намудаанд: аввал он ки саволу ҷавоб бо калимаву таркибҳои “гуфтам (бигуфтам)” ва “гуфто (бигуфто)” ва ё монанд ба онҳо бошад ва навъи дувум он ки саволу ҷавоб бидуни онҳо воқеъ шавад.

Шоирон дар гузашта ва имрӯз аз санъати саволу ҷавоб барои баёни эҳсосоти саршори худ ва қаҳрамонони ғиноӣ ва шиддат бахшидани таъсири суханони худ, ҳамчунин барои ширинӣ ва лутф дар баён ба кор доштаанд.

ҚаблӣДастури таълимӣ: Корҳои беруназсинфӣ аз информатика
БаъдӣЗиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави