Ҷумлаи пайрави замон дар забони англисӣ (Time clause)

Ҷумлаи пайрави замон бо замони гузаштаи давомдор хеле фаровон истифода бурда мешавад. Чумлаи пайрави замонро дар забони англисӣ “Time clause” меноманд ва он бо сарҷумла ба воситаи пайвандаки “when” ҳамроҳ мегардад.

  1. We were playing chess when my mother came.
  2. When my mother came we were playing chess,

Ҳардуи он ҷумлаҳо ба тоҷикӣ як хел тарҷума мешаванд: Вақте, ки модарам омад, мо шоҳмотбозӣ карда истода будем.

Чӣ хеле ки аз мисолҳои боло аён аст, сарҷумла (we wre playing chess) ва ҷумлаи пайрав (when my mother came) метавонанд, ки ҷойҳои якдигарро иваз кунанд.

Агар мушоҳида карда бошед, дар он мисолҳо сарҷумла дар замони гузаштаи давомдор – “The past continuous tense” ва Ҷумлаи пайрав бошад, дар замони гузаштаи наздик – “The past indefinite tense” қарор дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мисолҳои дигар:

They were watching TV when I brought their books.

When a bad boy broke our window we were sleeping in the bedroom.

We were cleaning our flat when our neighbours washed their carpet.

When I was walking in the park I dropped my keys.

They hurt themselves while they were running quickly in the street.

Ashraf lost his lighter when he was coming home.

We changed our habits when we were living in America.

Дар ҳамаи мисолҳои боло сарҷумла дар замони гузаштаи давомдор ва ҷумлаи пайрав дар замони гузаштаи наздик қарор доранд. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки сарҷумла ва ҷумлаи пайрав дар замони якхела, яъне дар замони гузаштаи давомдор меоянд. Ҳамчунин дар баробари пайвандаки “when” пайвандаки “while” низ метавонад, ки ҷумлаи пайравро бо сарҷумла пайваст созад. “While” бо “when” як хел фахмида мешавад, яъне харду пайвандак “вақте ки” тарҷума мешаванд.

Мисолҳо:

I was fixing my car when my sister was washing her dress. Вақте, ки хохарам перохани худро шуста истода буд, ман мошинамро соз мекардам.

They were helping their father while we were bringing their spades. Вақте, ки мо белҳои онҳоро оварда истода будем, онҳо ба падарашон ёрӣ дода истода буданд.


Феълҳои модалӣ дар забони англисӣ инҷо мутоли намоед >>ФЕЪЛҲОИ МОДАЛӢ


Чумлаи пайрави замон дар забони англиси (Time clause)

ҚаблӣМодари Шофеӣ (ҳикоя дар бораи Имом Шофеӣ)
БаъдӣЗамони ояндаи номуайян – The future indefinite tense

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед