Ташкил кардани чойи кор барои духти дасти. Риоя кардани коидахои бехатари дар вакти дарздузи.
- Сӯзанро ба рафиқатон бо тарафи кундаш дароз кунед.
- Сӯзанҳо ва сӯзанакҳоро гум накунед, онҳоро пеш ва баъд аз кор шуморед.
- Сӯзанҳо ва сӯзанакҳоро ба либос нагузоред, ба даҳон нагиред, онҳоро дар сӯзангузорак нигоҳ доред.
- Дар вақти дарздӯзӣ дарозии ришта бояд ба 60 см баробар бошад ё чунон ки дар расм нишон дода шудааст. риштаро ба сӯрохии сӯзан аз тарафи аз ғалтак кандагиаш гузаронед ва гиреҳ кунед. Дар ин ҳолат ришта дар вақти дарздӯзӣ моил, ҳалқа нашуда ҳаракат мекунад.
Дар вақти дарздӯзӣ ангуштпонаро истифода баред, то ки дастро аз халидани сӯзан эҳтиёт кунед.

Дар вақти кор бо қайчӣ дар хотир доред:

Савол
- Андозаҳои сӯзанро номбар кунед?
- Андозаи қайчиро гӯед?