Табрикот барои иди Курбон (шеър, расм-картинка)

Дар ин саҳифа табрикот ва табрикнома, суханхои табрикоти ба Иди Курбон оварда мешавад. Иди Курбон муборак!

Эй, ки номат гашта зикри ҳар дами ҷону равонам,
Эй шифои дарди пинҳон, хуш расидӣ, хуш расидӣ!
Омадӣ чун моҳ тоза, теғ бар каф, ханда бар лаб,
Омадӣ эй Иди Қурбон! Хуш расидӣ, хуш расидӣ!

Дӯстони азиз, ҳамзабонони арҷманд! Шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон, ки иди имону имтиҳон, иди некӯиву эҳсон ва иди шикасти шайтон аст, аз таҳти дил табрик мекунам. Иди Қурбон муборак

Ба Шумо ва хонаводаи мӯҳтараматон ободиву осудагӣ, сарбаландиву тансиҳатиро таманно дорам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 

Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо фарорасии ҷашни муқаддаси Иди Курбон самимона табрик менамоем!
Бигузор ҷашни Иди Қурбон ба ҳар хонадон,ба ҳар оила шодмонӣ, ризоят ва осудаҳолӣ, сулҳу беҳбудӣ оварад! Иди Курбон муборак!

Шодӣ имрӯз аст меҳмони Шумо,
Ҳақ ҳамеша ҳофизи ҷони Шумо.
Бар Шумо табрик иди орифон
Ҷони моед, ҷон ба қурбони Шумо.

Иди Қурбон иди хайру файзу эҳсонкорӣ аст,
Як дуо аз баҳри арвоҳону дилбардорӣ аст.
Нозу неъматҳои бисёр дар сари хони ҳама,
Дасти мискинон гирифтан идди иззатдорӣ аст.


Иди Қурбон Муборак!!! Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо фарорасии Иди Қурбон табрик мегӯем. Бигзор Худованди бузург ба ҳамаатон беҳбудию саломатии қавӣ, хонаободӣ, дар корҳоятон муваффақиятҳои беназир ва сарбаландӣ ато намояд.

Иди Қурбон омаду дилҳои моро шод кард,
Як дуо бар сӯи Холиқ охират обод кард.
Домани хайрат кушои баҳри мискину фақир,
Аҷри он дони ки гӯи як ғулом озод кард.

Гар ятимеро дар ин рӯз шод гардони бидон,
Ҳамчу оне ки тавофи Каъба ин кори савоб.
Аз қатори ҷаннатиён гардад он ки хайр кард.
Ҷаннати гардад фақир бо додани як коса об.

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва суннати писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик намуда, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо, шодмониву хурсандӣ хоҳонем.

Иди Қурбон муборак!


Эй ки дар роҳи сафар бошӣ ба ту роҳи сафед,
Мунтазиранд хонадон баргаштанат бо сад умед.
Эй ғариб аз номи ту бар модари ҷонат салом,
Ид муборак, эй бародар, бар ту умри бардавом.

 

Ҳамватанони азиз!

Иди Қурбонро ба мардуми шарафманди кишвар табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоем.

Бо эҳтиром, Номи ширкат ё шахс.


ИН МАВОДРО НИЗ ХОНЕД >>

ҚаблӣЁфти дарозии хатти истиво (хатти экватор)
БаъдӣСанҷиши масоҳат. Воҳиди масоҳат