Марҳалаҳои инкишофи коллектив

Мархалахои инкишофи коллектив


Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд.

Марҳалаи аввал. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии коллектив ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз ҷониби тарбиятгарон, муаллимон ва маъмурияти мактаб гузошта мешавад, ки ҳамаи он барқароркунии тартибу интизоми дохилимактабиро талаб мекунад. Сипас мақсади марбуте, ки дурнамои (перспективаи) ҳаётии гурӯҳро ифода мекунад, баррасӣ мегардад. Дурнамо наздик, миёна ва дур мешавад. Барои ин марҳала аввало пешниҳоди дурнамои наздик ва миёна ба талаб мувофиқ аст. Тавассути ин дурнамоҳо муаллим шавқу рағбат, ташаббус эҷодкории ҳар якеро таҳти мушоҳида қарор медиҳад.

Албатта, талаботи педагогӣ бояд ба қобилияти иҷрокунандагон мувофиқат кунад ва аз тарафи онҳо дастгирӣ ёбад. ҳангоми иҷрои талаботҳо фаъолон муаяйн карда мешаванд.

Марҳалаи дуввум. Дар ин марҳала нақши муҳимро фаъолони гурӯҳ мебозанд. Чунки тавассути онҳо иттиҳоди тарбиявӣ рӯ ба ташаккул меёбад. Акнун фаъолон ба аъзоёни худ нисбати риоя намудани муқаррарот ва меъёрҳои рафтор талабҳо мегузоранд, яъне ба худидоракунӣ моил мегарданд. Фаъолон ҳамчун ташкилотчиёни ҳамаи паҳлӯҳои фаъолият баромад мекунанд, ки ин аз масъулиятшиносии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар ин марҳала фаъолияти амалии тамоми аъзоён афзоиш меёбад ва пай дар пай мураккаб шудан мегирад. Алалхусус гурӯҳе, ки дар марҳалаи аввал супоришҳоро аз муаллим мегирифт, акнун супоришҳоро аз фаъолон мегирад, мустақилона амал карда, нақшаҳо тартиб медиҳад ва корҳои гуногуни тарбиявиро ӯҳда мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Марҳалаи саввум. Дар ин марҳала коллективи тарбиявии бачагона комилан ташаккул меёбад ва ба корҳои таълимию тарбиявии муаллим мададрасон мегардад. Коллектив дорои корҳои амалӣ гашта, ба худидоракунӣ ва тарбияи муфиди аъзоёни худ қодир мешавад. Дар ин марҳала вазифаҳои асосии муаллим аз дуруст раҳнамоӣ кардан иборат аст. Талаботи педагогие, ки аввалҳо аз берун дода мешуд, кунун бо салоҳият ва қобилияти худи коллектив аз дохили он гузошта мешавад. Дар ин давр иттиҳод сифати худмуйяанкуниро мегирад – мақсадҳои хусусӣ ва умумиро мустақилона кор карда мебарояд.

ҚаблӣКоллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн
БаъдӣСохтори колективи мактабиён ва методҳои ташкилии он