Ахмади Дониш

Ахмади Дониш асосгузори маорифпарвари дар Осиеи Миена, Ахмади Дониш тарчумаи хол >>


Аҳмад Махдуми Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир таваллуд шудааст.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш мегирад ва пас аз он дар мадраса мехонад.

Аҳмади Дониш тақрибан соли 1855 ҳамчун муҳандису меъмор дар дарбори Амир Насрулло ба кор оғоз мекунад. Ду бор ба Русия сафар кардааст. Баъдтар аз дарбор дур шуда байни солҳои 1875-1882 «Наводир-ул-вақоеъ»-ро менависад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар охирҳои соли 1873 Амир Музаффар ба Петербург боз ҳайати нави сафорати худро мефиристад. Аҳмади Дониш ба сифати сармуншии сафорат ва машваратчии элчӣ таъин мегардад. Баъди бозгашт аз Русия Аҳмади Дониш дар бораи давлатдорӣ, ислоҳоту тағйироти тарзи ҳукуматдории аморат рисолае менависад ва онро ба амир пешниҳод мекунад, вале амир онро рад менамояд.

Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб бо қарз як ҳуҷрае мехарад, то дар танҳоӣ корҳои адабиву илмиашро сомон диҳад.

Ӯ соли 1897 дар Бухоро аз олам чашм мепӯшад.

Аҳмади Дониш аз худ мероси бой ва гаронмояи илмиву адабие боқӣ гузоштааст, чун «Манозир-ул-кавокиб»1, «Рисола фӣ аъмол-ил-кура»2, «Табодули хамсаи мутаҳаййира», «Меъёрут-тадайюн», «Наводир-ул-вақоеъ»3, «Рисолаи таъ рихӣ», ашъори пароканда дар баёзҳо, дафтарҳои мусаввада.

Пайдо шудану рушд кардани ҳаракати маорифпарварӣ дар охири асри XIX дар Бухоро ба номи Аҳмади Дониш мансуб аст.


  1. «Манозир–ул–кавокиб» – манзараҳои ситораҳо.
  2. «Рисола фӣ аъмол–ил–кура» – рисола дар бораи амалиёт бо кура.
  3. «Наводир–ул–вақоеъ» – воқеаҳои нодир.

Аҳмади Дониш – ислоҳотхоҳ, маорифпарвар


Шархи холи, зиндагиномаи Ахмади Дониш, бигорафия на таджикском языке, бо забони точики, Ахмад Дониш маорифпарвар.

ҚаблӣНозими Ҳиротӣ
БаъдӣЗиндагиномаи Абулкосим Лохути