Мавқеи Низоимии Ганҷавӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ. Мавкеи Низоимии Ганчави дар адабиёти форсии точики.

Низомии Ганҷавӣ яке аз шаҳсутунҳои кохи баланди шеъри форсии тоҷикӣ мебошад. Шоир бо эҷоди маснавиҳои панҷгонаи дар зоти худ нотакрораш ба мактаби бузурги хамсанависӣ асос гузошт. Пас аз ӯ танҳо ба забони форсии тоҷикӣ ба “Махзан–уласрор” 80, “Хусрав ва Ширин”50, “Лайлӣ ва Маҷнун” 120, “Ҳафт пайкар” 50, “Искандарнома” 25–то назира навишта шудаанд. Баъди асри ХIV назирасароӣ ба “Хамса”–и Низомӣ дар адабиёти қавмҳои туркзабон, пашту, урду, курдӣ, арабӣ, гурҷӣ, ҳиндӣ, панҷобӣ ва ғ. низ оғоз гардидааст.
Дар байни онҳое, ки ба маснавиҳои Низомӣ пайравӣ кардаанд, шоирони бузурге, мисли Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ ва дигарон ҳастанд.
Низомӣ дар фазилати сухан гуфтааст, ки:
То сухан аст, аз сухан овоза бод,
Номи Низомӣ ба сухан тоза бод!
То забони форсии тоҷикӣ, шеъри форсии тоҷикӣ, қавми муаззаме бо номи тоҷик ҳаст, номи Низомӣ ва асарҳои ӯ хоҳанд буд.