Хаёти сиёси (адабиёти асрхои 13-14).
Асрҳои XIII ва XIV дар таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Осиёи Хурд як давраи ноором ва фалокатбор маҳсуб мешуд. Саркардаи муғулон Чингизхон (1155-1227) қабилаҳои парокандаи муғулро ба ҳам муттаҳид намуд ва дар нимаи аввали асри XIII нахуст Хитойро гирифт ва сипас ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кард. Чингизхон дар таърихи башарият хунхортарин, ҷаллодтарин ва ғосибтарин сарлашкар гузаштааст. Ӯ бо лашкараш соли 1219 ба сарзамини биҳиштосои Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамла кард. Дар китобҳои таърихии ҳамон аср таърихнигорон дар бораи ҳуҷуми барқосои ин қотили гузаро маълумот додаанд. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар «Таърихи гузида» овардааст: «Харобӣ ва қатли оми муғулҳо чунон аст, ки агар ҳазор сол пас фоҷиае рух надиҳад ҳам, ҷаҳон ба ҳолати пеш аз он бар нахоҳад гашт».
Қатли ом дар шаҳрҳои сераҳолии Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Балх, Марв, Нисо, Нишопур, Сабзавор, Рай, Қазвин, Ҳамадон, Гурганҷ, Хоразм ва кишварҳои Русия, Қафқоз, Сурия, Ҳиндустон поён пазируфт. Кору рафтори чингизиёнро Атомалик Ҷувайнӣ, Ёқути Ҳамавӣ дар асарҳои худ воқеӣ ба қалам додаанд.
Амалиёти ваҳшиёнаи Чингизро Темури ланг (1336-1405) давом дод. Темур ҳам аз қабилаи муғулии барлос ба дунё омада, бо қотиливу хунхории худ машҳури дунё гардид ва номаш дар таърих бо хати сиёҳ сабт ёфт. Нахуст Темур сарвари дуздону авбошон гардид ва раиятро мекушту молу сарват ҷамъ мекард. Ӯ дар яке аз ин задухӯрдҳо дар Сиистон аз дасту по захм бардошт. Дасти хунхораш сиҳат ёфту пояш ланг гардид ва ҳамин тавр халқ калимаи «ланг»-ро ба номаш лоиқ донистанд ва пасон ин саркардаи хунхор бо номи Темури ланг машҳур гардид. Чунонки таърихнигорон овардаанд, Темури ланг дар баъзе мавридҳо аз Чингиз ҳам гузаронд ва дар ҳаққи фарзанди инсон ваҳшониятҳои бемисл нишон дод. Нахуст ваҳшониятро аз Сиистон оғоз кард. Ӯ шаҳрро ба харобазор табдил дод ва мардумро ба қатл расонд.
Академик Б. Ғафуров асарҳои таърихии гузаштагон ва ҳамасронашро омӯхта, дар бораи ваҳшонияти Темур дар китоби «Тоҷикон» маълумоти пурарзиш додааст.
Дар бораи ин ду ҷаллод чӣ дар ҳамон замон ва чӣ дар асрҳои пасин асарҳои зиёди илмӣ ва адабӣ иншо шудаанд, ки дар бештарашон симои ин ду сарлашкар воқеӣ ба қалам дода шудааст.
Аз рафтору кирдори онҳо хашму ғазаби раъият барафрӯхт. Мардони мардона барои ҳифзи диёр, истиқлоли кишвар, саодати мардум ба по хестанд. Намунаи беҳамтои ин муқовиматҳо қаҳрамонию ҷонфидоии мардуми Хуҷанд бо сарварии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик мебошад. Темурмалик барои истиқлоли диёр бо чингизиёни хунхор муборизаи шадид бурд, қаҳрамонии бемисл нишон дод ва оқибат дар роҳи озодӣ ҳалок гардид. Дар ин бора устод Айнӣ асари пурарзише бо номи «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»-ро эҷод кард, ки шумо дар синфи V онро мутолиа кардед ва аз мазмуни он огоҳед.
Оташи муборизаҳои озодихоҳӣ тамоман хомӯш нагардид. Дар асрҳои XIII ва XIV шӯришҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ироқ гоҳ-гоҳ сар мезаданд. Аммо чӣ метавон кард, ки ҷаллодон – Чингизу Темур дасти тавонову лашкари ҷаррори бешумор доштанд.





















