Мағзи сар – Магзи сар

Сохти магзи сар


Сохти мағзи сар. Мағзи сар дар холигии косахонаи сар ҷой гирифта, аз мағзи дарозрӯя, пулак, мағзча, мағзи миёна, мағзи мобайнӣ ва нимкураҳои калон иборат мебошад. Мағзи сар аз моддаҳои хокистарранг ва сафед иборат аст (расми 15). Моддаҳои хокистарранг аз ҳуҷайраҳои асаб – нейронҳо иборат буда, гурӯҳи нейронҳо дар дохили моддаи сафед дар як ҷой ҷамъ шуда, ядроҳоро ташкил мекунанд. Моддаи сафед роҳҳои гузаронандаро ҳосил намуда, қисмҳои мағзи сарро бо ҳам пайваст мекунад. Мавҷудияти ин роҳҳо пуррагии системаи марказии асабро таъмин мекунанд.

Сохти магзи сар

Сохти магзи сар
Расми 15. Сохти мағзи сар (аз ду тараф)

Вазифаи кисмхои магзи сар

Вазифаи қисмҳои мағзи сар. Мағзи дарозрӯя ва пулак давоми ҳароммағз буда, вазифаи рефлекторӣ ва гузаронандаро иҷро мекунад. Ин мағз сохти сегментарӣ надошта, аз гурӯҳи ядроҳо иборат аст. Дар ин ядроҳо марказҳои барои ҳаёт муҳим: нафаскашӣ, ҳозима, кори дилу рагҳо мавҷуданд. Дар ҳолати осеб дидани ин марказҳо ҳаёт дар зери хатар мемонад. Инчунин, ба ин мағз танзими фурӯбарӣ, хоидан, макидан, қайкунӣ ва сулфа алоқаманд аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мағзи дарозрӯя, пулак ва мағзи миёна дар якҷоягӣ танаи мағзи сарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 12 ҷуфт асабҳои косахонаи сар ва мағз мебароянд. Ин асабҳо мағзи сарро ба узвҳои ҳиссиёт, мушакҳо ва ғадудҳо мепайванданд. Як ҷуфти ин асаб (асаби гумроҳ) мағзи сарро бо узвҳои дохилӣ: дил, шуш, рӯдаҳо ва ғайра алоқаманд мекунад.

Мағзча яке аз таркибҳои мағзи сар ба ҳисоб рафта, дар равандҳои координатсия (ҳамоҳангкунӣ) ё ҳаракат иштирок мекунад. Дар ҳолати ғайримуқаррарӣ кор кардани мағзча қобилияти ҳаракатҳои дасту пой ва нигоҳ доштани мувозинати бадан вайрон мешавад. Чунин одамон риштаро ба сӯзан гузаронида наметавонанд, калавида роҳ мегарданд, мушакҳояшон беист ларзида меистанд, тез монда мешаванд ва ғайра.

Мағзи миёна таркиби бисёрядроӣ буда, ба мушакҳои устухон мунтазам импулсҳои асабро мефиристонад. Дар ин мағз чор теппа мавҷуд аст. Аз он ду теппаи пеш маркази якуми босира буда, ду теппаи пас маркази якуми сомеа ба шумор мераванд (расми 15). Мағзи мобайнӣ таркиби муҳимтарини мағзи сар мебошад. Қариб аз тамоми ретсепторҳо хабарҳо маҳз бо мағзи мобайнӣ ба қисми қишрии нимкураҳои калон дохил мешаванд. Инчунин, таркиби ин мағз аз ядроҳои сершумор иборат буда, онҳо кори узвҳои гуногуни дохилиро ба ҳам мувофиқ месозанд. Қисми зиёди рефлексҳои мураккаби ҳаракат ба монанди роҳгардӣ, давидан, шиноварӣ бо ин мағз алоқаманданд. Дар мағзи мобайнӣ инчунин, марказҳои танзими мубодилаи моддаҳо, хӯрокхӯрӣ, ташнагӣ, серӣ, гуруснагӣ, хоб ва танзими ҳарорат мавҷуд аст. Нейронҳои баъзе ядроҳои ин мағз танзими ҳуморалиро ба ҷо меоранд (расми 15).


Дониши худро санҷед:

  1. Магзи сар аз кадом кисмхо иборат аст?
  2. Магзи дарозруя ва пулак кадом вазифахоро ичро мекунанд?
  3. Магзча кадом вазифаро ичро мекунад?
  4. Магзхои миёна ва мобайни кадом вазифахоро ичро мекунанд?
  5. Кадом кисмхои магзи сари одам хеле хуб инкишоф ёфтаанд?6. Чадвали ичрокунии вазифахоро аз тарафи майнаи сар тартиб дихед.
ҚаблӣҲароммағз – Хароммагз
БаъдӣНимкураҳои калони мағзи сар