Шеърхо дар бораи Китоб

Шеър дар васфи Китоб, шеърҳо дар бораи Китоб, Аниси кунчи танхои – китоб оварда мешаванд. Шеърҳои нав низ дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд >>

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.


Дар лавҳу қалам шоҳиди осор китоб аст,
Сарманзилу мақсуди гуҳарбор китоб аст.

Таърих агар сабт шуда дар сафи айём,
Тасвири рухаш дархури гуфтор китоб аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Рабби азалӣ нури ҷалӣ бар қалам омухт,
Бинвис, ки ин дафтари пурбор китоб аст.

Дар арш қалам қомати худ то ки биорост,
Бар саҷда сар овард, ки дилдор китоб аст.

Ҳар нуқта, ки бар чеҳраи осор нишаста,
Дар синаи лавҳ ҳамдаму меъёр китоб аст.

Эъҷози ҳақиқат ба тариқат ду рақам зад,
Аввал ба қалам, баъд ба рухсор китоб аст.

Ҳар кас бишиносад, сухани Холиқи субҳон,
Он нур, ки нозил шуда бисёр китоб аст.

Холиқ нашинохт дидаи одам магар он дам,
К-ӯ ҷониби дил шуд, ки ҷаҳондор китоб аст.

Эй дониши олам ҳама дар синаи ту забт,
Донанд ҳамагон шаҳди гуҳарбор китоб аст.

Ҳар дидаи бинодили рушан чу туро дид,
Фаҳмид, ки сарчашмаи асрор китоб аст.

Ҳар кас ба ту омехт дилу дидаву ҷонро,
Орост қадаш ин ҳама анвор китоб аст.

Аз дониши рӯйи ту фурӯзон дили инсон,
Мискин ба ғано мерасад то ёр китоб аст.

(?)


Дӯсти азизи ман китоб,
Бо ӯ намоям сарҳисоб.
Сарчашмаи илмасту ноб,
Ақлам физояд обу тоб.

Хонам варо шому саҳар,
Гирам зи ӯ маънии зар.
Илме диҳад аз баҳру бар,
Ҳар ҳарфи вай дурру гуҳар.

Ҷонам гирад аз ӯ ҳузур,
Чашми дилам бикшода нур.
Фикре диҳад бар ман ғурур,
Ҳам медиҳад ақлу шуур.

Аз баччагӣ аз вақти шоб,
Бас хондаам илму сабоқ,
Осон диҳад бар ман ҷавоб.
Шаръу қиёс, роҳи савоб.

Таълим намояд аз ҳалол,
Хуш зиндагӣ ҳам аз малол.
Аз неку бад ҳар инфиъол,
Ҳар кас гирад бар қадри ҳол.

Дорад китоб иззу шараф,
Якҷоя гир бо ҳар ду каф.
Бар чашми худ мол, кун таваф,
Ӯро нигаҳ дор чун садаф.

Рӯзии Ғанизод


Он яке қадри китоб гумкардае,
Дигаре боғу чаман гумкардае.
Аз китоб гумкарда лек,
Мерасад рузе забон гумкардае.

Амирҷони Нуриддин


Хуштарзи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.


Агар шеъре дар бораи китоб медонед дар шарҳ нависед.


4 шарҳ

  1. Хуштарзи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
    Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
    Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
    Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед