Қоидаҳои таҳкунии сачоқчаҳо

Коидахои тахкунии сачокчахо.


1. Бодбезакшакл. Сачоқро дуқат карда, тарафи росташро рӯ кунед ва аз як нӯгаш гирифта ба тарзи чин-чин 5-6 қат кунед, боқимондаашро баръакс, яъне нӯги дигарашро ба тарафи чап чин-чин қат карда ба рӯйи табақча гузоред.


2. Мушакшакл (ракеташакл). Сачоқчаро дуқат кунед. Баъд тарафи росташро рӯ карда, ба тарафи дарун ба шакли секунҷа аз нуқтаи А ва Б ба О қат кунед ва онро рост ба рӯйи табақча гузоред.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3. Бодбоншакл. Сачоқчаро ба гирди даст ва ангуштон қифшакл давр занонда, баъд қисми поёнашро ба боло қат карда ба табақча гузоред.


4. Шамъшакл. Сачоқчаро ба шакли секунҷа қат карда нуқтаи АВС ҳосил кунед ва нуқтаи В-ро то ГГ1 қат карда ба тарафи ростшуда печонед, баъд нӯги тези онро ба пеш нигаронида рост гузоред.


5. Пӯпакшакл. Сачоқчаро чорқат карда, як қаташро ба шакли секунҷа таҳ кунед.


6. Қандшакл. Сачоқчаро чоркунҷа карда, ду нӯгашро қат кунед.


7. Секунҷашакл. Сачоқчаро чоркунҷа карда, як нӯгашро аз нуқтаи В ба шакли секунҷа меорем.


Ороиши дастархон >>

ҚаблӣОроиши дастархон
БаъдӣОроиши дастархони идона