Шофеӣ шашсола буд, ки ба дабиристон мерафт ва модараш зоҳидае буд аз Бани Ҳошим, ки мардум амонат ба ӯ месупурданд.
Рӯзе ду кас омаданд ва ҷомадоне ба ӯ супориданд. Баъд аз соате яке аз он ду омад ва ҷомадон хост. Ба хуи хуш ба ӯ дод.
Баъд аз чанде он дигаре омад ва ҷомадон талабид.
Модари Шофеӣ гуфт: – Ба ёри ту додам.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Гуфт: – Магар на қарор кардем, ки то ҳарду ҳозир набошем, ҷомадон боз надиҳӣ?
Гуфт: – Бале.
Гуфт: – Акнун чаро додӣ?
Модари Шофеӣ малул шуд. Шофеӣ даромад ва гуфт: – Ҳеҷ боке нест. Муддаӣ куҷост, то ҷавоб гӯям?
Муддаӣ гуфт: – Манам!
Шофеӣ гуфт: – Ҷомадони ту барҷост. Бирав ва ёри худ биёвар ва биситон.