Сиёсат ҳамчун санъат

Сиёсат ҳамчун санъат на танҳо талабгори дониш аст, балки қобилияти ба созиш омадан ва истифодаи фиреби сиёсӣ, инчунин истеъдоди аз паси худ бурда тавонистани оммаи мардум, ояндабинӣ намудани раванди ҳодисаҳои сиёсӣ, қобилияти дарк намудани равандҳои зудтағйирёбанда низ хосси санъати сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ, сиёсат на танҳо илм аст, балки санъат низ маҳсуб меёбад. Мутафаккирони Юнони қадим ҳанӯз дар асрҳои пеш аз милод сиёсатро ҳамчун санъат муаррифӣ намуда буданд. Ҳамчун санъат муаррифӣ шудани сиёсат дар санъати идора намудани давлат, санъати мубориза бурдан ва ба даст овардани ҳокимият, санъати таъмини тавозуни манфиатҳо, санъати дар ҳаёт амалӣ намудани мақсадҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва ғ. ифодаи худро меёбад. Ақидае вуҷуд дорад, ки сиёсат санъати имкониятҳо мебошад. Сарвари сиёсӣ дар фаъолияти худ бо сарчашмаҳои мавҷуда маҳдуд мегардад. Ӯ бояд мувофиқати қувваҳо, афкори умум, вазъияти маданияти сиёсӣ ва дигар омилҳои муҳимро ба назар гирад. Дар чунин ҳолат санъати сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки бо харҷи камтар ва талафоти камтар мақсадҳои бештар амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, санъати роҳбарии сиёсӣ низ дар фаҳмиши сиёсат нақши муҳим мебозад. Мазмун ва мундариҷаи роҳбарии сиёсӣ чунин омилҳоро дар бар мегирад:

  • қобилияти бо одамон кор карда тавонистан ва гӯш кардани арзу шикояти онҳо;
  • қобилияти дида тавонистани таносуби объект ва субъекти сиёсат;
  • коркард ва эҷодкорона ба роҳ мондани сиёсати илман асосноккардашуда дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо назардошти ҳадафҳои оянда ва нақшаи дурнамо;
  • муайян карда тавонистани шакл, усул ва воситаҳои фаъолияти сиёсие, ки бо ёрии онҳо ҳадафҳои дарпешгузошташуда амалӣ карда мешаванд;
  • қобилияти сарфаҳм рафтан ва дарк намудани рафторҳои мураккаби инсонӣ;
  • танзим намудан ва ба самти муайян равона кардани ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
  • муносибати оқилона ва эҷодкорона доштан бо интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳое, ки дар амалӣ шудани ҳадафҳо мусоидат менамоянд;
  • қобилияти хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ карда таво-нистан на танҳо аз муваффақиятҳо, балки аз камбудию норасоиҳо.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣСиёсат ҳамчун илм
БаъдӣВазифаҳо ва сохтори сиёсат