Хамсаи Низоми Ганчави. “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ.

Хамсаи Низоми Ганчави. “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ. Хусрав ва Ширин, Лайли ва Мачнун.

“Хамса” -и Низомӣ

“Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ дар асл аз панҷ маснавии ҷудогона иборат мебошад:

  1. “Махзан-ул-асрор”;
  2. “Хусрав ва Ширин”;
  3. “Лайлӣ ва Маҷнун”;
  4. “Ҳафт пайкар”;
  5. “Искандарнома”.

Маснавиҳои мазкур дар рӯзгори муаллифашон зери унвони умумии “Хамса” ё “Панҷ ганҷ” гирд наомада буданд. Гумони ғолиб он аст, ки пас аз он ки дар асри ХIV Амир Хусрави Деҳлавӣ ба онҳо ҷавоб менависад, асарҳои ҷудогонаву мустақили Низомӣ ҳамчун як асари яклухт ва ягона пазируфта мешаванд ва анъанаи хамсанависӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба расмият медарояд.


1. “МАХЗАН-УЛ-АСРОР”

“Махзан-ул-асрор” маснавии динию ахлоқӣ ва фалсафӣ буда, дар таърихи 24 рабеъулаввали санаи 572 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 30 сентябри соли 1176 ба итмом расидааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Буд ҳақиқат зи шумори дуруст
Бисту чорум зи рабеи нахуст.
Аз гаҳи ҳиҷрат шуда то ин замон
Понсаду ҳафтоду ду афзун бар он.

“Махзан-ул-асрор” аз оғози анъанавӣ дар маснависароӣ (ҳамд, наът, мадҳ ва фаслҳои муқаддимотӣ), бисту ду мақолат ва анҷоми китоб иборат мебошад. Мавзӯи онро худи муаллиф хеле дақиқ муайян намудааст ва гуфтааст:

Мояи дарвешию шоҳӣ дар ӯ,
Махзани асрори илоҳӣ дар ӯ.

Баёни масъалаҳои офариниши одам (мақолати аввал), офариниши олам (мақолати савум), эътибори мавҷудот (мақолати шашум), офариниш (мақолати ҳаштум), намудори охирзамон (мақолати даҳум) ба мавзӯи асрори илоҳӣ, масъалаҳои тарки шууноти (корҳои) дунявӣ (мақолати нуҳум), накуҳиши ғафлат (мақолати чаҳордаҳум), парастишу таҷрид (гӯшанишинӣ) (мақолати ҳафтдаҳум), дар видои манзили хок (мақолати дувоздаҳум), истиқболи охират (мақолати нуздаҳум) ба мавзӯи дарвешӣ, масъалаҳои адл (мақолати дувум), риояти шоҳ бо раият (мақолати чаҳорум) ба мавзӯи шоҳӣ дахл дорад. Илова бар ин дар маснавии мазкур аз хусуси бевафоии дунё (мақолати ёздаҳум), накуҳиши ҷаҳон (мақолати сездаҳум), вақоҳати абнои (бадиҳои аҳли) аср (мақолати бистум), накуҳиши рашкбарон (мақолати понздаҳум), чобукравӣ (мақолати шонздаҳум), накуҳиши дурӯён (мақолати ҳаждаҳум), фазилати одамӣ бар ҳайвонот (мақолати ҳафтум) ва васфи пирӣ (мақолати панҷум) сухан меравад, ки ба мавзӯъҳои вазъи замона ва ахлоқ вобаста мебошад.

Дар ҳар мақолат пас аз зикри матлаби аслӣ ҳикоят ё достоне барои тасдиқ ё тақвияти он оварда мешавад. Аз ин ҷиҳат “Махзанул-асрор” маснавии Саноии Ғазнавӣ “Ҳадиқат-ул-ҳақиқа”-ро ба хотир меорад. Дар бораи он ки ин ду маснавӣ бо ҳам иртиботе доранд, худи Низомӣ ишора намудааст.

Нома ду омад зи ду номусгоҳ,
Ҳар ду мусаҷҷал ба ду Баҳромшоҳ.

Он заре аз кони куҳан рехта
В-ин дуре аз баҳри нав ангехта.

Он бадар оварда зи Ғазнӣ алам
В-ин зада бар сиккаи румӣ рақам.

Гарчи дар он сикка сухан чун зар аст,
Сиккаи зарри ман аз он беҳтар аст.

Аз ду Баҳромшоҳе, ки муаллифи “Махзан-ул-асрор” ёд овардааст, яке Баҳромшоҳи Ғазнавист, ки Саноӣ “Ҳадиқат-улҳақиқа”-ро ба ӯ бахшидааст ва дигаре Фахриддин Баҳромшоҳ аст, ки маснавии Низомӣ ба номи ӯст.

Шабоҳати сохторӣ ва услубии маснавиҳои зикршудаи ин ду шоир боиси он гардидааст, ки баъзеҳо “Махзан-ул-асрор”-ро низ мисли “Ҳадиқат-ул-ҳақиқа” аз асарҳои ирфонӣ шуморанд. Дорои мазмунҳои сӯфиёна будани аксари назираҳо ба “Махзан-уласрор” низ дар ин натиҷагирӣ бетаъсир нест. Ҳол он ки дар асл ин тавр нест.

Ғояи асосии “Махзан-ул-асрор” таъкиди бевафоии дунё ва аҳли он, намондани адлу инсоф ва мардумӣ буда, шоир гуфтанист, ки адлу инсоф, тақвову парҳезро бояд пеш гирифт ва фаромӯш набояд кард, ки охирзамон ҳаст. Чунончи:

Давлати дунё кӣ таманно кунад,
Бо кӣ вафо кард, ки бо мо кунад?…
Ҳар варақе чеҳраи озодаест,
Ҳар қадаме фарқи маликзодаест.

***

Кист фалак? Пиршуда бевае.
Чист ҷаҳон? Дардзада мевае.
Ҷумлаи дунё зи куҳан то ба нав
Чун гузарандаст, наярзад ба ҷав.

***

Додгарӣ шарти ҷаҳондорӣ аст,
Шарти ҷаҳон, бин, ки ситамгорӣ аст.
Ҳар кӣ дар ин хона шабе дод кард,
Хонаи фардои худ обод кард.

***

Расми ситам нест ҷаҳон ёфтан,
Мулк ба инсоф тавон ёфтан….
Мамлакат аз адл шавад пойдор,
Кори ту аз адли ту гирад қарор.

***

Чанд, Низомӣ, дари дунё занӣ?
Хезу дари дин зан, агар мезанӣ.

***

Тоат кун, рӯй битоб аз гуноҳ,
То нашавӣ чун хаҷилон узрхоҳ.
Ҳосили дунё чу яке соат аст,
Тоат кун, к-аз ҳама беҳ тоат аст.


2.“ХУСРАВ ВА ШИРИН”

“Хусрав ва Ширин” дувумин маснавиест, ки Низомии Ганҷавӣ эҷод намудааст. Ӯ онро аввали соли 1180 оғоз карда, охири соли 1181 ба итмом расонидааст.

Бинобар эътирофи муаллиф, ӯ ҳадиси Хусраву Ширинро аз таърихи куҳансолони ин бум, сухангӯйи куҳанзоде, ки достонҳои куҳанро ёд дошт, донистааст.

Зи таърихи куҳансолони ин бум
Маро ин ганҷнома гашта маълум…
Чунин гуфт он сухангӯйи куҳанзод,
Ки будаш достонҳои куҳан ёд.

Вай онро аз ширинтарин достонҳои замонҳои гузашта ва имрӯза мешуморад.

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест
В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Низомӣ ишора ба он намудааст, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз достони Хусраву Ширин сухан карда бошад ҳам, аз баёни ишқи Хусраву Ширин сарфи назар кардааст.

Ҳакиме, к-ин ҳикоят шарҳ кардаст,
Ҳадиси ишқ аз эшон тарҳ кардаст.

Достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ, дарвоқеъ, пеш аз ҳама ба баёни мавзӯи ишқи Хусраву Ширин ва дар партави он ба талоши Хусрав барои тоҷу тахт бахшида шудааст. Хусрави Парвиз шахси таърихӣ буда, соли 591 ба тахт нишастааст. Ин подшоҳи сосонӣ, дар ҳақиқат, бо номи Ширин зане доштааст ва воқеан ҳам, дар соли 629 аз дасти писараш кушта шудааст. Дар достони Низомӣ ҳақиқати таърихӣ бо ҳақиқати бадеӣ пайванд гардидааст ва як ишқномаи наву хонданӣ ва монданиеро ба вуҷуд овардааст.

Достон бо зикри аз Худо фарзанд хостани Ҳурмуз пури Кисро ва таваллуди Хусрави Парвиз оғоз мегардад. Сипас сухан аз тарбият, илмҳои адаб, ҷанг, ҳисоб ва ҳикматро омӯхтан ва ҳамчун ҷавони зирак, чолок ва далер ба воя расиданаш меравад.

Хусрав Шопур ном надими хоссе дошт. Ӯ дар суратгарӣ ва наққошӣ устод ва марди ҷаҳондидае буд. Рӯзе ба Хусрав нақл мекунад, ки шаҳбонуи бузурги Арманистон Меҳинбону бародарзодае дорад бо номи Ширин, ки дар ҳусну ҷамол бебадал мебошад ва ӯро аспи бодпойи шабрангест бо номи Шабдез.

Паридухте, париуззор моҳе,
Ба зери миқнаа соҳибкулоҳе.

Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ,
Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ.

Кашида қомате чун нахли симин,
Ду зангӣ бар сари нахлаш рутабчин.

Зи бас к-овард ёд он нӯшлабро,
Даҳон пуроби шаккар шуд рутабро.

Ба марвориди дандонҳои чун нур
Садафро оби дандон дода аз дур.

Ду шаккар чун ақиқи обдода,
Ду гесу чун каманди тобдода.

Хами гесуш тоб аз дил кашида,
Ба гесу сабзаро бар гил кашида.

Шуда гарм аз насими мушкбезаш
Димоғи наргиси беморхезаш…

Намак дорад лабаш дар ханда пайваст,
Намак ширин набошад в-они ӯ ҳаст.

Ту гӯйӣ биниаш теғест аз сим,
Ки кард он теғ себеро ба ду ним…

Муваккал карда бар ҳар ғамза ганҷе,
Занах чун себу ғабғаб чун туранҷе.

Рухаш тақвими анҷумро зада роҳ,
Фишонда даст бар хуршеду бар моҳ.

Ду пистон чун ду симин нори навхез,
Бар он пистон гули бустон дирамрез…

Ба охур баста дорад раҳнаварде,
К-аз ӯ дар так наёбад бод гарде…

Ниҳода номи он шабранг Шабдез,
Бар ӯ ошиқтар аз мурғи шабовез…

На ширинтар зи Ширин халқ дидам,
На чун Шабдез шабранге шунидам.

Хусрав аз ин ҳикояти Шопур ғоибона ба Ширин ошиқ мешавад ва Шопурро ба талаби Ширин ба кӯҳистони Арман мефиристад.

Шопур ба Арманистон меравад ва сурати Хусравро дар гузаргоҳи Ширин мегузорад. Ширин бар он сурат соате чанд фурӯ шуд ва шефтаи он тимсоли рӯҳонӣ мегардад. Шопур ба ӯ аз Хусрав ва ошиқ буданаш ба Ширин ҳикоят мекунад.

Хаёлатро шабе дар хоб дидаст,
Аз он шаб ақлу ҳуш аз вай рамидаст.

На май нӯшад, на бо кас ҷом гирад,
На шаб хуспад, на рӯз ором гирад.

Ба ҷуз Ширин нахоҳад ҳамнафасро,
Бад-ин талхӣ мабодо айш касро!

Ширин бо ҳидояти Шопур аз назди Меҳинбону мегурезад ва барои дидани Хусрав хабарпурсон роҳи Мадоинро пеш мегирад.

Дар ин миён пӯлодкоре дирамро бар номи Хусрав сикка зада, ба ҳар шаҳре мефиристад. Падараш мехоҳад барои ин рафтораш ӯро ҷазо диҳад. Хусрав аз бими падар бо маслиҳати Бузургумед ба мулки Арман мегурезад. Вақте ки Хусрав ба мулки Арман мерасад, Ширин дар Мадоин буд.

Хусрав барои овардани Ширин Шопурро дигар бор ба Мадоин фиристод. Дар ин вақт Хусрав огоҳӣ меёбад, ки падарашро куштаанд, бинобар ин ба Мадоин бармегардад ва ба ҷойи падараш ба тахт менишинад. Вале ӯ тадриҷан адлу додро ба айшу ишрат табдил медиҳад ва ҳамаро, аз ҷумла Ширинро фаромӯш мекунад. Яке аз сарлашкарон Баҳроми Чӯбина шӯриш мебардорад ва дар номаи пӯшидааш мегӯяд:

К: “Аз ин кӯдак ҷаҳондорӣ наёяд,
Падаркуш подшоҳиро нашояд.

Бар ӯ як ҷуръа май ҳамранги озар
Гиромитар зи хуни сад бародар.

Бибахшад кишваре бо бонги руде,
Зи мулке дӯсттар дорад суруде.

Зи гармӣ раҳ ба кори х(в)ад надонад,
Зи хомӣ ҳеч неку бад надонад.

Ҳанӯз аз ишқбозӣ гарму доғ аст,
Ҳанӯзаш шӯри Ширин бар димоғ аст”.

Хусрав ба паноҳи Меҳинбону мегурезад ва дар шикоргоҳҳои Муғон Хусрав ва Ширин бо ҳам вомехӯранд. Вақте ки Ширин Хусравро назди Меҳинбону ба меҳмонӣ мебарад, вай Ширинро андарз ва савганд медиҳад, ки мабодо фирефтаи Хусрав шавад, зеро дар зиндагӣ ҷавонони бадмеҳру бадаҳд ва бевафо зиёд вомехӯранд. Мабодо ки:

Чу Вис аз некномӣ дур гардӣ,
Ба зиштӣ дар ҷаҳон машҳур гардӣ.

Гар ӯ моҳ аст, мо низ офтобем
В-агар Кайхусрав аст, Афросиёбем.

Паси мардон шудан мардӣ набошад,
Зан он беҳ, к-аш ҷавонмардӣ набошад.

Меҳинбону маслиҳат медиҳад, ки Ширин Хусравро хуб бисанҷад, зеро мегӯяд ӯ:

Ту худ донӣ, ки вақти сарфарозӣ
Заношӯйӣ беҳ аст аз ишқбозӣ.

Ширин савганд мехӯрад, ки қадами беҷо нахоҳад ниҳод:

Ки: “Гар хун гирям аз ишқи ҷамолаш,
Нахоҳам шуд магар ҷуфти ҳалолаш”.

Бо розигии Меҳинбону онҳо вақташонро бо чавгонбозӣ, шикор, базм ва афсонагӯӣ мегузаронанд. Рӯзҳои зиёде дар фасли баҳор бо хушию хуррамӣ гузаштанд.

Чунин фасле бад-ин ошиқнавозӣ,
Хато бошад, хато бе ишқбозӣ.

Онҳо ба ҳам бештар унс гирифтанд. Боре Хусрав хост, ки аз Ширин ком бистонад.

Шаҳ аз роҳи шикебоӣ гузар кард,
Шикори орзуро тангтар кард.

Сари зулфи гиреҳгири дилором
Ба даст оварду раст аз дасти айём.

Лабаш бӯсиду гуфт: “Эй ман ғуломат,
Бидеҳ дона, ки мурғ омад ба домат…

Ману ту, ҷуз ману ту кист ин ҷо?
Ҳазар кардан зи баҳри чист ин ҷо?..

Ту дилхар бош, то ман ҷон фурӯшам,
Ту соқӣ бош, то ман бода нӯшам.

Шаби васлат лабе пурханда дорам,
Чароғи ошноӣ зинда дорам”.

Ширин чунин посух мегӯяд:

Ҷаҳон ниме зи баҳри шодкомист,
Дигар нима зи баҳри некномист.

Чӣ бояд табъро бадром кардан,
Ду некуномро бадном кардан?

Ҳамон беҳтар, ки аз худ шарм дорем,
Бад-ин шарм аз Худо озарм дорем…

Ман он ширин дарахти обдорам,
Ки ҳам ҳалвову ҳам ҷуллоб дорам.

Нахуст аз ман қаноат кун ба ҷуллоб,
Ки ҳалво ҳам ту хоҳӣ хӯрд, маштоб!

Ширин шарт мегузорад, ки Хусрав бояд мулки подшоҳиро ба даст орад.

Ту мулки подшоҳиро ба даст ор,
Ки ман бошам, агар давлат бувад ёр.

Хусрав бо хотири озурда ба Ширин ҳасрат мекунад ва мегӯяд:

Ман аввал бас ҳумоюнбахт будам,
Ки ҳам бо тоҷу ҳам бо тахт будам.
Ба гирди олам овора-м ту кардӣ,
Чунин бадрӯзу бечора-м ту кардӣ.

Хусрав барои ёрӣ ба назди қайсари Рум меравад. Қайсар духтараш Марямро ба Хусрав ба занӣ медиҳад ва дар ихтиёри ӯ лашкари бешумореро мегузорад. Хусрав ба Эрон лашкар кашида, Баҳроми Чӯбинаро шикаст медиҳад ва дубора ба тахт мешинад. Аммо аз фироқи Ширин азоб мекашад. Ширин низ дар ғами Хусрав месӯхт. Шоир ҳолати равонии Хусравро чунин ба қалам додааст:

Агарчи подшоҳӣ буду ганҷаш,
Зи беёрӣ паёпай буд ранҷаш.

Намегӯям тараб ҳосил намекард,
Тараб мекард, лек аз дил намекард.

Гаҳе қасди набиди хом кардӣ,
Гаҳе аз гиря май дар ҷом кардӣ.

Гаҳе гуфтӣ ба дил, к: “- Эй дил, чӣ хоҳӣ
Зи олам? Ошиқӣ ё подшоҳӣ?

Ки ишқу мамлакат н-ояд ба ҳам рост,
Аз ин ҳар ду яке мебоядат хост.

Ширин пас аз сари Меҳинбону бар тахти мулки Арман менишинад, бо адлу дод як сол ҳукм меронад. Вале ба дарди ҳаҷри Хусрав тоб наоварда, мулкро ба мавлое (навкаре) супурда, ба Мадоин меояд ва дар қасри пешинаи худ дар доманакӯҳи беобу дашти хушке маскан мегирад. Хусрав аз тарси Марям танҳо тавонистааст, ки ба Ширин паёме бифиристад.

Хусрав бо расидани хабари марги Баҳроми Чӯбина бо иштироки Борбади ромишгари овозадор базм меорояд ва сӣ лаҳни ӯро мешунавад. Пас аз базм Хусрав аз Ширин ба Марям шафоат мекунад ва мехоҳад, ки ӯ низ Ширинро азиз дорад ва ба қаср даъват намояд. Марям рад мекунад ва мегӯяд, ки агар Хусрав чунин кунад, худро хоҳад кушт:

Туро бифребаду моро кунад дур,
Ту з-ӯ розӣ шавӣ, ман аз ту маҳҷур.

Хусрав ба талаби Ширин Шопурро ба назди ӯ мефиристад ва хоҳиши дидор мекунад. Ширин ба Шопур итоб мекунад ва мегӯяд:

Наяфтод он рафиқи бевафоро,
Ки бифристад саломе хушк моро…

Чӣ кард он раҳзани хунхораи ман
Ҷуз оташпорае дар бораи ман?

Ман инак зинда, ӯ бо ёри дигар
Зи меҳр ангехта бозори дигар…

Биё, то каҷ нишинам, рост гӯям:
“Чӣ хориҳо, к-аз ӯ н-омад ба сӯям”…

Кунад бо ҷинси худ ҳар ҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз…

Зи боғи Рум гул дорӣ ба хирман,
Макун тороҷи тахту тоҷи Арман…

Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр,
Яке аз баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор.

Фарҳоди муҳандис ва фарзона, ки ӯро Ширин бо маслиҳати Шопур барои кандани ҷӯй аз чарогоҳ то қасраш даъват намуда буд, дар муддати як моҳ корашро анҷом медиҳад. Ширин ба дидани Фарҳод меояд ва ба ӯ ба ивази хидматаш чанд гавҳари шабчароғ мебахшад. Фарҳод онро пеши пойи Ширин меафшонад, аз ишқи худ ба ӯ зорӣ мекунад. Овозаи ишқи Фарҳод ба гӯши Хусрав мерасад. Хусрав Фарҳодро назди худ мехонад ва онҳо ба ҳам мунозира мекунанд. Хусрав дар мунозира мағлуб мешавад.

Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наёмад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к-аз хокию обӣ
Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.

Ва роҳи макру ҳиларо пеш мегирад. Ӯ барои озмоиш ба Фарҳод кандани роҳ дар Бесутунро мефармояд ва гумон мекунад, ки вай аз уҳдааш намебарояд, шартро бой медиҳад ва аз ишқи Ширин даст мекашад. Аммо Фарҳод ба кор оғоз мекунад ва дар дили кӯҳ сурати Ширинро меканад. Овозаи он ба Ширин мерасад ва ӯ барои дидани он ба кӯҳи Бесутун меравад. Хусрав аз ин огоҳ мешавад ва таъзиятномаи пур аз танзеро ба Ширин мефиристад. Ва роҳи халосиро аз Фарҳод дар хиёнат мебинад ва ба ӯ хабари бардурӯғеро мерасонад, ки Ширин мурд. Фарҳод бо шунидани ин хабари шум ҷон медиҳад.

Чу афтод ин сухан бар гӯши Фарҳод,
Зи тоқи кӯҳ чун кӯҳе дарафтод.

Дар ин миён Марям мемурад. Ширин ба Хусрав ба ин муносибат таъзиятномаи ростине мефиристад. Хусрав пас аз марги Марям боз ба ёди Ширин шуд. Ширин дар ҷавоб номаи таънаомезе менависад. Хусрав аз ин ранҷида ба май менишинад. Рӯзе ба гӯшаш васфи Шакари Исфаҳонӣ мерасад ва ӯ дар таманнои вай ба Исфаҳон меравад ва вайро ба занӣ мегирад. Ширин боз танҳо мемонад ва ба Яздони пок ниёиш ва зорӣ мекунад. Рӯзе Хусрав бо баҳонаи шикор ба сӯйи қасри Ширин меравад ва Ширинро мебинад ва сухан мегӯяд. Ширин чунин посух медиҳад:

Ба даст орӣ маро чун ғофилон маст,
Чу гул бӯйе кунӣ, андозӣ аз даст…

Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,
Дудил будан тариқи оқилӣ нест…

Ту аз ишқи ману ман бениёзӣ,
Ба ман бозӣ кунӣ дар ишқбозӣ?..

Маро аз рӯйи ту як қибла дар пеш,
Туро қибла ҳазор аз рӯйи ман беш.

Хусрав ба хатои худ иқрор мешавад ва мегӯяд, ки ӯ агарчи бо гап бо каси дигар аст, бо дил бо Ширин буд.

Ба тан бо дигаре хурсанд будам,
Зи дил то ҷон туро дар банд будам…
Агар гоме задам дар комронӣ,
Ҷавон будам, чунин бошад ҷавонӣ.

Ширин дар посух ба Хусрав бо зикри он ки ӯро дар дил сад ғубор аст, мегӯяд:

Ҳама вақте туро пиндоштам ёр,
Ҳама ҷойе туро хондам вафодор.

Ту ҳаргиз дар дилам ҷойе накардӣ,
Чу дилдорон мудорое накардӣ…

Зи ту коме надида дар замона,
Шуда тири маломатро нишона…

Бас он, к-аз баҳри ту бечора гаштам,
Зи хонумони хеш овора гаштам…

Бинои дӯстӣ бар бод додӣ,
Магар к-акнун асоси нав ниҳодӣ?

Хусрав ноумед бармегардад ва Ширин аз рафтани ӯ пушаймон мешавад. Хусрав хоб мебинад, ки дар боғе чароғ дар даст гаштааст. Шопур таъбир мегӯяд, ки Хусрав ба васли Ширин хоҳад расид. Хусрав дар шикоргоҳе базм меорояд, Ширин дар он пинҳонӣ иштирок мекунад. Борбад аз номи Хусрав ва Накисои чангӣ аз номи Ширин ғазал ва суруд мегӯянд. Пас аз як ҳафта Хусрав Ширинро ба занӣ мегирад ва ба Мадоин меорад ва солҳо бо ҳам бо хушу хуррамӣ зиндагӣ мекунанд. Мамлакат аз адлу доди Хусрав обод мешавад.

Хусрав аз Марям писаре дошт бо номи Шерӯя, ки онро шоир ҳамчун “фарзанди хом” ва “фарзанди қаттол” шинос менамояд ва мегӯяд:

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд.

Шерӯя вақте ки тақрибан нуҳсола буд, ба Ширин ошиқ мешавад:

Шунидам ман, ки он фарзанди қаттол
Дар он тифлӣ, ки будаш қурби нуҳ сол,
Чу Ширинро арӯсӣ буд, мегуфт:
“Ки Ширин кошкӣ будӣ маро ҷуфт”.

Чун Шерӯя ба воя расид, падарро дар оташхона гӯшанишин кард ва шабе ӯро ҳангоми хобаш кушт. Ширин, ки ҳам дар он ҷо буд, бедор мешавад. Шерӯя ӯро ба занӣ хостор мешавад. Ширин се шарт мегузорад: 1. Сӯзондани қасри Хусрав; 2. Куштани аспи ӯ Шабдез; 3. Дафни ҷасади Хусрав бо шукӯҳи тамом. Шерӯя шартҳоро ба ҷо меорад. Ширин пас аз ин бо ханҷар синаи худро чок карда, дар рӯйи дахмаи Хусрав ҷон медиҳад. Низомӣ дар бораи ин ҳолат гуфтааст:

Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ӯ,
Зиҳӣ ҷон додану ҷон бурдани ӯ!

Чунин воҷиб кунад дар ишқ мурдан,
Ба ҷонон ҷон чунин бояд супурдан!

На ҳар к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.

Достони ишқи ғамангез ва пур аз шебу фарози шоҳзодаи сосонӣ Хусрави Парвиз ва маликаи Арман Ширин аз оғоз то ба анҷомаш хонандаро дар изтироб ва шиддати равонӣ нигаҳ медорад:

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,
Гулобе талх бар Ширин фишондан.

ва дар як замону макон дар се сатҳи гуногун – поин, миёна ва боло мегузарад ва дар ҳамаи он сатҳҳо рӯйи ду нуктаи асосӣ гаштаву баргашта таъкид менамояд: 1. Ишқ дард аст, ранҷ аст, мусибат аст, фоҷиа аст; 2. Мамлакат ба адл (доду диҳиш) ва дониш побарҷост.

Низомӣ тавонистааст, ки дар чаҳорчӯби достони ишқу муҳаббати Хусрав ва Ширин чеҳраҳои адабии амиқ ва барҷастаеро бо тамоми мураккабӣ ва тазодҳои олами ҷисмонӣ ва рӯҳониашон биофарад, монанди Хусрави Парвиз, Ширин, Фарҳод ва дигарон.

Дар достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ ҳар типи одамӣ дар се чеҳра ва дараҷа намудор шудааст. Чунончи:

  1. Маъшуқа – Ширин, Марям, Шакар.
  2. Ошиқ – Фарҳод, Хусрав, Шерӯя.
  3. Шоҳ – Ширин, Хусрав, Баҳроми Чӯбина.

Ширин қаҳрамони марказӣ ва дӯстдоштании Низомӣ буда, аз ҳама ҷиҳатҳо: ҳусн, ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, рафтору гуфтор ҳамто надорад. На Марям ва на Шакар аз ҳеч ҷиҳат бо ӯ баробар намешаванд. Ширин сурати зебо, чобукӣ, далерӣ ва хушсухании Хусравро дида, ба ӯ дил мебандад ва то ба охир ба вай сарфи назар аз ҳама булҳавасӣ, ноустуворӣ ва бевафоиҳояш содиқ мемонад ва кӯшиш мекунад, ки ошиқашро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Танҳо вақте ки Хусрав тамоми хатоҳои худро дарк мекунад ва ба гардан мегирад, онҳо ба ҳам мерасанд. Вале афсӯс, ки ба касофати Шерӯя касе, ки дӯсташ медошт, кушта мешаваду худро мекушад ва бо ҳамин меҳру муҳаббати поку беолоиши худ нисбат ба Хусрав, номус, номи неку шарафи худро нигоҳ медорад.

Шахси дигаре, ки дар миёни қаҳрамонони “Хусрав ва Ширин” бо тасвири Ширин наздикӣ ва монандӣ дорад, Фарҳод аст. Ӯ ҳам мисли Ширин каси боақлу ҳуш, бофаросат, донишманд, поктинат, содиқ мебошад. Қавлаш аз амалаш фарқ намекунад. Вай омода аст, ки барои Ширин худашро қурбон намояд. Ишқи Ширин ӯро аз озмоишҳои сангине мегузаронад. Фарҳод ба дараҷае ба Ширин меҳр баста буд, ки вақте хабари бардурӯғи марги Ширинро мешунавад, ҳалок мешавад. Чеҳраи Фарҳоди ошиқ дар мунозирае, ки бо Хусрав дошт, ба хубӣ ва тамомӣ ошкор гардидааст.

Шахсияти Хусрав басо мураккаб ва пурзиддият аст. Ӯ гоҳ ҳамчун ҷавонмарди хушсурату хушсират, тануманд, далеру чолок, зирак, закӣ, суханвар, боадаб ва бодониш, гоҳе ҳамчун шахси ишратпараст, худписанд, бокибру ғурур, танпарвар, булҳавас, беирода, тарсуву сабукфикр, шоҳзодаи бемасъулият тасвир шудааст. Хусрав, ки ошиқи зори Ширин буд, аввал ба Марям ва баъд бо Шакари Исфаҳонӣ хонадор мешавад. Мулки подшоҳиро гузошта роҳи гурезро пеш мегирад ва аз шоҳони кишварҳои бегона ёрӣ мепурсад. Агар талабу талқини пайвастаи Ширин намебуд, Хусрав аз нишасти маю ишрат даст намекашид ва аз пайи тахту тоҷи хеш намешуд ва роҳи адлу додро пеш намегирифт.


3.“ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН”

Навиштани достони “Лайлӣ ва Маҷнун”ро аз Низомии Ганҷавӣ, ки он вақт ҳамчун муаллифи маснавии динию ахлоқӣ ва фалсафии “Махзануласрор” ва достони “Хусрав ва Ширин” ном бароварда буд, ҳокими вақти Шарвон хоҳиш намудааст.

Вале шоир ба сабаби танг будани чаҳорчӯби афсонаи Лайлию Маҷнун, дур будани тафсири нишот аз он ва сухани бараҳна буданаш дар эҷоди он дудила будааст.

Лекин чӣ кунам ҳаво дуранг аст,
Андеша фароху сина танг аст.

Даҳлези фасона чун бувад танг,
Гардад сухан аз шуд-омадан ланг.

Майдони сухан фарох бояд,
То табъ саворие намояд.

Баъдан бо исрори фарзандаш Муҳаммад ба таълифи он сар мекунад ва дар зарфи камтар аз чаҳор моҳ дар таърихи 30 раҷаби санаи 584 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 24 сентябри соли 1188 ба итмом мерасонад.

Ин чор ҳазор байт аксар
Шуд гуфта ба чор моҳ камтар,
Гар шуғли дигар ҳаром будӣ,
Дар чорда шаб тамом будӣ.

Қиссаи Лайлию Маҷнун пеш аз Низомӣ дар шакли пароканда ва пора-пора дар манбаъҳои гуногуни адабӣ ва таърихӣ вуҷуд дошт. Шоир нахустин касест, ки бо офаридани достони “Лайлӣ ва Маҷнун” онро дар қолиби муайян ва ягона рехт, ба он тафсири худро дод, рӯҳи худро дамид ва аз маводи арабӣ асаре офарид, ки моли адабиёти форсии тоҷикӣ гардид ва дар замонаи муаллиф ва асрҳои баъдӣ шуҳрати беандоза ёфт.

Аз рӯйи ривояти Низомӣ, бузургворе аз мулки Араб дар талаби фарзанд буд, ӯ писар меёбад ва номашро Қайс мемонад. Вайро ба мактаб медиҳад. Дар он ҷо офатнарасида духтари хубе бо номи Лайлӣ мехонд. Онҳо ба ҳам дил медиҳанд. Қайси бесабру таҳаммул аз ишқи Лайлӣ ҳолате дошт, ки атрофиёнаш ӯро ба ҷунунӣ бадном мекунанд ва ба ӯ лақаби Маҷнун, яъне девонаро медиҳанд. Падараш ба Маҷнун панди судманд медиҳад, лекин он ба вай асар намекунад.

Панд арчи ҳазор судманд аст,
Чун ишқ бувад, чӣ ҷойи панд аст!

Падари Маҷнун ба хостгории Лайлӣ меравад, аммо ҷавоби рад мегирад. Падари Лайлӣ бадромӣ, бадкомӣ ва девонагии Маҷнунро баҳона мекунад ва мегӯяд, ки девона ҳарифи (ҳамнишини) мо нашояд. Вай ба падари Маҷнун маслиҳат медиҳад, ки писарашро аввал ба дуо инояте кунад, саломат гардонад ва баъд аз пайи хостгории Лайлӣ шавад.

Фарзанди ту ҳаст гарчи бадром,
Фаррух набувад, чу ҳаст бадном.

Девонагие ҳаменамояд,
Девона ҳарифи мо нашояд.

Аввал ба дуо инояте кун
В-он гаҳ зи вафо ҳикояте кун!

То ӯ нашавад дурустгавҳар,
Ин қисса нагуфтан аст беҳтар.

Падари Маҷнун ӯро ба зиёрати хонаи Каъба мебарад. Ҳангоми зиёрат Маҷнун ба ҷойи талаби растан аз ҳалқаи ғам, расидан ба растагорӣ ва озод шудан аз балои ишқ аз Худо талаб мекунад, ки аз ишқ ӯро ба ғояте расонад ва ҳар лаҳза майли зиёдтаре ба Лайлӣ диҳад.

Маҷнун чу ҳадиси ишқ бишнид,
Аввал бигирист, пас бихандид.

Аз ҷой чу мори ҳалқа барҷаст,
Дар ҳалқаи зулфи Каъба зад даст…

Ё раб, ба худоии худоит
В-он гаҳ ба камоли подшоит,

К-аз ишқ ба ғояте расонам,
К-ӯ монад, агарчи ман намонам.

Аз чашмаи ишқ деҳ маро нур
В-ин сурма макун зи чашми ман дур.

Гарчи зи шароби ишқ мастам,
Ошиқтар аз ин кунам, ки ҳастам!

Гӯянд, ки: “Хӯ зи ишқ во кун,
Лайлиталабӣ зи дил раҳо кун!”

Ё раб, ту маро ба рӯйи Лайлӣ
Ҳар лаҳза бидеҳ зиёд майле.

Ҳамқабилаҳои Лайлӣ аз ишқи Маҷнун ор карда, қасди куштани ӯ мекунанд. Аз ин падари Маҷнун огоҳӣ меёбад ва ба писараш панд медиҳад. Маҷнун дар ҷавоби падар мегӯяд:

Даргоҳи ту қиблаи суҷудам,
Зинда ба вуҷуди ту вуҷудам.

Хоҳам, ки ҳамеша зинда монӣ,
Худ бе ту мабод зиндагонӣ!

З-ин панд хазинае, ки додӣ,
Бар сӯхта марҳаме ниҳодӣ.

Лекин чӣ кунам мани сияҳрӯй?
К-афтода ба худ наям дар ин кӯй.

З-ин раҳ, ки на бар қарори хешам,
Донӣ, на ба ихтиёри хешам.

Ман баставу бандам оҳанин аст,
Тадбир чӣ суд, қисмат ин аст!

Дар дашту биёбон Маҷнун ба амир Навфал вомехӯрад, Навфал аз қиссаи ишқи Маҷнун огоҳӣ меёбад ва ваъдаи расонидани ёриро ба ӯ медиҳад, бо қабилаи Лайлӣ ҷанг мекунад. Аз ҷониби қабилаи Лайлӣ ба муқобили Навфал дар ҷанг иштирок доштани Маҷнун ва ба ёрии лашкари худ шитофтани ҳамқабилаҳои Лайлӣ Навфалро ба сулҳ водор месозад. Аммо кинояи Маҷнун Навфалро маҷбур мекунад, ки ӯ дубора ба ҷанги зидди қабилаи Лайлӣ бархезад ва пирӯзӣ ба даст биёрад. Вале якравии падари Лайлӣ имкон намедиҳад, ки Маҷнун ва Лайлӣ ба ҳам расанд. Падари Лайлӣ куштани ӯ ва пеши саг афканданашро авлотар аз расиданаш ба Маҷнун медонад ва мегӯяд:

Аммо надиҳам ба дев фарзанд,
Девона ба банд беҳ, ки дар банд…

Буррам сари он арӯси чун моҳ,
Дар пеши саг афканам дар ин роҳ,

То боз раҳам зи ному нангаш,
Озод шавам зи сулҳу ҷангаш!

Фарзанди маро аз ин таҳаккум
Саг беҳ, ки хурад, на девмардум.

Лайлиро ба Ибни Салом медиҳанд, аммо Лайлӣ ба вай сар намефурорад.

Лайлиш тапончае чунон зад,
К-афтод ба сони мурда бех(в)ад.

Маҷнун аз шавҳар кардани Лайлӣ огоҳӣ меёбад ва аз бевафоии Лайлӣ шикоят мекунад. Аз Лайлӣ ба ӯ номае мерасад, ки дар он аз вафодорӣ ва покдоманиаш сухан мерафт. Лайлӣ дар номааш ба Маҷнун аз ҷумла чунин хитоб кардааст:

К-ин нома, ки ҳаст чун паранде
Аз ғамзадае ба дардманде,

Яъне зи мани ҳисорбаста
Наздики ту, эй қафасшикаста.

Эй ёри қадимаҳд чунӣ?
В-эй Маҳдии ҳафт маҳд, чунӣ?

Эй хозини ганҷи ошноӣ,
Ишқ аз ту гирифта рӯшноӣ.

Эй хуни ту дода кӯҳро ранг,
Сокин шуда чун ақиқ дар санг.

Эй чашмаи Хизр дар сиёҳӣ,
Парвонаи шамъи субҳгоҳӣ.

Эй аз ту фитода дар ҷаҳон шӯр,
Гӯре ду-се карда мӯниси гӯр.

Эй захмгаҳи маломати ман,
Ҳамқофилаи қиёмати ман.

Эй раҳм накарда бар тани хеш
В-оташ зада-бар ба хирмани хеш.

Маҷнун низ номаи ҷавобӣ мефиристад. Онҳо дар қароргоҳи миъод (ҷойи ваъдагӣ) ба ҳам мулоқот мекунанд, аммо ба ҳам наздик намешаванд, даҳ гом дуртар меистанд. Лайлӣ мегӯяд:

Гар з-он ки ба шӯй дил надодам,
Охир, на чунон ҳаромзодам.
З-ин беш қадам задан ҳалок аст,
Дар мазҳаби ишқ айбнок аст.

Маҷнун боз ба саҳрову биёбон бармегардад, Лайлӣ бемор мешавад ва мемурад. Маҷнун ба турбати Лайлӣ меравад ва дар он ҷо ҷон медиҳад.

Ноланда зи рӯйи дарднокӣ
Омад суйи он арӯси хокӣ.

Дар ҳалқаи он ҳазира афтод,
Киштиш дар оби тира афтод.

Ғалтид чу мӯри хастакарда,
Печид чу мори захмх(в)арда.

Байте ду-се зор-зор бархонд,
Ашке ду-се талх-талх бифшонд.

Бардошт ба сӯйи осмон даст,
Ангушт гушоду дида барбаст,

К: “- Эй холиқи ҳар чӣ офарида-ст,
Савганд, ба ҳар чӣ баргузида-ст!

К-аз меҳнати хеш вораҳонам,
Дар ҳазрати ёри худ расонам.

Озод кунам зи сахтҷонӣ
В-обод кунам ба сахтронӣ”.

Ин гуфту ниҳод бар замин сар
В-он турбати ӯ гирифт дар бар.

Чун турбати дӯст дар бар овард,
“Ё дӯст!” бигуфту ҷон баровард.

Тавре ки дидем, мавзӯи асосии “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ баёни достони ишқи ғамангези Лайлӣ ва Маҷнун буда, шоир ба воситаи он ҳақиқатеро тасдиқ мекунад, ки ишқи пок дарду ғам аст ва барои он ки ин ишқ зуҳури тамом дошта бошад, муҳити муносиб ва созгоре лозим аст. Вагарна оқибати он мисли достони ишқи Лайлию Маҷнун ғамангез хоҳад буд.

Маҷнун дар тасвири Низомӣ аз барҷастатарин чеҳраҳои адабии адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Маҷнун на танҳо содиқтарин ва бовафотарин инсони ошиқ аст, балки ӯ шоир, сурудхон, гуманист, сӯфӣ ва файласуфи бузург мебошад.

Афсӯс, ки замона ҷойи ин гуна шахсиятҳои барҷаста ва фавқулода набуд, бинобар ин ӯ аз ҷомеаи инсонӣ дурӣ гузида, рӯ ба саҳро меорад ва бо ҳайвонҳои ваҳшӣ унс мегирад. Ин канорагирӣ ва гӯшанишинии Маҷнун эътирозест ба замонаи номусоид, ба замонае, ки ишқи поки ӯро қурбони хурофот ва ҷаҳолати хонаводагӣ ва қабилагӣ месозад ва оқибат маҳкум ба марг менамояд.

Маҷнун ошиқи ишқи ҳақиқист, на маҷозӣ. Дурусташ ӯ аз мартабаи ишқи маҷозӣ ба ишқи ҳақиқӣ расидааст. Вай ба ин нукта дар ҷавоб ба ошиқ ва шоир Саломи Бағдодӣ таъкид намудааст. Маҷнун мегӯяд:

Бо ман ту нагунҷӣ андар ин пӯст,
Ман худкушаму ту хештандӯст.

Ман банди қабои худ кунам суст,
Ту бо дигаре камар кунӣ чуст.

Ман бутшикану ту бутпарастӣ,
Бо ман-т хатост ҳамнишастӣ.

Ман бастаи худ фишонам аз дӯш,
Ту бо дигаре шавӣ ҳамоғӯш…

Аз шаҳвати узрҳои хокӣ
Маъсум шуда ба ғусли покӣ.

З-олоиши нафс бозраста,
Бозори ҳавои худ шикаста.

Ишқ аст хулосаи вуҷудам,
Ишқ оташ гашту ман чу удам.

Ишқ омаду хос кард хона,
Ман рахт кашидам аз миёна.

Бо ҳастии ман, ки дар шумор аст,
Ман нестам, он чи ҳаст, ёр аст.

Лайлӣ дар тасвири Низомӣ духтарест, ки дар зебоӣ беҳамто ва ороста чу моҳе, аммо пойбанди хости падар, урфу одатҳои қабилаи хеш мебошад. Ӯ агарчи монанди Маҷнун дар рафтор ва гуфтори худ мустақил нест, вале аз ғаму ғусса дарун-дарун мисли шамъ месӯхт ва танҳо гоҳе аз беқарории худ хабар медод.

Лайлӣ, ки чароғи дилбарон буд,
Ранҷи худу ганҷи дигарон буд.

Ганҷе, ки кашида буд море
Аз ҳалқа ба гирди ӯ ҳисоре.

Гарчи гуҳари гаронбаҳо буд,
Чун маҳ ба даҳони аждаҳо буд.

Мезист дар он шиканҷаи танг
Чун донаи лаъл дар дили санг.

Шӯяш ҳама рӯз пос медошт,
Мехӯрд ғаму сипос медошт.

Дар суҳбати ӯ бути паризод
Монанди парӣ ба банди пӯлод.

Мекард ба чобукӣ шикебе,
Медод фиребро фиребе.

То шӯй бараш набуд, нолид,
Чун шӯй расид, дида молид…

Мехост, к-аз он ғам ошкоро
Гиряд нафасе, надошт ёро…

Аз ҳашмати шӯю шарми хешон
Мебуд чу зулфи худ парешон…

Месӯхт дар оташи ҷудоӣ,
Не дуд дар ӯ, на рӯшноӣ.

Вай бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки бо ошиқаш вохӯрад, рози дил гӯяд ва ба дидораш комёб гардад, вале на ҳамеша барояш чунин имконият муяссар мешуд. Рӯзе ӯ бо баҳонае бо дугонаҳояш ба нахлистон меравад, аммо мақсади асосиаш дар паноҳӣ расидан ба дидори ёри ғариби хеш буд.

Не-не, ғаразаш аз ин сухун буд,
Не сурхгулу на сарвбун буд.

Будаш ғараз он ки дар паноҳӣ
Чун сӯхтагон барорад оҳе.

Ёбад зи насими гулситоне
Аз ёри ғариби худ нишоне.

Лайлӣ агарчи бинобар хости падар маҷбуран ба никоҳи Ибни Салом даромад, аммо исматашро нигоҳ дошт ва ба Ибни Салом таҳдид намуд, ки агар бори дигар дар талаби ком бардоштан аз ӯ шавад ва ҳатто бо теғ хунашро бирезад, ба вай таслим нахоҳад шуд.

Гуфт: “Ар дигар ин амал намоӣ,
Аз хештану зи ман бароӣ,
К-аз ман ғарази ту барнахезад,
Гар теғи ту хуни ман бирезад».

Лайлии дар ишқи Маҷнун содиқ ва вафодор дар лаҳзаҳои вопасини умраш ба модари меҳрубонаш ҳасрат мекунад ва мегӯяд:

Хун мехурам, ин чӣ меҳрубонист?!
Ҷон меканам, ин чӣ зиндагонист?!

Ва васият мекунад, ки тани беҷони ӯро, ки аз дурии дӯст мурдааст, шаҳид шудааст ва арӯси ноком аст, арӯсвор ороста кунад ва бо кафани хунин бигӯронад, то ормонҳои ношикастаашро бишканад.

К-он лаҳза, ки ҷон супурда бошам
В-аз дурии дӯст мурда бошам,

Сурма-м зи ғубори дӯст баркаш,
Нилам зи ниёзи дӯст даркаш.

Фарқам зи гулоби ашк тар кун,
Атрам зи шамомаи ҷигар кун.

Барбанд ҳанутам аз гули зард,
Кофур фишонам аз дами сард.

Хун кун кафанам, ки ман шаҳидам!
То бошад ранги рӯзи идам.

Ороста кун арӯсворам,
Биспор ба хоки пардадорам.

Лайлӣ дар дами вопасини умри пурғаму дардаш аз модари меҳрубону дилсӯзаш хоҳиш мекунад, ки овораи ӯ – Маҷнунро, ки тамоми умр азизвораш нигоҳ медошт, азиз дорад, ба хорӣ нигоҳ накунад ва бигӯяд, ки Лайлӣ аз меҳри ту тан ба хок дод, дар ошиқии ту содиқӣ кард ва ҷон дар сари ишқу ошиқӣ кард ва бо ишқи ту аз ҷаҳон бурун рафт.

Овораи ман чу гардад огоҳ,
К-овора шудам ман аз ватангоҳ,

Донам, ки зи роҳи сӯгворӣ
Ояд ба саломи ин аморӣ…

Аз баҳри Худо накуш дорӣ,
Дар вай накунӣ назар ба хорӣ.

Ман доштаам азизвораш,
Ту низ чу ман азиз дораш.

Гӯ: “Лайлӣ аз ин сарои дилгир
Он лаҳза, ки медарид занҷир,

Аз меҳри ту тан ба хок медод,
Бар ёди ту ҷони пок медод,

Дар ошиқии ту содиқӣ кард,
Ҷон дар сари ишқу ошиқӣ кард.

Аҳвол чӣ пурсиям, ки чун рафт?
Бо ишқи ту аз ҷаҳон бурун рафт”.

Лайлӣ ба шарофати ҳунари волои Низомии Ганҷавӣ ба чеҳраҳои мондагори на танҳо адабиёти форсии тоҷикӣ, балки адабиёти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ду чеҳраи дигаре, ки достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомиро хотирмон кардаанд, чеҳраҳои падари ғамхори Маҷнун ва модари меҳрубони Лайлӣ мебошанд. Онҳо рамзи меҳри бузурги падарию модарӣ ба фарзанд мебошанд. Агар модари Лайлӣ бар хилофи падараш маҳрами рози тамоми дарду ранҷҳои пинҳониву ошкорои ӯст, падари Маҷнун тамоми чораву тадбирҳои заруриро мебинад, ки ба дарди ишқи фарзандаш даво ёбад.

Маҷнун падарашро ёру ёвари худ, фарёдраси худ, неруи дили худ, устоди тариқат ва ғамхори ҳақиқати худ, насиҳатгари худ меномад ва вақте ки хабари марги ӯро аз забони шикорие мешунавад, нолаҳои ҷигарсӯзе мекунад ва худро фавран ба сари турбати падар мерасонад. Низомӣ бо баёни ҳолати Маҷнун пас аз шунидани хабари марги падараш ва суханҳое, ки ӯ дар ҳаққи вай мегӯяд, чеҳраи падари Маҷнунро барҷаста сохтааст.

Маҷнун зи навои он каҷоҳанг

Нолиду хамид рост чун чанг.

Худро зи дареғ бар замин зад,
Бисёр тапонча бар ҷабин зад.

З-орому қарор гашт холӣ,
То гӯри падар давид ҳолӣ.

Чун шӯшаи турбати падар дид,
Алмоси шикаста дар ҷигар дид.

Бар турбаташ уфтод беҳуш,
Бигрифташ чун ҷигар дар оғӯш…

Гуфт: “Эй падар, эй падар, куҷоӣ?
К-афсар ба писар наменамоӣ?

Эй ғамхури ман, куҷот ҷӯям?
Темори ғами ту бо кӣ гӯям?

Ту беписарӣ салоҳ дидӣ,
З-он рӯй ба хок даркашидӣ?!

Ман бепадарӣ надида будам,
Талх аст кунун, ки озмудам.

Фарёд, ки дурам аз ту, фарёд!
Фарёдрасе на ҷуз ту бар ёд!

Ёрам ту будию ёварам ту,
Неруйи дили диловарам ту.

Устоди тариқатам ту будӣ,
Ғамхори ҳақиқатам ту будӣ…

Фарёд барояд аз ниҳодам,
К-ояд зи насиҳати ту ёдам…

Ман карда дуруштию ту нармӣ,
Аз ман ҳама сардӣ, аз ту гармӣ.

Лафзе ба муроди ту нагуфтам,
Як шаб ба канори ту нахуфтам…

Ҷондӯстии туро ба ҳар дам
Ёд ораму ҷон барорам аз ғам…

Оҳ, эй падар, оҳ аз он чи кардам,
Як дард на, бо ҳазор дардам.


4. “ҲАФТ ПАЙКАР”

Маснавии “Ҳафт пайкар” баёни зиндагиномаи Баҳроми Гӯрро аз рӯзи таваллудаш то ғайб заданаш дар бар мегирад. Барои ҳамин як номи он “Баҳромнома” мебошад. Онро шоир дар 14 моҳи рамазони соли 593 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 31 июли соли 1197 мелодӣ ба охир расонидааст. Маснавии мазкур асарест, ки ба назм оварданашро касе аз муаллиф хоҳиш накардааст. Онро шоир бо хости дили худ ба қалам овардааст.

Қаҳрамони асосии маснавии “Ҳафт пайкар”-и Низомии Ганҷавӣ Баҳроми Гӯр аслан шахси таърихист. Баҳром писари Яздгирди Сосонӣ буда, бо номи Баҳром шуҳрат дошт. Барои он ки дилбастагии тамом ба шикори гӯр дошт, лақаби Баҳроми Гӯрро ба ӯ додаанд. Ӯ дар таърих ҳамчунин бо ишқбозиҳояш ва доштани майл ба айшу ишрат машҳур мебошад.

“Ҳафт пайкар”-и Низомӣ бо он сар мешавад, ки подшоҳи сосонӣ Яздгирди хомандеш бист сол фарзанд меёфт, вале ҳеч намезист. Вақте ки Баҳром таваллуд мешавад, ӯро бо маслиҳати донишмандони ситорашинос ба Яман назди ҳокими он ҷо ба парваришгоҳ мефиристад, то ки:

Олати хусравиш бардӯзад,
Адаби шоҳияш даромӯзад…
Парваришгоҳи ӯ чунон бояд,
К-аз замин сар бар осмон сояд.

Ҳокими Яман барои Баҳром қасри Хаварнақро месозонад. Ин қаср хосияти аҷибе дошт, ки дар як рӯз се бор ранги худро дигар мекард: субҳдам сабз буду чоштгоҳӣ зард ва дар ҳавои абрӣ сафед.

Баҳром дар Яман асли ҳамаи илмҳои замонааш, аз ҷумла ҳандаса, нуҷум, забонҳои арабӣ, форсӣ ва юнониро фаро гирифта, дар аспсаворию силоҳдорӣ ва паҳлавонӣ шуҳрат меёбад. Вай махсусан шикори гӯрро дӯст медошт. Рӯзе ӯ бо як тир шеру гӯреро, ки ба ҳам омада буданд, аз пой меафтонад. Дафъаи дигар аждаҳоеро кушта, ба ганҷе, ки бори сад шутур буд, соҳиб мегардад. Ҳамаи ин ҳунарнамоиҳои Баҳромро рассомон дар деворҳои қасри Хаварнақ нигошта буданд.

Рӯзе Баҳром аз дашт баргашт ва дар Хаварнақ ба хуррамӣ мегашт, ҳуҷраеро дид дарбаста, пурсид, ки ин хона қуфлбаста чарост, хазинадор калидро овард ва вақте дари хонаро кушод, дид, ки дар нақши девор сурати ҳафт пайкари зебо аз ҳафт кишвар нигошта шудааст ва дар миёни онҳо Баҳром истодааст. Ва дабири пайкари ӯ бар сараш навиштааст:

К: “- Он чунон аст ҳукми ҳафт ахтар,
К-ин ҷаҳонҷӯй чун барорад сар,
Ҳафт шаҳзодаро зи ҳафт иқлим
Дар канор оварад чу дурри ятим”.

Вақте ки Баҳром он навиштаро хонд, дар шигифт бимонд дар фусуни фалак ва меҳри он духтарони зеборӯйро дар дилаш ҷой кард ва ба хазинадорон супориш дод, ки ҳеч касеро ба ин хона роҳ надиҳанд. Вале худаш вақт-вақте ки маст мегашт, ба он ҷо мерафт ва он луъбатони ҳурсириштро тамошо мекард.

Ҳафт пайкар дар ӯ нигошта хуб,
Ҳар яке з-он ба кишваре мансуб.

Духтари ройи Ҳинд Фаврак ном,
Пайкаре хубтар зи моҳи тамом.

Духти Хоқон ба ном Яғмоноз,
Фитнаи луъбатони Чину Тароз.

Духти Хоразмшоҳ – Нозпарӣ,
К-аш хироме ба сони кабки дарӣ.

Духти Сақлобшоҳ – Насриннӯш
Турки чинитирози румипӯш.

Духтари шоҳи Мағриб – Озарюн
Офтобе чу моҳи рӯзафзун.

Духтари Қайсари Ҳумоюнрой
Ҳам ҳумоюну ҳам ба ном – Ҳумой.

Духти Кисро зи насли Кайковус
Дурсатӣ ному хуб чун товус.

Баҳром, ин “биёбонии арабпарвард”, аз вафоти падараш огоҳӣ меёбад ва ҳам мефаҳмад, ки шаҳриён ва лашкариён ба тахти шоҳӣ ба ҷойи фарзанди шоҳи хомкору ҷаврпеша пирмарди хирадмандеро баргузидаанд. Баҳром ба Эрон лашкар мекашад. Ба ӯ шарт мегузоранд, ки тоҷи шоҳиро аз байни ду шери жаён бигирад. Баҳроми далер онро иҷро мекунад ва соҳиби тахту тоҷи меросӣ мешавад ва роҳи адлу додро пеш мегирад.

Расми инсоф дар ҷаҳон овард,
Адлро сар ба осмон овард.

Кард бо додпарварон ёрӣ,
Бо ситамкорагон ситамкорӣ…

Мардумӣ кард дар ҷаҳондорӣ,
Мардумӣ беҳ зи мардумозорӣ…

Мардумӣ карду мардумандӯзӣ,
Ҳеч касро намонд берӯзӣ.

Кори олам зи нав гирифт наво,
Бар нафасҳо кушода гашт ҳаво.

Раият ҳама аз Баҳром розӣ буданд, зеро мулк обод гардид, фаровонҳосилӣ шуд, фирориён ба кишвар бозгаштанд, зиндониён озод гаштанд, дасти золимон кӯтоҳ шуд, ҳар кас мувофиқи ҳолаш мартабае ёфт, илм пеш рафт. Вақте ки дар мамлакат хушксолӣ омад, Баҳром бо шафқат дари анборҳоро баркушод ва ба мардум озуқа бахшид ва онҳоро аз марг наҷот дод. Вале пасон ба кори мамлакат бепарво шуда, бо лаҳву ишрату ноз рӯзгори дароз машғул мешавад. Духтарони шоҳони ҳафт иқлимро, ки дар қасри Хаварнақ дар Яман дида буд, мехоҳад.

Баҳром қасри Ҳафт гунбадро месозонад ва дар ҳар яке аз он гунбадҳо духтареро аз подшоҳони ҳафт иқлим мешинонад ва ҳар рӯзи ҳафта дар яке аз он гунбадҳо вақташро бо шунидани афсонаву майгусорию ишқбозӣ мегузаронад. Рӯзи шанбе дар гунбади сиёҳ (Кайвон), якшанбе – зард (Офтоб), душанбе –сабз (Моҳ), сешанбе – сурх (Миррих), чоршанбе – пирӯзагун (Уторид), панҷшанбе – сандалӣ (Муштарӣ), одина – сапед (Зуҳра).

Чун зи кишваркушои ҳафт иқлим
Ҳафт духтар ситад чу дурри ятим,
Аз ҷаҳон дил ба шодмонӣ дод,
Доди айши хушу ҷавонӣ дод.

Бо истифода аз бепарвоии Баҳром ба кори мамлакат ва рӯзҳову моҳҳо ва солҳоро бо айшу нӯш гузаронидани ӯ вазираш Ростравшани гургманишу қаллоб ва дурӯғгӯй мулки ободро хароб, хазинаҳои пурро холӣ ва зиндонҳои холиро аз ҷаврдидагон пур мекунад. Дар мамлакат бедодӣ, зулм, ситам, ҷавр ҳукмфармо мешавад. Ба гуфтаи Низомӣ:

То вазорат ба ҳукми Нарсӣ буд,
Дар вазорат худойтарсӣ буд.
Ростравшан чу з-ӯ вазорат бурд,
Ростиҳою равшаниҳо мурд.

Аз ин вазъи бади Эрон хоқони Чин воқиф мегардад ва ба он лашкар мекашад. Баҳром аз он огоҳӣ меёбад, бар зидди душман бармехезад ва мебинад, ки аз сипоҳу ганҷинаи фаровоне, ки дошт, андаке мондааст ва ӯ ба шери бедандони оҷизе монанд шудааст.

Чун сипаҳ бозҷуст, панҷ надид,
Чун ба ганҷина рафт, ганҷ надид.

Ҳам тиҳӣ дид ганҷи оганда,
Ҳам силеҳу сипаҳ пароканда.

Монд оҷиз чу шери бедандон,
Тавқ –занҷиру мамлакат – зиндон.

Баҳром барои рафъи малоли хотире, ки аз вазъи мамлакат дошт, ба шикор мебарояд ва шоҳиди он мешавад, ки шубоне сагашро барои ёри гург шуданаш ҷазо медод. Баҳром аз ин кори шубон панд гирифта, аз вазири ситамгораш Ростравшан бозхост мекунад ва пас аз шунидани шикояти ҳафт мазлум ӯро мекушад.

Шоҳ Баҳром пас аз дубора барқарор намудани адлу дод ва тартибу низом дар мамлакат ва шикаст додани лашкари хоқони Чин қасри Ҳафт гунбадро ба ҳафт мубад медиҳад ва гунбадҳоро ба оташгоҳ табдил дода, худоҷӯй мешавад ва дар ғоре нопадид мегардад.

Низомии Ганҷавӣ бо нақли саргузашти Баҳроми Гӯр аз рӯзи ба дунё омадан то дар ғор нопадид гаштанаш як нуктаро таъкид кардааст, ки дар кори мамлакатдорӣ набояд ғафлат кард ва аз ҳоли раият ва кишвар бехабар буд ва мамлакатро ба касони золиме, мисли Ростравшани вазир, дод ва мамлакатдориро ба айшу нӯш ва ишқбозӣ иваз намуд. Паҳлуи дигари ин ғоя дар достони “Хусрав ва Ширин” низ баён гардида буд.

Қаҳрамони асосии “Ҳафт пайкар”, бешубҳа, Баҳроми Гӯр аст. Ӯ аз хурдӣ дар парваришгоҳи ҳокими Яман тарбияти хуби ҳаматарафа мегирад ва барои номбардори тахти шоҳи Эрон комилан омода мегардад. Вай ҷавони тарбиятдида, бодониш, боҳунар, нотарс ба воя мерасад. Ин сифатҳои ӯ вақте ки зарурати гирифтани тоҷу тахт пас аз марги падараш пеш меояд, ба тамомӣ зуҳур мекунад. Тоҷи шоҳиро аз байни ду шери дарранда мегирад ва ба сар мегузорад.

Баҳром шоҳи одил ва бодод мебошад. Мулкро обод ва раиятро аз худ хуррам мегардонад. Аммо чанд соле аз кори мамлакат дур мешавад ва бо айшу нӯш ва ишқбозӣ шуғл меварзад. Бо истифода аз ин касоне монанди Ростравшан тамоми корҳои неки ӯро дар Эрон барбод медиҳанд, ба ҷойи адлу дод зулму бедодиро пеш мегиранд. Хатари истилои лашкари кишварҳои бегона таҳдид мекунад. Баҳром аз ин бохабар шуда, аз айшу нӯш даст мекашад ва аз нав кори мамлакатро пеш мебарад ва адлу додро барқарор менамояд.


5. “ИСКАНДАРНОМА”

“Искандарнома” маснавии панҷуми Низомии Ганҷавист. Он аз ду қисм: “Шарафнома” ва “Иқболнома” иборат буда, дар ҳудуди соли 1203 навишта шудааст.

Шоир ҳангоми эҷоди достони Искандар аз сарчашмаҳои гуногун, аз он ҷумла таърихҳои яҳудию насронию паҳлавӣ, аз нусхаҳои пароканда истифода намудааст. Бинобар қавли ӯ, аммо дар ҳеч яке аз манбаъҳо достони Искандар дар як навард, ба таври муносиб, нигорида нашуда будааст. Бинобар ин ҳангоми ба назм даровардани он муаллифро лозим омадааст, ки маълумоти мавҷударо пешу қафо созад ва аз онҳо мағзашонро бигирад.

Низомӣ махсусан ба хидмати бузурги Фирдавсӣ дар баёни достони Искандар ишора кардааст ва гуфтааст, ки соҳиби “Шоҳнома” аз номаҳои дар бораи Искандар мавҷуда танҳо ҳамонҳоеро гирифтааст, ки аз вай гузираш набуд.

Сухангӯйи пешина – донои Тӯс,
Ки орост рӯйи сухан чун арӯс,

Дар он нома, к-он гавҳари суфта ронд,
Басе гуфтаниҳо, ки ногуфта монд…

Нагуфт, он чи рағбатпазираш набуд,
Ҳамон гуфт, к-аз вай гузираш набуд.

Эроди дигаре, ки муаллифи “Искандарнома” ба манбаъҳои ин достон гирифтааст, дароз будани достон дар баёни онҳост. Бинобар ин ӯ лозим донистааст, ки онҳоро аз олудагиҳо, аз нақлу ривоятҳои иловагӣ ҷудо созад.

Дигар ҳар чӣ карданд аз бостон,
Ба гуфтан дароз омадӣ достон…

Зарурат шуд ин шуғлро сохтан,
Чунин номаи нағз пардохтан…

Низомӣ, ки дар ришта гавҳар кашид,
Қаламдидаҳоро қалам даркашид.

Ба носуфта дурре, ки дар ганҷ ёфт,
Тарозуи худро сухансанҷ ёфт.

Ман аз оби ин нуқраи тобнок
Ҷудо кардам олудагиҳои хок.

Аз рӯйи гуфтаи Низомӣ, муаллифони сарчашмаҳо дар тасвири чеҳраи Искандар ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Гурӯҳе онро подшоҳи соҳибсарир, гурӯҳе ҳамчун ҳаким ва севумиҳо ҳамчун пайғамбар тасвир намудаанд.

Гурӯҳеш хонданд соҳибсарир,
Вилоятситон, балки офоқгир.

Гурӯҳе зи девони дастури ӯ
Ба ҳикмат навиштанд маншури ӯ.

Гурӯҳе зи покию динпарварӣ
Пазиро шудандаш ба пайғамбарӣ.

Соҳиби “Искандарнома” эълом доштааст, ки ӯ аз ин се донае, ки доноёни гузашта фишондаанд, дарахти баруманде хоҳад нишонд.

Ман аз ҳар се дона, ки доно фишонд,
Дарахте баруманд хоҳам нишонд.

Нахустин дар аз подшоӣ занам,
Дам аз кори кишваркушоӣ занам.

Зи ҳикмат баророям он гаҳ сухан,
Кунам тоза таърихҳои куҳан.

Ба пайғамбарӣ кӯбам он гаҳ дараш,
Ки хонад Худо низ пайғамбараш.

Се дар сохтам ҳар даре кони ганҷ,
Ҷудогона бар ҳар даре бурда ранҷ.

Ба он ҳар се дарё, ба он ҳар се дур,
Кунам домани ҳар ду аз ганҷ пур.

Низомӣ агарчи ҳам аз подшоҳӣ, ҳам аз ҳакимӣ ва ҳам аз пайғамбарии Искандар сухан кардааст, мавзӯи асосии “Искандарнома” баёни “роҳи маонӣ”-ро пеш гирифтани Искандар, фаррухсират ва ҳушманд будани ӯ, аз ромиш сӯйи дониш рӯ оварданаш мебошад.

Сикандар, ки роҳи маонӣ гирифт,
Пайи чашмаи зиндагонӣ гирифт.

Барои ҳамин ҳам шоир аз баёни маҳз ва таваҷҷуҳи хос ба лашкаркашиҳои Искандар, зӯри теғи ӯ, зӯри бозуи ӯ сарфи назар кардааст ва онро ба тариқи ниҳояти ихтисор ва феҳриствор “дар як варақ” баён намудааст. Диққат ва таваҷҷуҳи асосиро ба зӯри хирад, ақл, дониш, маонии ӯ равона кардааст.

Искандар ҳар ҷо, ки рафта, ҳама ӯро ихтиёрӣ ва ба хушӣ пазиро шудаанд. Ҳидоят кардани Хизр дар гуфтани достони Искандар ва дар он ҷо доштани сурушҳо (фариштаҳо, ваҳй), ҳотифон (ғайбдонон), пирони доно ва зоҳид низ гувоҳӣ бар он аст, ки барои муаллиф маҳз аз ҳамин ҷиҳат шахсияти қаҳрамон арзиш дорад.

Оина сохтани Искандар, афсӯс хӯрданаш аз куштани Доро, ҷонибдори дини дуруст буданаш, китобҳои форсӣ, ҳикмати мардумони дунёро гирд овардан, тарҷума кардан ва бурдани онҳо ба Юнон, майл ба шунидани афсонаву ҳикоят доштанаш, дар суроғи оби ҳайвон ба олами зулумот рафтани ӯ, ҷустуҷӯйи шаҳри ободе, ки ҳаргиз намирад дар ӯ ҳеч кас, сабақ гирифтанаш аз донишмандон, шунидани хирадномаҳои онҳо, муҳтоҷи дониши онҳо буданаш ва ниҳоят расидани ӯ ба пайғамбарӣ тасдиқ бар он қазия мебошад.

Ҳадафи аслии Низомии Ганҷавӣ аз офаридани чунин чеҳраи рӯҳонии Искандар таъкиди ду нуктаи бисёр муҳим мебошад: 1. Бақои давлат дар дониш ва маърифат мебошад; 2. Инсон миранда аст, давлату сарват, дороӣ гузаранда аст, ҷовидонӣ дониш ва маърифат аст.

Ормонӣ сохтани чеҳраи Искандари Мақдунӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ пеш аз Низомӣ оғоз гардида буд. Гумон меравад, ки дар ин табдили чеҳраи таърихии Искандар ба чеҳраи ормонӣ аз Юнон будани ӯ, аз сарзамине, ки дар Шарқ рамзи ҳикмат буд ва ҳикмати юнонӣ пайравони зиёде, мисли Форобӣ ва Ибни Сино дошт, омили асосӣ ва муассир буд. Низомӣ ва дигар шоирони форсигӯй чеҳраи Искандарро аз ин ҷиҳат барои офаридани тасвири ғояи шоҳи одил бештар муносиб ва мувофиқ донистаанд.


Зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ

ҚаблӣМероси шоир Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави шеърхо
БаъдӣИстиклолият муборак – Табрикот барои истиқлолият